logo

иҷтимоиёт

МЕҲРПАРВАР. МУЛОҲИЗАҲОЕ ЧАНД ДАР БОРАИ ПРОФЕССОР Х. АСОЗОДА

Олими пурмаҳсул Худойназар Асозода, давомдиҳандаи мактаби илмиву адабии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Соҳиб Табаров ба шумор меравад. Вай нозукиҳои илм, усулҳои таҳқиқ, тарзи таҳлил, навишти хотира ва муносибат ба осори илмиро аз ин олими нуктасанҷу донишманд аз бар карда буд. Таҳти роҳбарии ӯ рисолаи номзадӣ дифоъ намуд ва ҳамроҳ солҳои зиёд ба сифати омӯзгор дар кафедраи адабиёти муосири тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кору фаъолият карданд. Гарчанде рисолаи доктории ӯ дар шаҳри Маскав ҳимоя шуда бошад ҳам, зери назари устод Соҳиб Табаров ба анҷом расида, маслиҳатҳои вай сатҳу сифати рисолаи илмиро боз ҳам беҳтар сохта буд. 
Ҳангоми дар Афғонистон фаъолият кардани Х. Асозода ин ду чеҳраи илмӣ бо ҳамдигар мукотиба намуда, дар номаҳояшон бештар оид ба адабиёти дарии  Афғонистон изҳори андеша мекарданд. Мо ба қисме аз ин номаҳо ҳангоми суҳбатҳои илмӣ дар хонаи устод Соҳиб Табаров шинос шуда будем. Муаллим онҳоро бо як руҳбаландӣ дар ҳузурамон қироат намуда, хушҳолӣ аз он мекард, ки шогирдаш дар хориҷи мамлакат ба таҳқиқи насри бадеии даризабонони Афғонистон машғул аст ва дар ин мавзуъ аз вай маслиҳат мепурсад. Дар якчанд нома устод ба шогирдаш ишора мекард, ки насри дарӣ қонунмандиҳои хос дорад ва муҳаққиқи ҷавон бояд онҳоро амиқ омӯзад ва доир ба баъзе хусусиятҳои услубиву бадеии онҳо назару андешаҳояшро баён намояд (то ҳол ин номаҳо дар дасти Олимҷон Табаров, ҷияни устод С.Табаров ва қисми дигараш дар хонаи шодравон Х. Асозода маҳфуз мебошанд. - А. Р.). Дар асоси ин ишораҳои устоди сахтгиру серталаб Х. Асозода ба омӯзиши насри бадеии Афғонистон ҷиддӣ машғул шуда, баъдҳо на танҳо рисолаи докторӣ навишт, балки якчанд таҳқиқоти илмӣ низ интишор намуд, ки дар адабиётшиносӣ ва шарқшиносии муосир дастовардҳои нав ба ҳисоб мерафтанд. Китобу рисолаҳои “Нигорише ба насри муосири Афғонистон”, “Рушди жанрҳои насри дарӣ” (ба забони русӣ), “Ташаккули низоми жанрҳои насри дарӣ” (ба забони русӣ) “Адабиёти садаи ХХ тоҷик”, “Адабиёти Эрон дар садаи ХХ”, “Содиқ Хидоят ва дунёи эҷодии ӯ” аз ҳамин қабиланд. 
Дар рисолаҳои фавқуззикр Х. Асозода бори аввал дар адабиётшиносии тоҷик  кӯшидааст, таҳаввул ва ташаккули насри дариро аз охири асри ХIХ то солҳои 80 - уми асри ХХ баррасӣ намояд ва ба фаъолияти эҷодии адибони даризабон воқеъбинона баҳогузорӣ созад. Вай аз насри ҳакимонаи Маҳмуди Тарзӣ, Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ шуруъ карда, ба маҳорат ва ҳунари нависандагоне, амсоли Асадулло Ҳабиб, Раҳнаварди Зарёб, Испужмайи Зарёб, Нурмуҳаммади Таракӣ, Солеҳ Муҳаммад Регистонӣ,  Абдураҳмони Пажвок, ва дигарон маълумот дода, зиндагинома ва ҷустуҷӯҳои эҷодии онҳоро бо тарзи муқоисавию таҳлилӣ мавриди пажӯҳиш қарор додааст. 
Ҳамин гуна амали шоистаро вай доир ба рушди адабиёти форсӣ ба анҷом расонда, таҳаввул ва ташаккули  адабиёти Эронро дар асри ХХ таҳқиқ карда, доир ба чеҳраҳои барҷастаи адабиёти мазкур маълумоти филологӣ пешниҳод намудааст. Ӯ ба густариши се шохаи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ, дарӣ ва форсӣ бо ин роҳ баҳои воқеӣ дода, қаробату наздикӣ доштани се адабиёти барҷастаро мавриди пажӯҳиш қарор додааст. Мунаққиди пухтакор, инчунин,  баҳамоӣ, таъсиррасонӣ ва пайванди ногусастании се адабиётро муайян карда, нақши адибон ва осори гаронбаҳои онҳоро дар рушди адабиёти тоҷик арзишманд донистааст. Дар асарҳои мазкур таъсири адабӣ, ташаккули жанрҳои насрӣ, таҳаввули сабку услуб, баҳамоии андешаҳои эҷодӣ, қувват гирифтани тасвирҳои равонӣ ва шаклгирии достонҳои кӯтоҳ дар се ҳавзаи адабӣ таҳқиқ шуда, таҳкими равобити адабӣ бо мисолҳои мушаххас мавриди пажӯҳиш қарор гирифтааст.
Дар таҳияи китобҳои дарсӣ ва барномаҳои таълимӣ низ устод Х. Асозода заҳмати зиёде кашиданд. Мо ҳамроҳ бо устод “Барномаи таърихи адабиёти тоҷики садаи ХХ”- ро омода кардем. Муаллим ҳангоми таълифи давраҳои адабӣ ва шахсиятҳои эҷодӣ талаб мекарданд, ки сарчашмаҳои илмиро аз мадди назар дур насозам ва баъди мутолиаи онҳо доир ба тарҷумаи ҳол ва фаъолияти адабии нависандагону шоирони муосир маълумот омода намоям. Мавридҳое мешуд, ки сари баъзе матлаб баҳс ҳам мекардем. Устод бо камоли кордонӣ ва маҳорати баланди эҷодкорӣ матолиби нав талаб мекарданд. Ман дар китобхона бо сарчашмаҳои иловагӣ шинос шуда, матнро дуюмбора аз нав навишта, барои мувофиқа ба устод пешниҳод менамудам ва ӯ баъди хондан иловаҳои хешро ҳамроҳ карда, барои аз нав таҳия кардан ба ман бармегардонид. Мо бо чунин усул чанд маротиба барномаи таълимиро аз нав таҳрир карда, барои муҳокима ба кафедра пешниҳод намудем. Барномаи мазкур баъди мутолиаи устодони кафедра ва донишмандони шуъбаи адабиёти муосири тоҷики Институти забон ва адабиёти тоҷики Академияи миллии илмҳо ба  чоп тавсия шуд ва интишор гардид. Хушбахтона, қариб  понздаҳ сол аст, ки донишҷӯёни факултаи филологияи тоҷик ва шарқшиносии Донишгоҳи миллӣ аз рӯйи ин барнома давраҳои адабиёти муосири тоҷикро аз бар менамоянд. 
 Дар ҳақиқат, ҳамкорӣ бо устод Х. Асозода ба кас имкон медод, ки зиёд мутолиа кунад, осори адабиро ҷиддӣ омӯзад ва аз ҷузъиёти  асари бадеӣ огаҳии пурра пайдо намояд. Ӯ ба ман тарзи дурусти қабули адабиёти бадеиро омӯзонда буд. Ман ҳангоми омӯзгорӣ бо ин шеваю усул аз шогирдон адабиёти бадеӣ қабул мекардам. Баъзе шогирдони закӣ ва донишмандам то ҳол дар куҷое, ки бо ман рӯ ба рӯ шаванд, давраи донишҷӯияшонро ёд мекунанд. Мо низ аз баракати устоди сахтгир Х. Асозода ин анъанаро идома дода, дар дили донишҷӯён ҳисси муҳаббат ба китоб ва мутолиаи осори адабиро ҷой карда будем. 
Устод Х. Асозода ба сифати муаллифи китоби дарсӣ низ шуҳрат пайдо карда буданд. Ба қалами вай китобҳои  “Адабиёти тоҷик дар асри ХХ” (1999), “Забон ва адабиёти тоҷик”, “Таърихи адабиёти тоҷик” (давраи нав) тааллуқ доранд. Ин китобҳо имрӯз дар факултаҳои филологӣ ба сифати маводи таълимӣ ва китоби дарсӣ истифода шуда, ҳар кадом бо сабку услуби хос таълиф шудаанд ва барои омӯзиши ин давраи адабиёти муосири тоҷик маводи фаровон пешниҳод менамоянд. Дар таҳияи ин китобҳои дарсӣ устод заҳмати зиёд кашиданд ва маводи фаровони илмиро истифода карданд. Вай ба хонанда ҳар як адиби тоҷикро ба таври шоиста муаррифӣ карда, доир ба фаъолияти адабии ӯ маълумоти фаровон пешниҳод намудааст. Бо ин китобҳои дарсӣ ӯ номи худро барои дӯстдорони сухан ҷовидона гардонда, ҳар кадом аз маҳорати педагогии олими шинохта дарак медиҳанд.
Х. Асозода дар таҳқиқи осори адибони шинохта, аз ҷумла С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ ва С. Улуғзода ҳам, заҳмати зиёде кашиданд. Вай доир ба ин се чеҳраи бузурги адабӣ рисолаҳои алоҳида навишта, ба зиндагиномаи адибон як қатор ахбори навро илова намуд. Муҳаққиқ дар таълифи асарҳои илмии мазкур усули таҳқиқи таърихиву муқоисавиро интихоб карда, дар асоси ҳуҷҷатҳои мустанад ва хотироти шахсиятҳои барҷаста назару андешаҳои хешро дар бораи  маҳорати эҷодӣ ва хидмати шоистаи онҳо дар рушди адабиёти муосири тоҷик ҷамъбаст кардааст. Рисолаҳои ӯ “Устод Айнӣ дар шинохти С. Улуғзода”, “Иловаҳо ба шарҳи ҳоли устод Айнӣ”, ”Воқеият, сиёсат ва С. Айнӣ”, ”Зиндагинома ва осори С. Айнӣ”,  “С. Айнӣ дар миён ҳастанд ва хоҳанд монд”, “Чеҳраҳои адабӣ ва фарҳангӣ”, ”Саргузашти А. Лоҳутӣ”,  “Абулқосим Фирдавсӣ дар шинохти С. Улуғзода”, “Сотим Улуғзода ва фоҷиаи ӯ” аз ҳамин қабил буда, ҳар кадом дар омӯзиши зиндагӣ ва осори ин адибони шинохта саҳифаи нав ба ҳисоб мераванд.
Х. Асозода дар охири давраи ҳаёти хеш дар асоси таъкидҳои устодаш С. Табаров ба навиштани хотирот оғоз намуда, бо номи “Достони зиндагӣ” (2006 -2013) дар бораи ҳаёт ва фаъолияти кории хеш, ҳамкорон, шогирдон, дӯстон, адибони шинохтаи тоҷик ёддошти ҷолибе таълиф кардааст.  Се қисми он дар давраи зиндагии олим аз чоп баромада буд. Дар асари ёддоштии мазкур Х. Асозода доир ба бисёр чорабиниҳои илмиву фарҳангие, ки дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе баргузор гардида буданд, маълумот дода, аҳамияти онҳоро дар рушди илму маданият шарҳу тавзеҳ додаанд. Дар ин китоб, инчунин, оид ба хислатҳои неки шахсиятҳои маъруфи адабӣ нақлҳои ҷолибе ҷой дода шуданд, ки аксарашон аҳамияти тарбиявӣ доранд.
Ба сифати омӯзгор ва роҳбари илмӣ низ маҳбубият пайдо намуда буд. Донишҷӯёну аспирантон ӯро дӯст медоштанд ва эҳтиром мекарданд. Вай ниҳоят серталаб буд. Бо хислатҳои неку ҳамидааш ӯро ҳамкасбону ҳамкоронаш дар Донишгоҳи миллӣ ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки кору фаъолият кардааст, қадр мекарданд. Ба вай чун устод муроҷиат мекарданд ва шахсияташро эҳтиром менамуданд. 
Дарсҳояш низ ҷолиб буданд. Вай бо тайёрӣ ба дарс меомад ва дарс-лексияҳояш шавқовар мегузаштанд. Ҳамеша бо нармию хушмуомилагӣ миёни донишҷӯён маҳбубият дошт. Дар вақти сарвари Донишгоҳи омӯзгорӣ, факулта ва мудири кафедра буданашон низ бо тобеон муносибати некбинона доштанд ва бо хислатҳои неки инсондӯстонаашон маҳбуби ҳамагон гардида буданд. 
Бешак, устод Худойназар Асозода бо дунёи меҳрпарвари худ дили садҳо нафарро тасхир карда, аз хеш мероси гаронбаҳо ва одамияти бузургро ба мерос гузоштаанд. Ёди устоди донишманд гиромӣ бод!
 
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
доктори илмҳои филология, академики 
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2022    №: 10    Мутолиа карданд: 561
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед