logo

иҷтимоиёт

ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ МАРДӢ…

Чанде қабл ба идораи Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» марде омад, ки дар даст панҷ асо дошт. Ӯ суроғ мекард, ки кӣ дар хона модару падар, бибию бобо ё ягон наздики барҷомонда дорад, то ба вай як асо ҳадия кунад. 
Ин амали ғайриодӣ таваҷҷуҳамро ҷалб кард ва бо вай ҳамсуҳбат шудам. Дар ҷараёни суҳбати гарму самимӣ маълум гардид, ки Ҳамроқул Қурбонови 70-сола аз ноҳияи Шаҳринав будааст. Ин марди хайрхоҳ асоҳоро ба пироне, ки ба ин такягоҳ ниёз доранд, сохтаву ройгон тақдим менамудааст. 
- Нафақхӯрам. Маблағи нафақаро гирифта, оҳан, равшанидиҳанда харида асо месозам. То қадри имкон дар шаҳрҳои Турсунзодаю Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав ба пиронсолон асо тақдим намуда, дуои хайр гирифтам. Илова бар ин, ба ҳар як минтақаи кишвар Рашт, Кӯлоб, Хатлону Суғд ва Бадахшон яктоӣ фиристодам. Ният дорам, ки даҳ асои дигар ба хонаи пиронсолони шаҳри Душанбе тақдим намоям, - гуфт Ҳамроқул Қурбонов.
Ӯ мегӯяд, ки модарашро 17 сол дар бистари беморӣ нигоҳубин кардааст. «Имрӯз мебинам баъзе солхӯрдаҳоро, ки муҳтоҷи навозиши фарзандонанд. Вале фарзандоне, ки  бо меҳру муҳаббат ва умед ба воя расондаанд, ҳатто ба аёдаташон намеоянд. Инҳоро мебинаму аламам мекунад». 
Ҳамроқул Қурбонов то ба нафақа баромадан дар заводи арзизи тоҷик (Ширкати Алюминийи Тоҷик) фаъолият намудааст. Ихтироъкориро меписандад. - Пас аз баромадан ба нафақа фикр кардам коре анҷом диҳам, ки ба нафъи ҷомеа бошад.
Сохтани асо ба сарам омад. Шукр, ки заррае ҳам бошад, фоидаам ба ҷамъият мерасад. То ҳол 71 асо сохта ба ниёзмандон тақдим кардам. Умр вафо кунад, ин амалро идома медиҳам, - иброз дошт Ҳамроқул Қурбонов. 
Ин марди наҷиб соҳиби 5 фарзанд (як писару чор духтар) ва 13 набера мебошад.
 
М. БАҲРОМ,  «Ҷумҳурият»   


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2022    №: 10    Мутолиа карданд: 554
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед