logo

иҷтимоиёт

АМИТ. ЯК СОЛИ ПУРБАРОР

Соли 2021 барои мардуми сарбаланди мо таърихӣ ва фаромӯшнашуданӣ буд, хоса барои олимони Академияи миллии илмҳои кишвар. Донишмандони ин даргоҳ 70 - солагии таъсисёбии АМИТ - ро, ки бо 30 - солагии Ҷашни фархундаи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон рост омад, бо як силсила дастовардҳои барои  рушди минбаъдаи кишвар муҳим, пешвоз гирифтанд. 18 патент ва 21 қарори мусбат оид ба гирифтани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироотро метавон аз ҷумлаи ин дастовардҳо арзёбӣ кард. АМИТ ин муддат, ҳамчунин, 26 коркард ва тавсияҳои олимонро барои  истифода дар истеҳсолот пешниҳод намуд. 
Ин нуқта дар ҷаласаи умумии солонаи АМИТ, ки бо иштироки доираи васеи олимони соҳаҳои гуногун баргузор шуд, таъкид гардид. Фарҳод Раҳимӣ оид ба натиҷаҳои асосии фаъолияти илмиву ташкилии АМИТ ҳисобот дода, аз ҷумла гуфт: «Соли 2021 фаъолияти олимони Академияи миллии илмҳои кишвар ба иҷрои  68 мавзуи  илмӣ - таҳқиқотии бунёдӣ, 15  амалӣ, 28 бунёдӣ - амалӣ ва коркарди 40  технология аз рӯйи самтҳои афзалиятдоштаи илмҳои дақиқ,  табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ, 15 лоиҳаи инноватсионӣ, ҳамчунин, ба беҳтар намудани ҳамоҳангсозии корҳои  илмиву таҳқиқотӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос,  ҷустуҷӯйи манбаъҳои ғайрибуҷетии  маблағгузории таҳқиқотӣ равона  шуд».
Масрур Абдуллозода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, зимни суханронии хеш нақши илмро дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт муҳим арзёбӣ намуд. «Илм имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мақоми хосса дорад. Давлат ва Ҳукумати кишвар  ба илм чун  омили пешбарандаи ҷамъият ва  ба олим ҳамчун сарвати бебаҳои  ақлонӣ нигариста, барои ривоҷу равнақи минбаъдаи он ва  беҳтар намудани шароити иҷтимоии олимон чораҳои зарурӣ меандешад», - иброз дошт мавсуф. 
Таъкид гардид, ки соли 2021  вобаста ба  масъалаҳои барои илм ва рушди минбаъдаи ҷомеа муҳим дар АМИТ беш аз 80 чорабинии илмӣ,  аз ҷумла  симпозиумҳову конференсияҳои илмии байналмилалӣ,   баргузор шуд. Симпозиуми илмии байналмилалии «Тоҷикистон дар масири таърих, истиқлолият, дастовард ва дурнамо» бахшида ба 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  аз  муҳимтарини онҳо мебошад.                   
 - Сарфи назар аз душвориҳое, ки бемории COVID-19  ба сари мардуми сайёра, аз ҷумла ба кишвари мо овард, тавонистем олимони зиёдро аз кишварҳои ҳамсоя ва хориҷи дур ба симпозиумҳои илмӣ  ҷалб намоем. Ҳар як симпозиум  ба баёнияе, ки барои рушди минбаъдаи илм муосидат менамояд, анҷом ёфт, - афзуд Ф. Раҳимӣ.
Ин муддат аз ҷониби кормандони  муассисаҳои илмии АМИТ беш аз  4 911 (як сол қабл ин нишондод ба 3500 баробар буд) корҳои илмӣ нашр гардид. Аз ин шумора 310 мақола дар маҷаллаҳои хориҷӣ ба нашр  расид. 
Бо мақсади  таҳкими заминаи моддӣ – техникии муассисаҳои илмии АМИТ ба маблағи беш аз 3 миллиону 910 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти лабораторӣ ва дигар лавозимоти коргузорӣ,  маводи гуногуни кимиёвӣ  харид ва дастраси  муассисаҳои илмӣ гардид. 
Фаъолияти Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраев хуб арзёбӣ шуд. Зикр гардид, ки олимони Институт, аз ҷумла мавзуъҳои «Баҳои суммаҳои омехтаи тригонометрӣ ва татбиқи онҳо дар назария нулҳои қатораҳои махсуси Дирихле» ва «Баҳои спектр ва ҳалшавандагии масъалаҳои вариатсионӣ барои операторҳои эллиптикии таназзул-ёбандаи бо ёрии шаклҳои якунимхатии ғайрикоэрситивӣ тавлидшуда» - ро таҳқиқ намуда, ба натиҷаҳои назарраси илмӣ ноил гардиданд. 
Олимони  Институти астрофизика бошанд, ин муддат таҳқиқи комплекси астероидию метеоридии Канкридҳоро идома дода, 6 астероиди аз рӯйи мадори кометамонанд ҳаракаткунанда ва эҳтимол ба ҳамин комплекс тааллуқдоштаро муайян намудаанд. 
Институти физикаю техникаи ба номи С. Умаров дар соли 2021 ҳамчун ташкилоти базавии  давлатҳои узви ИДМ дар  соҳаи омода намудани кадрҳои илмии  физикаю техника эълон гардид. Акнун Институт дар ин самт ягона маркази базавӣ дар  кишварҳои ИДМ мебошад. Олимони ин даргоҳ омӯзиши нурҳои кайҳонро дар пойгоҳи илмии омӯзиши нурҳои кайҳонии мавзеи Помир - Чакалтой идома доданд. «Муҳим он аст, ки  мо дар ин самт тавонистем ҷавононеро тарбия намоем, ки  дар соҳаи  омӯзиши нурҳои кайҳонӣ на танҳо дониши хуб доранд, балки масъулиятшинос низ мебошанд. Онҳо соли ҳаштум аст, ки  мустақилона дар ин пойгоҳи илмии аҳамияти ҷаҳонидошта пажӯҳиш анҷом медиҳанд, ки натиҷаҳои он хуб арзёбӣ мегарданд», - таъкид намуд перзиденти АМИТ. Олимони Институт, ҳамчунин, дар самти физикаи назариявӣ  таҳқиқот гузаронда, натиҷаҳои арзишманд ба даст оварданд. 
Муҳаққиқони Институти химияи ба номи В. И. Никитин маъданҳои фосфордори кони Риватро таҳқиқ намуданд. Натиҷаҳои таҳқиқ аз ҷониби Ҳукумати кишвар дастгирӣ ёфта, барои  сохтани корхонаи хурди истеҳсоли нуриҳои фосфордор ба мутасаддиён супориши мушаххас дода шуд. Ҳоло дар кишвари мо 5 мавзеъ маъдани зиёди фосфорит дорад, ки ҳар яки он метавонад солҳои тулонӣ  хоҷагиҳои деҳқониро бо  нуриҳои фосфорӣ таъмин намояд. Аз ҷониби олимон таъсири ин фосфоритҳои ба ҷараёни сабзиши рустаниҳо  омӯхта шуд. Интизор меравад дар асоси ин коркарди олимон ояндаи наздик корхонаи азими саноатӣ сохта мавриди истифода қарор бигирад. Ҳамчунин, интизор меравад, ки имсол дар  асоси коркардҳои олимони Институт истеҳсоли се  навъи дору ба роҳ монда шавад.
Фаъолияти олимони соҳаи саратон-шиносӣ низ хуб арзёбӣ шуд. Таъкид гардид, ки соли равон пизишкон  бори аввал дар кишвар амалиёти ҷарроҳии саратони буғуми косу ронро бобарор анҷом доданд. Онҳо бори нахуст буғуми косу ронро бо роҳи ҷарроҳӣ пурра ба буғуми сунъӣ иваз намуданд. Ҳоло олимон дар самти муосири молекулярии гинетикии  саратони ирсии ғадуди ширӣ ва тухмдонҳо корҳои таҳқиқотӣ мебаранд, ки хеле хуб ҷараён дорад.
Маркази антропологияи назди  АМИТ бори аввал дар таърихи таҳқиқоти антропологӣ бо мақсади муайян намудани мавқеи антропология дар системаи илм класификатсияи пурраи илмҳоро пешниҳод намуд, ки ин барои илм ва ҳам олимон муҳим арзёбӣ мешавад. 
Дар Маркази мероси хаттии назди АМИТ низ ин муддат корҳои зиёде анҷом пазируфтанд. Ходимони марказ,  аз ҷумла феҳристи осори Ҷалолиддини Балхиро,  барои  ворид намудан ба феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО омода карданд. Тарҷума ва дар як китоб ба чоп расидани асари калонҳаҷми Абуалӣ ибни Сино - «Қонуни тиб» аз дастовардҳои дигари  марказ мебошад.
Дар маҷмуъ, фаъолияти институтҳои геология, таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, иқтисодиёт ва демография, фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов, забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва марказҳои дигари илмии АМИТ низ хуб арзёбӣ гардид.
Ҳамзамон, пайвасти илм бо истеҳсолот аз мушкили асосӣ арзёбӣ шуд. 
- Бо  мақсади  пайвастани илм бо истеҳ-солот шуъбаи татбиқи илм дар истеҳсолот таъсис ёфт. Шуъба қариб бо тамоми корхонаҳои саноатӣ  ва истеҳсолкунандаҳои ватанӣ шартномаи ҳамкорӣ  ба имзо расонд, ки бовар дорем натиҷаи хуб ба бор меорад, - зикр шуд дар ҷаласа.
10 самти афзалиятнок  барои фаъолияти минбаъдаи олимон муайян ва бо қарори Ҳукумати кишвар тасдиқ гардидааст, ки  олимони АМИТ минбаъд низ корҳои  илмиву таҳқиқотиро дар доираи ин самтҳо вусъат  бахшида, баҳри рушди  иқтисодии миллии кишвар   саҳм мегузоранд.
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2022    №: 10    Мутолиа карданд: 551
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед