logo

фарҳанг

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». ОЗМУНЕ, КИ ДАРИ ГАНҶИНАҲОРО БОЗ МЕСОЗАД

 
Бузургон китобро манбаи дониш, тавоноӣ ва роҳи пешрафту музаффарияти инсон ба қалам додаанд. Шахсе, ки бештар китоб мехонад, сатҳи дониш ва сухандонию нутқаш баланд мегардад. Бе хондани китоб ба ҷаҳони илму маърифат пайвастан ғайриимкон аст. Гузаштагони мо аз қадим китобро азиз дошта, онро устоди бемузду миннат меҳисобиданд. Аз ин ҷост, ки давлату Ҳукумати кишвар, бавижа Пешвои муаззами миллат, ба китобхонии наврасон чун заминаи асосии хушбахтию пешрафт эътибори ҷиддӣ дода, дар ин самт иқдомҳои бунёдӣ  пеш гирифтанд. Ба роҳ монда шудани Озмуни ҷумҳуриявии  «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тадбирест, ки дари ганҷинаҳои нуҳуфтаи маънавиётро ба рӯи насли нав боз месозад. 
Зеро солҳои охир бо сабаби рушди технологияи навин  зиёд шоҳиди муносибати бепарвоёнаи волидону омӯзгорон нисбат ба сатҳи китобхонии мактаббачагон мегардем. Қариб ҳеҷ кас аз наврасон намепурсад, ки кадом асари бадеиро мутолиа намуд. Вазъ то ба ҷое расид, ки хонанда, ҳатто, китобҳои машҳури олами илму адабро ном гирифта наметавонист, чи расад ба хондани он.  Бинобар ин, ҷорӣ гардидани озмуни мазкур дар саросари ҷумҳурӣ, бо мукофотҳои баланди ҳавасмандӣ сарфароз гардондани иштирокдорон дилҳои яхбастаи китобхониро об намуд. Инак, соли сеюми озмун ҷамъбаст гардид. Баробари ғолибон қариб кулли иштирокдорон бо мукофоту ифтихорномаҳо қадр шуданд. Бовар дорам, ки хароҷоти озмун баъди ба кору фаъолият даст задании ғолибони соҳибистеъдоди он даҳчанд ба давлат бармегардад. Ин озмун барои рушди баркамоли маънавии насли нав заминаи бениҳоят бузургро гузошт. Ин қадар китобе, ки иштирокдорони озмун хонданд, ба вусъати тафаккур ва болоравии фаҳму дарки онҳо такони ҷиддӣ мебахшад. Тавассути мутолиаи асари бадеӣ баду неки зиндагиро дарк менамоянд. Ҳамчунин, аз ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва кирдорҳои номатлуб канораҷӯйӣ мешавад. Зеро китоб, пеш аз ҳама, касро намегузорад, ки ба амалҳои зараровар даст зада, оворагард шавад. Гузашта аз ин, пайвастагӣ ба китоб дар дили кас меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан, муқаддасоти миллӣ ва эҳтиром намудани падару модар ва арзишҳои миллиро бештар месозад.
Ҳоло баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба маъракаи ҳамагонӣ табдил ёфта истодааст. Ҳамасола фикру мулоҳизаҳои зиёде доир  ба он манзур мешаванд ва ин чорабинӣ торафт мукаммалтару боҳашаматтар  мегардад. Аз ин рӯ, ман ҳамчун як омӯзгори собиқадор пешниҳод дорам, ки  дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷорӣ намудани меъёри китобхонии хонандагон аз рӯйи мувофиқати мазмуну мундариҷаи китоб ба синну соли наврас аз манфиат холӣ нест. Агарчи ин меъёр ба хоҳиши хонандагон ҳам набошад, онҳоро бо ин тариқ ба мутолиаи асарҳои бадеӣ водор месозад, завқи бадеӣ ва илмдӯстиашонро баланд мебардорад. Ин меъёрро ба муҳлати гуногун - якмоҳа ё семоҳа тақсимбандӣ намуда, аз хондани як ё ду асар оғоз  намудан мумкин аст. Хонандагоне, ки қариб тули сол асаре мутолиа намекунанд, бо ҷорӣ гардидани чунин талабот дар зарфи як ё се моҳ китобе мехонанд. Ба ин васила олами ботинии онҳо ғанӣ гардида, ҳам барои иштирок дар  озмуни ҷумҳуриявӣ имконият пайдо мекунанд.  
 
Манзура ДОВУДОВА, 
омӯзгори МТМУ №17 - и шаҳри Ваҳдат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2022    №: 10    Мутолиа карданд: 1605
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед