logo

иҷтимоиёт

НОБОЛИҒОН. САВДОГАРӢ КАМ ШУДААСТ, АММО АЗ БАЙН НАРАФТААСТ

 
Зиёд вомехӯрем наврасонеро, ки дар кӯчаву боғҳо, махсусан бозорҳо, ба тиҷорати хурд ба монанди фурӯши ниқоб, борхалта, ширинӣ ва дигар маҳсулот машғуланд. Ин дар ҳолест, ки моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидонро уҳдадор намудааст, ки фарзандро ба фаъолияти соҳибкорӣ ва харидуфурӯш, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат додааст, ҷалб насозанд. Зеро ҳарчанд ба фаъолияти соҳибкорӣ ва харидуфурӯш машғул шудани ноболиғон дар назари аввал одӣ намояд ҳам, он ба равони кӯдак бетаъсир нахоҳад монд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини ҳуқуқи кӯдакон, аз ҷумла ба таҳсил фаро гирифтани онҳо, шароити мусоид фароҳам овардааст. Зеро наврасони имрӯза ояндасози фардоянд. Мутаассифона, дар ин миён волидоне ҳастанд, ки нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон беэътиноӣ зоҳир мекунанд. Вазифаи асосии ҳар як кӯдак то ба синни камолот расидан ин хондан аст. Дар ҳамин ҳол, волидон уҳдадоранд, ки фарзандро бо шароити зарурии моддию маънавӣ таъмин карда, муҳити мусоиде барои рушди онҳо фароҳам оранд. 
Ҷомеашинос Беҳрӯ Насулова мегӯяд, ки дар қиёс ба солҳои қаблӣ ҳуқуқвайрокунӣ миёни ноболиғон ба таври чашмрас коҳиш ёфтааст, ба ин раванди мусбат татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бетаъсир нест.
- Ба харидуфурӯш машғулшавии наврасон омилҳои зиёд дорад. Як сабаби он агар мушкилоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва молиявии оилаҳо бошад, омили дигар аз ҳам пошидани онҳост. Гузашта аз ин, аксарияти оилаҳо серфарзанданд, таъминот мушкил аст, барои ҳамин наврасонро бархе аз волидон ба бозор ва ё меҳнати вазнин ҷалб мекунанд.
Коршиносон ба ин назаранд, ки меҳнати вазнин на танҳо ба таълими кӯдакон халал мерасонад, балки ба саломатии равонию ҷисмонии онҳо таъсири манфӣ мегузорад. Як сабаби рӯ овардани наврас ба харидуфурӯш набудани яке аз волидон мебошад ва ягона роҳи ҳалли масъаларо дар кор кардани наврас мебинанд. Ҳастанд волидоне, ки савдогариро ягона роҳи “пухта” шудани фарзандони худ мешуморанд ва онҳоро ба бозор сафарбар мекунанд. Қисмати дигар аз беназоратии волидон ва мактаб истифода бурда, ба дарёфти маблағи иловагӣ кӯшиш менамоянд. 
Тибқи мушоҳидҳое, ки дар бозори “Корвон” гузарондем, ҳолати фурӯхтани борхалта, меваю  шириниҳо аз ҷониби наврасон зиёд ба назар мерасид. Дар суҳбат як наврас чунин гуфт: «Падарам моро тарк кард ва модарам дар хона бекоранд. Ду додар ва як хоҳар дорам. Барои рафъи мушкилоти рӯзгор, пеш бурдани зиндагӣ маҷбурам кор кунам, то ёрӣ ба оилаамон расад».
Миҷгона Бобозода, муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, мегӯяд, пешгирию барҳам додани ҷалби кӯдакон ба шаклҳои бадтарини меҳнат ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар ин самт яке аз ҳадафҳои афзалиятнок дар самти сиёсати иҷтимоии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумор рафта, тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Таҳлили солҳои охир нишон медиҳад, ки ҷалби кӯдакон ба меҳнат бамаротиб кам шудааст. Вале ҳанӯз ҳам баъзе омилҳое ҷой доранд, ки боиси истифодаи шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон мегарданд. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолатҳои иловагиро барои ноболиғони коркунанда пешбинӣ намуда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бошад, муқаррар намудааст, ки падару модар барои роҳ надодан ба ҷалби фарзандонашон ба корҳои хавфнок ва вазнини ба саломатии онҳо зараровар уҳдадоранд. 
- Тибқи таҳлилҳо омили асосии ба меҳнат ҷалб шудани кӯдакон ҷудошавии оилаҳо ва муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Муайян шуд, ки кӯдакон бештар бо мақсади расондани кумак ба оила дар харидории маводи хӯрока, сару либос ва пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, асосан, дар соҳаҳои хизматрасонӣ ва кишоварзӣ ба меҳнат машғуланд. Муҳим аст, ки дар раванди муносибатҳои меҳнатӣ аз ҳуқуқҳои худ бохабар бошанд ва аз хавфу хатаре, ки кори иҷрокардаи онҳо метавонад ба саломатиашон зарар расонад, огоҳ бошанд. Аммо, тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, зиёда аз 80 дарсади кӯдаконе, ки кор мекунанд, дар ин бора хабар надоранд, - мегӯяд ӯ. 
 
ПАС, ЧӢ БОЯД КАРД?
- Зарур аст, ки барои пешгирӣ ва аз байн бурдани меҳнати вазнин ва хавфнок назорат ҷиддитар шавад. Илова бар ин, бояд робитаи мактаб, оила ва ҷомеаро мустаҳкам гардонд. Меҳнат хуб аст, вале наврасон бояд ба таҳсил, варзиш, чорабиниҳои мактабӣ ва ҷамъиятӣ, яъне корҳое, ки ба манфиати онҳост ҷалб гарданд. Волидон бояд кӯдаконро ба бозори меҳнат накашанд, - мегӯяд Беҳрӯ Насулова.
Дар ҳамин ҳол, Миҷгона Бобозода гуфт, ки мубориза бо меҳнати маҷбурии кӯдак на танҳо вазифаи давлату ташкилотҳои алоҳида, балки вазифаи ҳар як шаҳрванд, хусусан корфармоён ва волидон мебошад. Зеро бо талошҳои дастаҷамъона мо метавонем, ҳарчи зудтар садди роҳи меҳнати номатлуби кӯдакон гашта, ба онҳо шароити хуби инкишофи ҷисмонӣ, ақлонӣ ва маънавӣ муҳайё созем. 
Аз ин рӯ, ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, ки дар тарбияи дурусти кӯдакону ноболиғон саҳмгузор бошанд, дар пешгирӣ аз ҷинояткориву ба роҳи ғалат рафтани онҳо бетарафӣ зоҳир накунанд. 
 
Оламбегим НЕКҚАДАМОВА, 
«Ҷумҳурият» 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2022    №: 10    Мутолиа карданд: 562
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед