logo

иҷтимоиёт

ДЕВАШТИЧ. ИСТИҚЛОЛ НОМИ ӮРО ЗИНДА КАРД

Дар бораи Деваштич, қаҳрамониҳои ӯ, номаҳояш, ки аз Кӯҳи Муғ ёфт шуданд, садҳо мақолаву китоб ва рисолаҳои алоҳида таълиф шудаанд. Махсусан, бо забонҳои русӣ, англисӣ ва чинӣ маводи фаровонест, ки аз хомаи ховаршиносону таърихнигорони ҷаҳон таровидааст. Танҳо ёд кардани баъзе аз онҳо кофист, ки маъруфияту аҳамияти ному осори ин қаҳрамон равшан гардад...
Ин нукта дар чорабинии фарҳангие, ки бо иштироки сиёсатмадорон, олимону адибон, бахшида ба рӯнамоии китоби «Деваштич» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, таъкид шуд.  
Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзӣ зикр намуд, ки матлабҳои китоби «Деваштич» аз китобҳои илмӣ, назмиву насрӣ, асотирӣ ва рӯзномаву ҷаридаҳои гуногун ҷамъ оварда шуд. Чанде аз мақолаҳо тоза буда, ҳаёту фаъолият ва диловариҳои Деваштичро равшантар мекунанд. Ҳадаф аз фароҳамсозии онҳо дар як маҷмуа бештар ошно кардани насли наврас, бахусус мардуми ноҳияи Деваштич, бо таъриху тамаддуни тоҷикон ва қаҳрамониву ҷоннисориҳои Деваштич дар роҳи дифои Ватан аз душманон мебошад.
Ҳамчунин, илова намуд, ки бо мақсади ҳарчи бештар тарғиб кардани қаҳрамониҳои ниёгонамон, махсусан Деваштич, ғояи мураттаб кардани китобе дар ин бобат ба зеҳнамон омад. Дар давоми бештар аз як сол гулчини мақолаву матлаб ва шеъру ҳикояҳои ба Деваштичи диловар бахшидашуда зери як ҷилд ва муқоваи зебо ба ҳам омаданд. Чопи китоби мазкур як навъ давоми сиёсати Пешвои миллат дар роҳи китобхон кардани миллат аст. Чуноне ки Сарвари кишвар фармудаанд: «Руҳи ватанпарастонаи Деваштич, ки дар қалъаҳои дастнораси кӯҳистон паноҳ ёфта, ба муқобили аҷнабиён диловарона мубориза бурда буд, дар сирату тинати Рӯдакӣ озодманишиву озодпарастиро парвариш дода буд».
Бино ба гуфтаи муҳарриру мураттиби китоб, юнониён, арабҳо, муғулҳо, темуриҳо ва манғитиёну дигар душманони нотавонбин ҳазорон бор теша ба решаи миллати тоҷик задаанд. Дар баробари онҳо, далерону гурдон, паҳлавонону ҷанговарон, афсарону сарлашкарони диловари мо бо нангу номус бархоста, собит кардаанд, ки
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Юсуфшо Яъкубшоев, академики АМИТ, яке аз муаллифони китоб таъкид намуд, ки ниёкони Суғди номвар бо сарварии абармарди размовараш Деваштич бо лашкари аҷнабиён дар набардҳои сангин буда, бурду бохти зиёдро дидаанд. Дар харобаҳои Панҷакенти қадим осори ваҳшонияту харобкориҳои истилогарони араб то имрӯз боқист. Китобе, ки дар даст доред, аз вазъи таърихии водии Самарқанд, Панҷакат, Хуҷанду Фарғона, Аспараву (Исфара) Канд (Конибодом) ва Чоч (Тошкант) дар замони ҳуҷуми арабҳо маълумот дода, ҳамзамон аз муқобилияту зиддияти ҳамватанони мо бар аҷнабиён, бо сардории Деваштич нақл мекунад. Ин қаҳрамони абадзинда бо марги қаҳрамононаи худ собит кард, ки 
Бимон, миранд мардон баҳри Меҳанд,
Зи мардон хоки Меҳанро нагирад!
Салима Раҷабзода, муовини аввали директори КМТ чопи китобро яке аз иқдомҳои ояндасоз арзёбӣ намуда, зикр кард, ки бо мутолиаи он хонандаи закӣ бо зодгоҳи аслии Деваштич, вазъи рӯзгорони ӯ ва шоҳаншоҳиаш дар Панҷакати қадим маълумоти муфид пайдо мекунад. Ёдовар шудан месазад, ки Деваштич зодаву парвардаи водии Зарафшон буда, минбаъд чун афшини Суғд соҳиби Қалъаи Муғ буд ва маҳз дар ҳифзи ҳамин марзу бум ҷонбозиҳо кардааст. 
Номи ин абармарди арсаи нангу номус ба ҷуз аз таърихномаҳо, инчунин, дар шеъру таронаҳо ва ҳикояҳои таърихӣ низ ҷо дорад. Муҳтарам Ҳотам, шоир ва олим, қаҳрамониҳои Деваштичро бо қироат намудани порчаи шеърӣ ба ҳозирон расонд. 
Деваштичи шуҷоъ ҳамчун фарзанди одии халқ бедодиву ҷаррории арабҳоро таҳаммул карда натавонист ва бар зидди онҳо ҷангида, қаҳрамонона шаҳид гашт. Гарчанде ӯ ба дасти душман афтод, аммо чанд муддат оташи тарсу ваҳм дар ҷону дили арабҳо ниҳод. Душман бо тамоми ҳастӣ эҳсос кард, ки ин сарзамин, бавижа водии Зарафшон – Панҷакату Самарқанди қадим, бесоҳиб нест.
Ҳаёти ибратбахш, ҷасорату азхудгузаштагӣ ва фоҷеаи Деваштич бори дигар ёдрас мешавад, ки ҳеҷ мафҳум муқаддастару муқаддамтар аз Ватан ва озодӣ нест ва нахоҳад буд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан дуруст фармудаанд, ки маҳз соҳибистиқлолӣ ва озодиву амният имкон дод, ки садҳо нобиғагону диловарон ёд шаванд, ному нишонашон зинда гардад ва осорашон бори аввал рӯи чопро бубинад. Аз ҷумла, Деваштич дар радифи ҳамин қаҳрамонҳост, ки ба шарофати бузургворӣ ва ҳувияти баланди миллии Сарвари кишвар ба такрор ёд шуд, дар шаҳри Панҷакент пайкарааш қомат афрохт ва ноҳияи Ғончӣ ба номи ӯ – Деваштич гузошта шуд.
 
Лола РИЗОӢ, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2022    №: 10    Мутолиа карданд: 573
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед