logo

иҷтимоиёт

САФИ ФАЪОЛЗАНОН ДАР ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ЗИЁД МЕШАВАД

Мехостам дар бораи соҳаи энергетика, ки зимни ироаи Паём Сарвари давлат ба он махсус дахл намуданд, андешаҳои худро иброз намоям. Аз ҷумла, Президенти кишвар дар назди масъулон вазифа гузоштанд, ки дар ҳафт соли оянда дар асоси «энергияи сабз», яъне сохтмони  Неругоҳи барқи обии «Роғун», таҷдиди неругоҳҳои «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум», иқтидори энергетикии кишварро иловатан 4 ҳазор мегаватт зиёд намоянд. Ин вазифаи ҷиддист, ки кормандони соҳа бояд дар иҷрои он масъулияти баланд нишон диҳанд. 
Ҳамзамон, Ҷаноби Олӣ истифодаи дигар энергияҳои барқароршавандаро таъкид сохтанд. Айни замон мо дар таҳияи нақшаи рушди «туризми сабз» дар асоси истифодаи энергияи барқароршаванда фаъолона иштирок дорем. Дар иртибот ба ин, мо ба мамлакат ворид намудани нақлиётҳои барқӣ, аз ҷумла электромобилҳо, электробусҳо ва троллейбусҳоро, ки воридоташон пурра аз андоз ва боҷҳои гумрукӣ озод мегарданд, бо хушнудӣ пазируфтем. Истифодаи онҳо, дар навбати худ, ба коҳиш додани партовҳои газҳои гулхонаӣ дар кишвари мо, ки ҳиссаи асосии он имрӯз ба нақлиёти автомобилӣ вобаста аст, инчунин, ба таҳияи технологияи нави хидматрасонии мошинҳои барқӣ, таъсиси ҷойҳои кор, коҳиши вобастагии кишвар аз боздоштани воридоти сӯзишворӣ барои воситаҳои нақлиёт рост меояд,  мусоидат менамоянд. 
Инчунин, дар Паём Президенти мамлакат бори дигар дар бораи зан – Модар ва нақши ӯ дар оила ва ҷомеа бо меҳру муҳаббат сухан гуфтанд. Бояд гуфт, ки чун дар дигар паёмҳои хеш Сарвари давлат дар хусуси баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ишора намуданд. Аз ҷумла, дастур доданд, ки ҳайати занон дар хизмати давлатӣ ба 30 фоиз ва роҳбарикунанда 25 фоиз расонда шавад. Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки ҳайати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати 12- ум, ҳамагӣ 4 фоизро ташкил медод. 
Баромади барҷастаи Ҷаноби Олӣ ҳамаи моро водор месозад, ки зери сиёсати созандаи Пешвои миллат муттаҳид шуда, тамоми кӯшиши худро баҳри рушди кишвар равона созем ва бо заҳмати софдилонаи хеш дар ин ҷода ҳиссаи арзанда гузошта, баҳри боз ҳам баланд бардоштани обрӯву нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ саъй намоем. 
 
Рафиқа МӮСОЕВА, 
раиси Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.01.2022    №: 11    Мутолиа карданд: 1900
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед