logo

сиёсат

ПАЁМ МОРО БА ФАТҲИ УФУҚҲОИ НАВ РАҲНАМУН МЕСОЗАД

Зимни ироаи Паём Сарвари давлат таъкид доштанд: «Барои он ки Истиқлолияти Тоҷикистон пойдору устувор гардад ва давлати мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи хоси худро ёфта, дар сафи кишварҳои тараққикарда ҷой гирад, бояд мо гузаштаи худро хуб дарк карда, бо неруи тоза ва азму иродаи қавӣ ба ҳалли мушкилоти имрӯзу оянда рӯ оварем». 
Зикри ин нукта бори дигар шаҳодати он аст, ки истиқлолу озодӣ барои миллати тоҷик бузургтарин неъмат маҳсуб гардида, барои рӯнамоии фарҳангу тамаддун дар арсаи байналмилалӣ чун обу ҳаво зарур аст. 
Роҳбари давлат ба маориф ҳамчун соҳаи афзалиятнок таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, зикр намуданд, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.
Инчунин, дар Паём яке аз хитобҳои вижае, ки ба ҳуқуқшиносон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, субъектони ҳуқуқэҷодкунӣ ироа гардид, ин мутобиқгардонии қонунгузорӣ ба инкишофу пешрафти муносибатҳои ҷамъиятӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо, механизми амалисозии онҳо, риоя ва иҷрои қатъии қонунҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва камолоти фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ мебошад.
Гуфтаҳои боло собит менамоянд, ки Паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳим ва санади стратегии ҳадафманд фарогири як силсила мушкилоту масъалаҳо, муваффақиятҳо ва музаффариятҳои соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат мебошад, ки сабаби масъулиятпазирӣ ва ифтихороти ҳар шаҳрванди бо нангу ори кишвар мегардад.
Воқеан ҳам, суханону роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро бо жарфи таърих пайванд намуда, маърифати эшон ҷароғи роҳамон мебошад ва водор месозад, ки бо дирӯзи худ бошему ҳам бо имрӯзи ҷаҳон.
 
Раҳмон Дилшод Сафарбек,
раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, 
шаҳрванд ва қонуният
 
 
Таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат ба баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва ғамхорӣ ба омӯзгорон, бори дигар нишон медиҳад, ки воқеан ҳам рушди соҳаи маориф дар сиёсати давлату Ҳукумат афзалият дорад. Ин масъала дар ҳар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мавзуҳои калидӣ ба шумор рафта, чунин самтгирии ояндабинона ба хотири фардои аз ин ҳам ободу зеботари Ватани азизамон аст. Зеро танҳо насли баркамолу таълимдида ва мусаллаҳ бо донишҳои муосир метавонанд дар оянда пешрафти ҷомеаро истеҳком бахшида, сарзамини худро соҳибӣ кунанд. 
Албатта, барои расидан ба чунин ҳадафҳои бунёдӣ, нақши маориф ва омӯзгорон бағоят бузургу ҳалкунанда аст. Ҳоло маорифи миллии мо дар заминаи дастгириҳои давлату Ҳукумат ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ ворид мегардад. Вале бо вуҷуди дастовардҳои назаррас дар самти таълиму тарбия ҳанӯз ҳам мушкилоти ҳалталаби соҳа боқӣ мондааст, ки ин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён гардид. Воқеан, нигарониҳои Сарвари давлат аз камбудиҳои соҳа ҷой доранд ва то кунун омӯзгороне ҳастанд, ки зимни тадрис аз усулу конспектҳои куҳна истифода мебаранд. Ҳол он ки омӯзгори имрӯза бояд ҳамқадами замон бошад, технологияи муосирро хуб донад ва бо истифода аз шеваҳои нави таълим хонандагонро ба дарс ҷалб намуда, дар бедории фикриашон таъсир расонанд. Дар сурати ғайр ё бесаводии омӯзгор завқи хонандаро ба дарсу донишандӯзӣ бедор кардан мушкил аст. 
Эродҳои Пешвои муаззами миллат вобаста ба камбудиҳои соҳа бояд ҷиддӣ гирифта, перомуни рафъи мушкилот чораҳои бетаъхир андешида шаванд. 
 
Муҷибахон ҶАВҲАРӢ, 
вакили Маҷлиси намояндагон
 
 
Таъкидҳои қатъии Сарвари давлат вобаста ба ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши донишҳои муосир ва пешгирӣ аз ҳар гуна хурофоту хурофотгароӣ масъулияти моро дар роҳи васеътар намудани фаъолиятҳои тарғиботӣ бо истифода аз имконоти дастрас бештар мегардонад. Зикри ин нукта, ки “бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷойе намерасад” хеле воқеъбинона, мантиқӣ ва саривақтӣ мебошад. Зеро мо дар ҷаҳони муосир шоҳид ҳастем, ҳар миллате, ки ба масъалаи пешгирӣ аз хурофот ва омӯзиши илмҳои замонавӣ бетафовутӣ мекунад, гирифтори мушкилоти азиме мегардад. Вазъи феълии давлатҳои гирифтори буҳронҳои амиқи сиёсиву амниятӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, аз қабили кишварҳои Шарқи Наздик ва Афғонистон далели ин гуфтаҳост.
Пешвои миллат дар Паём ба масъалаи эҳтироми занону модарон ва гиромидошти нақши онҳо дар ҷомеа таъкид намуданд. Бо ишора ба арҷгузории дини мубини Ислом ба зан-модар ва ихтисос ёфтани як сураи мукаммали қуръонӣ ба номи “Нисо” (Занон) Сарвари давлат иброз доштанд: “Ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад”. 
Воқеан, дар замони муосир таъмини ҳуқуқи занон яке аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ дар сатҳи ҷаҳон ба шумор меравад. Зеро то ҳол, баъзан дар пешрафтатарин кишварҳои олам низ масъалаи нақзи ҳуқуқи занону модарон дар шаклу навъҳои гуногун вуҷуд дорад, ки мо набояд ба чунин кутоҳие роҳ диҳем, балки дар такя ба ҳидоятҳои Президенти мамлакат ба ҳуқуқи волои занону модарон эҳтиром гузорем.  
 
Сулаймон ДАВЛАТЗОДА,
раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну 
маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
 
Ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар Паёми имсола махсус таъкид гардида, дар ин робита Пешвои миллат чунин зикр намуданд: “Дар баробари таҳияву қабули қонунҳо риоя ва иҷрои қатъии онҳо низ муҳим мебошад, зеро риоя нагардидани талаботи қонун боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон, манфиатҳои давлату ҷомеа, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат, афзоиши ҷинояткорӣ ва бенизомӣ мегардад”. 
Дар идомаи ҳамин масъала аз мақомоти судӣ тақозо шуд, ки баррасии саривақтӣ, ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи парвандаҳои судиро ба роҳ монда, қарорҳои қонуниву асоснок қабул намоянд ва ба ин васила ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳоро таъмин созанд.
Ин танҳо нукоте нест, ки дар матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ихтисос ёфтаанд, балки тамоми нуктаҳои баёнгардида дар самтҳои гуногун якдигарро пурра намуда, дар маҷмуъ, ба амалисозии яке аз ҳуқуқҳои муҳими инсон - таъмини зиндагии шоистаи мардуми шарифи Тоҷикистон нигаронда шуданд. Аз ин рӯ, бояд ҳар нафари мо дар амалисозии нишондодҳои Сарвари давлат худро масъул шуморем. Зеро Паём - барномаи ҳидоят ба зиндагии боз ҳам шоистатар ва фатҳи уфуқҳои нави рушди миллист. 
 
Умед БОБОЗОДА,
ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.01.2022    №: 11    Мутолиа карданд: 1214
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед