logo

иҷтимоиёт

ҲУҶҶАТИ БАРНОМАВӢ ВА ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ

Дар Паём Пешвои миллат перомуни сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар карда, фарҳангро ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифгари таърих арзёбӣ намудаанд. Сарвари давлат зимнан тазаккур доданд, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар дохили кишвар ва дар арсаи байналмилалӣ иқдомоти зиёде амалӣ гардида истодаанд. Ҳифзи мероси фарҳанги моддиву ғайримоддии миллати бостониамон, ки гувоҳи зиндаи таърихи шашҳазорсолаи халқамон мебошад, вазифаи муҳимтарини мо - ворисони ин мероси бузург ба ҳисоб меравад.
 
Дар Паём зикр шуд, ки ҳадаф аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар бахши фарҳанг ва маориф дар ҳамкорӣ бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба фарҳанг, илм ва маориф – ЮНЕСКО таҳкими раванди муколама оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ, муаррифии таърихи қадимаи тоҷикон ва фарҳанги бостониву ғании миллатамон мебошад. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки соли 2021 дар баробари номбандии муштараки «Роҳи Абрешим: долони Зарафшон-Қароқум» 9 мавзеи мероси таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардид. Ҳамчунин, пешниҳоди Тоҷикистон оид ба ворид намудани 2500 - солагии шаҳраки қадимаи Тахти Сангин ба феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2022 – 2023 пазируфта шуд.
Сарвари давлат бо ифтихормандӣ ёдрас шуданд, ки аз ҷониби ЮНЕСКО боз як намунаи мероси фарҳанги миллии мо - Фалак ба феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гашт. Яъне, Фалак мисли Наврӯз ҷаҳонӣ гардид. Моҳи октябри соли ҷорӣ бошад, аввалин маротиба дар минтақаи Аврупо намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон - кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи "Гиме"-и Фаронса баргузор шуд, ки дар давоми се моҳ таъриху тамаддуни ғании миллати шарафманди тоҷик, мавзеъҳои таърихии сарзамини мо дар асрҳои гуногун, осори фарҳангиву ҳунармандии қадима ва санъат ба мардуми Аврупо муаррифӣ гашт. 
Зикри як нукта муҳим аст, дар низоми муосири давлатдории мо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунанда буда, ифодаи равшани рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва сиёсати дохилию хориҷии мамлакат мебошад, ки фарогири барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо арзёбӣ мегардад. Паём сухани самимии Президенти кишвар ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва муждаи созанда дар роҳи пурифтихори рушди давлатдории тоҷикон маҳсуб меёбад. 
 
Муҳриддин НИЗОМӢ,
ректори МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.01.2022    №: 11    Мутолиа карданд: 626
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед