logo

сиёсат

ТАҲАВВУЛОТИ ТОЗАИ ЗИНДАГӢ

 
Таҳлили амиқи дастоварду музаффариятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми сӣ соли Истиқлоли давлатӣ ва муқоисаи воқеъбинонаи он ба 70 соли замони Иттиҳоди Шуравӣ аз ҷумлаи муҳимтарин нукоти Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ буд.
 
Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ дар шароите  ироа гардид, ки вазъи сиёсии ҷаҳони муосир ҳамоно печида боқӣ монда, густариши терроризми байналмилалӣ ба амнияти ҷомеаи кишварҳои олам, аз ҷумла Осиёи Марказӣ таҳдид мекунад. Аз ин рӯ, дар Паём на танҳо воқеияти имрӯз, балки эҳтимолияти равандҳои пуртазоди ҷаҳони муосир, ки асоси онҳоро манфиатҳои геополитикӣ ташкил мекунанд, дарҷ гардиданд. 
Роҳбари давлат вазъи сиёсии ҷаҳони муосирро таҳлилу баррасӣ намуда, таъкид доштанд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳамеша кӯшиш намоем. Албатта, ин таъкиди Пешвои миллат ба маврид мебошад, зеро ҷаҳони муосир бархӯрду мушкилоти пурпечутобе дорад, ки ҳар лаҳза ин бархӯрду муносибатҳо тағйирпазир буда, инсониятро пешорӯйи интихоби мушкил қарор медиҳанд. Махсусан, рақобатҳои бузурги саҳнаи сиёсати байналмилалӣ амнияту оромӣ дар ҷаҳонро халалдор намуда,  як қатор хатару таҳдидҳоеро ба вуҷуд овардааст, ки дар роҳи ҳифзи арзишҳо ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ монеа эҷод менамоянд. Дар ин замина, танҳо кишварҳое ваҳдати худро мустаҳкам нигоҳ дошта метавонанд, ки дар масири сиёсати дохиливу хориҷии худ самти дурустро интихоб намудаанд.
Гузашта аз ин, Пешвои миллат  бо  мақсади  такмили  қонунгузорӣ, баланд бардоштани самаранокии раванди татбиқи он ба парлумон ва дигар мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда оид ба мутобиқгардонии қонунгузорӣ ба инкишофу пешрафти муносибатҳои ҷамъиятӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо, механизми амалисозии онҳо, риоя ва иҷрои қатъии қонунҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва камолоти фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ дастурҳои мушаххас доданд. Ва бо ишора ба мақомоти судии кишвар чунин баён доштанд: “Дар ин раванд, мақомоти судӣ бояд вазифаҳои хизматиашонро бо масъулияти баланди касбӣ иҷро карда, баррасии саривақтӣ, ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи парвандаҳои судиро ба роҳ монда, қарорҳои қонуниву асоснок қабул намоянд ва ба ин васила ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳоро таъмин созанд”.
Дарвоқеъ, ҳар як нукта ва Паёми Сарвари давлат идомаи мантиқии нуқтаҳо ва паёмҳои қаблӣ буда, ҳамдигарро пурра менамоянд. Аз ин нуқтаи назар, мо бояд дар партави сиёсати созанда ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои иттиҳоду сарҷамъӣ ва сулҳу салоҳ барои ҳифзи истиқлоли миллӣ саҳми сазовори хешро гузорем.

Ҷамолиддин АБДУЛЛОЗОДА,
раиси суди ноҳияи Ёвон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.01.2022    №: 11    Мутолиа карданд: 921
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед