logo

иҷтимоиёт

ТОЛИБ БОБОЕВ: «ҲАҶВИ МО КӮЧАГӢ ШУДААСТ»

Аслан, гуфтани сухани ҳазломез ҳунар аст. Рӯйи саҳна овардани он ҳунарест волотар. Ҳаҷву мутоибаи нозук чун табиби ҳозиқ ба ҷароҳати зиндагӣ шифо мебахшад ва на танҳо нуқси инсонҳоро, балки ҷомеаро чун оина  мунъакис менамояд. 
Мутаассифона, имрӯзҳо баъзе гурӯҳҳои алоҳидае худро ҳаҷвнигор муаррифӣ намуда, бо саҳнаҳои  бемазмуну беарзишашон   мардум, хусусан насли наврасро ба сӯйи бефарҳангӣ ҳидоят менамоянд, ки боиси нигаронист. Онҳо дар чунин саҳнаҳо аз лаҳҷаи кӯча ва суханони аз доираи одобу ахлоқи барои мардуми мо беруна истифода мебаранд.  Аламовараш ин аст, ки баъзан аз забони бонувон, низ, чунин суханон садо медиҳанд, ки ин барои зани боиффати тоҷик зебанда нест.   
Чунин саҳнаҳои фачу дилгиркунандаро дар сомонаҳои иҷтимоӣ, хусусан зери видеоҳои шабакаҳои ЮТУБ – и «RAHIMRPADAKSHN» ва «QURBON NEGMATOV» зиёд вохӯрдан мумкин аст.
Чаро ҳаҷви тоҷик имрӯз рисолати аслии худро иҷро карда наметавонад? 
Ба ин ва суолҳои дигар Толиб Бобоев, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, андешаҳояшро чунин иброз намуд. 
- Мақсади асосии ҳаҷв дар ҳама давру замон ислоҳи камбудиҳои ҷомеа буду ҳаст. Вақте мо фелейтонҳоро бо забони русиву тоҷикӣ мехондем, роҳбарони корхонаҳое, ки ин саҳнаҳо ба онҳо дахл дошт, ё дар ин саҳнаҳо нуқси худро медиданд, фавран аз пайи ислоҳи камбудиҳо мешуданд. Борҳо роҳбарони корхонаҳо ва занҳо пушти дари театр омада, барои саҳнаҳои намоишдодаамон ҷанҷол мебардоштанд, ки ин, албатта, бурди кори мо буд. Мавриди зикр аст, ки на ҳар кас ҳунари ҳаҷвнигорӣ дорад. Гуфтан мумкин аст, ки дар кишвари мо яке аз беҳтарин ҳаҷвнигорон Ҳошим Гадо аст. Шояд бо шунидани ин сухан хонанда ба ҳайрат ояд. Чун дуруст аст, ки ин ҳунарманди нодирро ҳамагон ҳамчун ҳунарпешаи иҷрокунандаи нақшҳои фоҷиавӣ ва драмавӣ мешиносанд, вале ӯ дар ҳаҷв низ, ҳамто надорад.
 Дарвоқеъ ҳаҷвнигорони он замон пайваста дар омӯзиш буданд. Асарҳои адибони кишвар ва хориҷиро мутолиа ва мувофиқи завқашон   саҳна омода менамуданд. Бештари онҳо аз рӯйи асарҳои  мазҳакавии «Гавҳари шабчароғ» - и Сотим Улуғзода, «Интихоби домод» -и Ҳоҷӣ Содиқ, «Хизматгори ду хоҷа» - и Карло Галдонӣ, «Муфаттиш» -и Николай Гогол, «Найрангҳои скапен» - и Жан Молйер ва дигарон, ки дар навиштани мазҳака муваффақанд, саҳнаҳои ҳаҷвӣ рӯйи кор меоварданд. 
Агар ба ҳаҷви  солҳои 80 – 90 - уми асри гузашта рӯ орем, мебинем, ки ҳунармандон чӣ қадар бо лаёқати баланд суханони ҳазломезу дилхушкунанда ва риояи одоби саҳна дар дили мардум ҷой гирифтанд.  Мисоли рӯшан, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, шоҳи ҳаҷви тоҷик  шодравон Убайдулло Раҷабов, ҳунарпешагони ҷавонмарг Устову Масто, Қиёмиддин Чақалу Шодӣ Солеҳ, Амонулло Қодиров ва чанди дигаронанд, ки тавонистанд дар умри на чандон тулониашон номи худро чун  устоди ҳаҷв  ҷовидон доранд. Агар ҳаҷвнигор  шунаванда ва ё тамошогарро аз мақсадаш огоҳ карда тавонад, дар он ҳолат ҳаҷв нақшашро иҷро намуда, ӯ  ҳаҷвнигори асил аст. Яъне, ҳаҷвнигор бояд тамошогарро думболи хеш барад, на ин ки аз пушти тамошобин равад.
Дар мавриде, ки имрӯзҳо ҳаҷви мо кӯчагӣ ё ин ки сабук шудааст, сад дарсад дуруст аст. Мутаассифона, солҳои охир нафароне, ки мехоҳанд ҳаҷвнигор бошанд, бисёр сарсарӣ рафтор мекунанд, ки дар натиҷа, саҳнаҳояшон хом ба назар расида, тамошобини борикбинро ба худ ҷалб карда наметавонанд, бо таассуф мегӯяд ҳамсуҳбатам. 
Аз тарзи сухан гуфтану рафторҳои ноҷояшон ба осонӣ дарк кардан мумкин аст, ки сабаби асосии ба ҳадаф нарасиданашон дар надоштани саводи кофист. Ҳаҷву танзу мазҳакаву танқидро як сӯ мегузорем, ҳадди ақал аз адабиёт огоҳ нестанд. Агар яке аз ин ҳунармандон каме ҳам бошад, саводи  кофӣ медошту  бофаҳм мебуд, боре андеша мекард, ки чаро имрӯзҳо ягон саҳначаи ҳаҷвии онҳоро тариқи телевизион намоиш намедиҳанду ба ягон чорабинии фарҳангӣ даъват намешаванд. Аслан, ҳадафи асосии ин қабил одамон танҳо ба воситаи тамошогарони пастзавқашон пул кор кардан асту халос. Ин гурӯҳҳо доираи маҳдуди тамошогар доранд, яъне аудиторияи мухлисонашон васеъ нест. Ҳунармандон бояд ба матни сабук, ки муаллиф надораду ҷумлаҳояш парешону хом ва бе ҳадаф аст, кор нагиранд. Сухан бояд соҳиб дошта бошад, бухусус ҳаҷв, ки ин жанри бисёр мураккаб аст. Қабл аз он, ки мо як сухани ҳазломезро ба мардум мерасонем, бояд мутмаин бошем, ки ҷавобашро дода метавонем. Аз ин ҷост, ки айни ҳол ҳаҷв кӯчагӣ шудааст.
Борҳо ба адибон муроҷиат кардем, маълум шуд, ки аз уҳдааш намебароянд. Яъне имрӯз мо адибони  ҳаҷвнавис надорем. Бовар дорам дар ҳолати пешниҳоди матлабҳои ҷолиби ҳаҷвӣ аз ҷониби ҳаҷвнависон сафи чунин масхарабозон кам мегардад. Мушкили асосӣ коста гардидани ҳаҷви воқеӣ, албатта, дар надоштани маводи хуби мазҳакавист. Асарҳои мукаммале, ки бояд барои театрҳо пешниҳод шаванд, вуҷуд надоранд. Агарчи имрӯз мардум ба тамошои театру саҳнаҳои ҳаҷвии хурд ниёз дошта бошад ҳам, вале мо мутахассисони ин жанри адабиро надорем. 
Дар асл хеле дер кардем. Акнун вақти он расидааст, ки Вазорати фарҳанг пеши роҳи ин гуна «масхарабозҳо» - ро гирад. Дар вазорат айни ҳол коллегияи репертуарии адабӣ фаъолият мекунад, ки ҳамаи пйессаҳои хурду бузург, аз як пардагӣ то бисёрпардагиро аз назар мегузаронад ва онҳо вазифадоранд чунин студияҳои «бесоҳиб»-ро банданд. Борҳо дар семинарҳои махсуси соҳавӣ таъкид доштем, ки барои ҳунарпеша шудан  лаёқату истеъдод доштан зарур аст. 
Мушкилтарин жанр дар театр ин мазҳака аст. Офаридану ба саҳна гузоштан ва нақш бозидан бисёр кори сангин аст,  на ҳар кас бояд ба ин ҳунар даст занад. Бартарии ҳаҷвнигорони хориҷӣ дар он аст, ки  адибони махсуси худро доранд, мактабдидаанд ва онҳо пайваста машқ мекунанд. Мутаассифона, дар мо чунин нест, - гуфт Т. Бобоев.
 Воқеан, ҳаҷве, ки ягон хусусияти тарбиявӣ надошта бошад, онро на ҳаҷв, балки масхарабозӣ бояд номид. Имрӯз вақти он расидааст, ки Вазорати фарҳанг дар якҷоягӣ бо Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҷиҳати такмили ҳунари ҳаҷвнигорони ҷавон, ки дар ҳақиқат, мехоҳанд идомадиҳандаи ҳаҷви асили тоҷик бошанд, корҳои назаррасеро ба анҷом расонанд. Ё  ақаллан садди роҳи ин гуна ашхоси бо ном ҳаҷвнигорону дар асл масхарабозон шаванд. Дар акси ҳол ҳаҷв, ки хусусияти тарбиявӣ доштаву ислоҳи ҷомеа вазифаи аслии он маҳсуб меёбад, баръакс ба насли ҷавон, таъсири бад хоҳад расонд. 
 
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.01.2022    №: 11    Мутолиа карданд: 604
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед