номаҳо
Ба хонаи истироҳати махсуси пиронсолон ниёз дорем
Шукр, хонаи обод дораму фарзандони бонангу номусу набераҳои дӯстрӯяк. Ва ҳам танам пӯшида асту дастархонам пур аз нозу неъмат. Аммо гоҳо хумории сӯҳбати ҳамсолон мегардам, вале онҳоро пайдо карда наметавонам. Магар мумкин нест, ки барои ҳамчун ман муйсафедон хонаи истироҳати пиронсолон бисозанд? Яъне он танҳо рӯзона амал намояд. Бигузор он шахсӣ ҳам бошад. Маблағи муайян месупорем ва рӯзро, то омадани фарзандон аз кор, дар он ҷо ҳамроҳи ҳамсолон мегузаронем. Фикр мекунам, ки агар ин амалӣ шавад, умри мо –мӯйсафедон зиёд мегардаду табъамон хуш. Инчунин дар хонаи пиронсолон вазъи саломатии мо зери назорати духтурон қарор мегираду аз ёриҳои тиббӣ зуд баҳравар мешавем.
Ш. ЗАФАР,
шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3416