logo

иҷтимоиёт

МАСЪУЛИЯТ. ДАР ТАРБИЯИ ФАРЗАНДОН ФОРИҒБОЛ НАБОШЕМ!

Ояндаи дурахшони давлат ва миллати куҳанбунёди мо ба тарбияи дурусти насли наврас зич алоқаманд аст. Тарбия ва ба камол расондани насли ояндасоз дар ҳама давру замон аз ташкили дурусти оила ва ташаккули маърифати оиладорӣ сарчашма мегирад. Зеро оила чи аз нигоҳи қонун ва чи аз назари маърифати исломӣ воҳиди асосии иҷтимоӣ буда, ташкили оила, тарбияи фарзандон аз бузургтарин масъулият дар ҷомеа маҳсуб меёбад.  
Рӯйи кор омадани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (2 августи соли 2011), ки ба урфу одат ва хусусиятҳои миллии тоҷикон асос ёфтааст ва аз ҳуқуқҳои табиии инсон сарчашма гирифта, ба зиндагии мардум созгор мебошад, дар самти таълиму тарбияи насли ҷавон тағйироти сифатӣ ба амал омад. Тавассути қонуни мазкур ва дигар қонунҳои амалкунанда давлат ҳар як падару модар, омӯзгор ва шахсони ба таълиму тарбияи насли наврас вобастаро вазифадор мекунад, ки дар назди ҷамъият масъул бошанд.
Мушоҳидаҳои чанд соли ахир нишон медиҳанд, ки ин қонун дар пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни наврасону ҷавонон мусоидат намуда, ҳамкории падару модарро бо мактаб зич намуд. Пеш аз ҳама, он масъулияти падарону модаронро дар тарбияи дурусти фарзандон бештар кард. Аз ин рӯ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз дигар қонунҳои кишвар куллан тафовут дошта, мақсади асосии он пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин, пойдории оила мебошад. Қабули чунин як санади меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳолест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин ҷумҳуриҳои пасошуравӣ буд, ки  баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ соли 1993 ба «Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак» (20 ноябри соли 1989) ҳамроҳ шуд. Дар ҳуҷҷати мазкур, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун санади муҳими байналмилалӣ пазируфта шудааст, ҳуқуқҳои асосии кӯдак ва уҳдадориҳои падару модар, давлат дар бобати дуруст ба роҳ мондани тарбияи кӯдакон зикр гардидаанд.
Ҳарчанд аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» даҳ сол гузашта бошад ҳам, мушоҳидаҳо собит месозанд, ки баъзе аз волидон дар тарбияи фарзандон то ҳол беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд, ки бар зарари онҳост. Ин бепарвоияшон то ҷое мерасад, ки фарзандони онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ шомил шуда, даст ба ҷиноят мезананд ва ҳаёти худро зери хатар мегузоранд.
Дар асоси гуфтаҳои боло падарону модарон бояд кӯшиш ба харҷ диҳанд, ки дар ҳамбастагӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва аҳли ҷомеа вазифаву уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи ҳамаҷонибаи фарзанд сарбаландона иҷро намуда, наслеро ба воя расонанд, ки дар рушду нумӯи Тоҷикистони азизи мо саҳми созандаи худро гузорад. Вақте мо дар бораи ояндаи миллату Ватан ҳарф мезанем, бояд аз ҳамин лаҳзаҳо вақтро беҳуда сарф накарда, барои таълиму тарбияи насли наврас талош варзем ва, пеш аз ҳама, кӯшиш намоем, ки худамон барои онҳо намунаи ибрат бошем.
 
Гулҷамол ҒАФУРОВА,
омӯзгори МТМУ № 92-и ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.01.2022    №: 11    Мутолиа карданд: 624
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед