logo

ҳуқуқ

«БАҲСИ МАНЗИЛ. ЧАРО ҲАЛНОМАИ АСОСНОК БЕКОР ШУД?»

 
Дар Суди Олӣ матлаби шаҳрванд Ҷӯраҷон Қандов, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 20 декабри соли 2021, № 247 (24354), зери унвони «Баҳси манзил. Чаро  ҳалномаи асоснок бекор шуд?» нашр гардидааст, мавриди омӯзиш қарор гирифт.
Муайян гардид, ки бо қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олӣ аз 7 октябри соли 2021 ҳалномаи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 15 феврали соли 2021 ва қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии суди шаҳри Душанбе аз 25 майи соли 2021 аз рӯи парвандаҳои оилавӣ бо даъвои Қандов Ҷӯраҷон Саъдиевич бо ҷавобгарии Қандова Майсарахон Саъдиевна, Шоев Муродшо Сафарович ва Қандова Ибодат Саъдиевна дар бораи кӯчондан аз манзили истиқоматӣ бекор карда, ҳалномаи нав қабул карда шудааст.
Бо ҳалномаи нав даъвои Ҷ. Қандов дар бораи кӯчондани М. Қандова, М. Шоев ва И. Қандова аз манзили истиқоматӣ бе додани дигар манзил рад карда шудааст.
Дар муроҷиаташ Ҷӯраҷон Қандов аз қарори коллегияи Суди Олӣ  шикоят намуда, пурсидааст, ки он бекор, ҳалномаи суди марҳилаи якум ва қарори марҳилаи кассатсионӣ бетағйир мононда шаванд.
Омӯзиши маводи парванда нишон дод, ки 4 феврали соли 2008 ба Ҷӯраҷон Қандов апааш Майсарахон Қандова тибқи шартномаи ҳадия манзили истиқоматӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳисор, бинои 81/1, хонаи 14-ро туҳфа намудааст.  
Баъдан, Ҷӯраҷон Қандов ба суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аризаи даъвогӣ пешниҳод намудааст, ки М. Қандова, М. Шоев ва дигар нафароне, ки дар якҷоягӣ бо онҳо дар манзили истиқоматии ҳамчун ҳадия қабулнамудааш бе иҷозати ӯ истиқомат менамоянд, бе додани манзили дигари истиқоматӣ кӯчонда шаванд.
Бо ҳалномаи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 15 феврали соли 2021 аризаи даъвогии Ҷ. Қандов қонеъ карда шуд. М. Қандова, М. Шоев ва И. Қандова аз хонаи истиқоматӣ бе додани манзили дигари истиқоматӣ кӯчонда шудаанд. Бо қарори суди марҳилаи кассатсионӣ ҳалнома бетағйир мононда шудааст.
Дар натиҷаи аз ҷониби коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олӣ аз рӯи шикояти назоратии ҷавобгар М. Шоев баррасӣ намудани парвандаи мазкур муайян гардид, ки М. Қандова дар асоси шартномаи харидуфурӯш аз 10 августи соли 1996 манзили истиқоматии баҳсиро харидорӣ намуда, то ҳоло дар қайди ҳамин манзил қарор дошта, бо фарзандаш М. Шоев ва хоҳараш И. Қандова истиқомати доимӣ доранд. Илова бар ин, Ҷ. Қандов, ки мубталои бемории саръ ва дараҷаи камақлии саръӣ мебошад, робитаи хешутаборӣ доранд.
Суди ноҳияи Сино бошад, ҳолатҳои мазкурро мадди назар карда, М. Қандова, И. Қандова ва М. Шоевро ҳамчун сокинони муваққатии манзил эътироф намуда, аз манзили истиқоматӣ кӯчондааст.
Бояд қайд намуд, ки гарчанде ҳуқуқи моликияти М. Қандова бо ҳадия кардани манзили истиқоматиаш ба манзили баҳсӣ қатъ гардида бошад ҳам, вале М. Қандова бо писараш М. Шоев аз қайди ҳамин манзил набаромада, ба таври доимӣ дар он истиқомат доранд ва дорои ҳуқуқи истифодабарии манзили баҳсӣ мебошанд.
Бо назардошти ҳолатҳои дар боло номбурда, қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олӣ аз 7 октябри соли 2021 нисбат ба парвандаи мазкур қонунӣ қабул гардида, барои овардани эътирози назоратӣ ҷиҳати бекор кардани он асосҳо мавҷуд намебошанд.
 
А. Н. ИСҲОҚӢ,
муовини раиси Суди Олӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.01.2022    №: 11    Мутолиа карданд: 4539
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед