logo

Хабарҳо

Токаев аз анҷоми бомуваффақи рисолати СААД дар Қазоқистон хабар дод

 
RT. «Дар маҷмуъ, марҳалаи вазнини  амалиёти зиддитеррористӣ сипарӣ шуд, вазъ дар тамоми минтақаҳо муътадил аст. Дар ин росто, эълом медорам, ки рисолати асосии неруҳои сулҳофари СААД бомуваффақият анҷом ёфт. 13 январ хуруҷи марҳила ба марҳилаи ҳайати муттаҳидаи   сулҳофари СААД оғоз мешавад”, - гуфт Токаев.
Ба гуфтаи ӯ, тартиби хуруҷи онҳо на бештар аз даҳ рӯзро дар бар мегирад. 
«Ба маҳзи ин ки ин як таҷовузи мусаллаҳона аз ҷониби терроризми байналмилалӣ буд, Қазоқистон ба таври қонунӣ ба шарикони худ дар  Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бо дархости фиристодани ҳайати посдори сулҳ муроҷиат кард... Мо метавонистем назоратро дар Алма-Ато комилан аз даст диҳем»,- гуфт Роҳбари Қазоқистон.    
 
Чин амалҳои ҳукуматдорони Қазоқистонро ҷонибдорӣ кард
INTERFAX.RU. Чин аз оғози ҳодисаҳои Қазоқистон аз иқдомоти роҳбарияти Қазоқистон пуштибонии қатъӣ ва омодагии ҳамаҷониба дар вазъияти буҳронӣ нишон дод, - гуфта мешавад дар изҳороти мақомоти баландпояи Пекин.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар паёми худ ба  Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев гуфтааст: «Сарфи назар  аз хатару чолишҳое,  ки  бояд бо он рӯ ба рӯ шуд, Чин дӯсту шарики боэътимоди Қазоқистон мебошад ва мардуми Чин  халқи Қазоқистонро ҳамеша дастгирӣ менамояд. Чин омода аст, ҳар кори аз дасташ меомадаро кунад, то ба Қазоқистон  ҷиҳати рафъи  вазъи буҳронӣ ёрӣ расонад».
Роҳбари Чин таъкид кард, ба неруҳои беруна, ки қасдан нооромиҳо эҷод карда, дар Қазоқистон «инқилоби ранга»-ро  роҳандозӣ менамоянд ва ба ҳама гуна кӯшишҳои халалдор кардани дӯстии Чину Қазоқистон   шадидан мухолифат мекунад.
 
СММ: «Қимати ғизо дар ҷаҳон 28% дар як сол боло рафт»
Известия. Охири соли 2021 нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон 28,1% боло рафт. Дар ин бора маълумоте, ки сомонаи Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид нашр кардааст, шаҳодат медиҳад.
Индекс дар давоми сол ба ҳисоби миёна 125,7 банд ва дар охири моҳи декабр 133,7 бандро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи ноябр 0,9% камтар, аммо нисбат ба моҳи декабри соли 2020-ум 23,1% зиёдтар аст. Баландшавии нарх дар солҳои охир бесобиқа шуд - арзиши на танҳо ғалла ва равған, балки ҳамаи анвои асосии маҳсулоти хоҷагии қишлоқ афзуд.
Арзиши ғалладонагӣ аз соли 2012 ба авҷи худ расид, ки 27,2% афзудааст. Арзиши аслии ҷуворимакка 44,1 ва гандум 31,3 фоиз боло рафт. Ягона зироате, ки соли гузашта арзишаш паст шуд, шолӣ буд - тарҳи 4%. Ин созмон афзуд, ки зиёдшавии нақлиёт тавассути афзоиши рақобат байни истеҳсолкунандагон ҷуброн шудааст. Нархи равғани рустанӣ ва қанд аз ҳама бештар  боло рафт. Арзиши нафт дар як сол ба рекорди 65,8% ва нархи шакар 37,5% афзуд, ки нишондоди баландтарин аз соли 2016 аст. Нархи маҳсулоти ширӣ 16,9, маҳсулоти гӯштӣ 12,7 дарсад баланд шуд.  
 
Беларусҳо лоиҳаи Конститутсияи навро муҳокима мекунанд
Мир24. Шаҳрвандони кишвар бо Раиси Палатаи болоии парлумони Беларус Наталя Кочанова навсозии Конститутсияро баррасӣ карданд.  
Аз шахсони алоҳида ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ таклифҳо омаданд. Даҳҳо нафар белорусҳо аз Минск ва дигар шаҳрҳо фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд. Муҳокимаҳо дар атрофи чунин навгониҳо, аз қабили шумораи муҳлати ваколатҳои президент, тадбирҳои дастгирии иҷтимоӣ, сурат гирифтанд.  
«Мардум лоиҳаи ин қонунро амиқ меомӯзанд ва пешниҳодҳои воқеан ҷолиб доранд. Онҳо он моддаҳоеро номбар мекунанд, ки боиси шубҳаи онҳо гаштаанд. Аммо хушхабар ин аст, мардум, асосан, мегӯянд, ки сиёсати дар кишвари мо пешгирифташавандаро ҷонибдорӣ мекунанд ва дастовардҳои мамлакатро қадр менамоянд”, - гуфт Наталя Кочанова.
Пас аз омода шудани лоиҳаи Конститутсия он ба раъйпурсӣ гузошта мешавад. Баргузории он моҳи феврал дар назар аст.
 
Ҷаласаи Шурои Россия – НАТО бо ташаббуси Россия дар Брюссел баргузор мешавад
ТАСС. Марҳилаи дуюми машваратҳои Россия ва кишварҳои Ғарб оид ба амният  имрӯз дар Брюссел дар чаҳорчӯбаи нишасти нахустини Шурои Россия ва НАТО дар 2,5 соли ахир баргузор мешавад.  
Тавре Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг ва намояндаи доимии ИМА дар НАТО Ҷулианн Смит қаблан изҳор доштанд, эътилоф омода аст нигарониҳои Россияро бишнавад, барои оғози муколамаи ошкору пурмазмун тайёр аст, аммо ба созиш, бахусус дар мавриди тавсеаи НАТО,  омода нест. Ҳайати Россияро дар машваратҳо муовини вазири корҳои хориҷӣ Александр Грушко ва муовини вазири мудофиа Александр Фомин роҳбарӣ мекунанд. 
Дар нишаст аз ҷониби НАТО намояндагони доимии 30 кишвари  эътилоф дар Брюссел, муовини котиби давлатии ИМА Венди Шерман, Дабири кулли созмон Йенс Столтенберг ва намояндагони воломақоми низомии кишварҳои паймон ширкат меварзанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 836
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед