logo

сиёсат

ДОНИСТАНИ ХУБ АЗ БАД АЗ ИМОНДОРИСТ

Ҳарчанд мо аз ибтидои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дур мешавем, ҳамон қадар навгониҳо, пешравиҳо, ободкориҳову созандагиҳое пеши рӯ меоянд, ки аз ояндаи дурахшону тобони ин халқу диёр навид дода, обрӯ, манзалату иззатмандӣ, арҷмандии кишвар, Сарвари камназиру беназир, хирадманду арҷманд, созандаву ободкор, бозсозу дилнавоз, содиқу вафодор, раиятпарвару фаррухпай, чеҳраи намоёни сиёсати умумибашарӣ, пешвои эътирофшудаи башарият дар асри ХХI, меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ, ки ҷаҳониён аз таҷрибааш пайравӣ мекунанд. Ташаббускори сатҳи байналмилалӣ, бунёдгузори неругоҳҳои бузурги барқӣ, нақбҳо, пулҳо, роҳҳо, фурӯдгоҳҳо, мактабу бемористонҳои бешумор, хонаҳои истиқоматӣ, осоишгоҳҳо, қасрҳои фарҳангӣ, варзишӣ, варзишгоҳҳо, боғҳои истироҳативу мевадиҳанда, бунёдкунандаи беҳтарин хиёбону гулгаштҳо, нақбҳои обгузару каналҳо, пуштибони бовафову беҳамтои ятимону маъюбон, пиронсолон, ҳомии боэътимоди мардум дар олам меафзояд. Ин  сифатҳо  аз  ақлу  хиради  комил  ва  ботини  покашон  хабар  медиҳанд. 
Бешак,  Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бандаи муқарраби Холиқи якто асту дӯстдори халқи Тоҷикистон. Ӯ бо мардум  аст ва мардум бо ӯст. Ин ҳақиқати таърихӣ буда, аз насл ба насл, аз аср ба аср ба мерос мемонад. Тоҷикистонро  ҷаҳон  шинохт. Ин  давлати  мустақил  аъзои  комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон,  созмонҳои  байналмилалӣ  гардид. Парчами  давлати Тоҷикистон дар саҳни  СММ парафшон аст. Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ гувоҳи  соҳибистиқлолии кишваранд. Роҳбарияти Тоҷикистон дар муддати сӣ соли Истиқлолияти давлатӣ, ки 10-12 соли аввалаш сарфи ба ҳам овардану барқарории сулҳу ваҳдат шуд, корҳоеро сомон доданд, ки таърихи ин мулк, ин халқ, ин миллат назирашро ёд надорад. Ба қавли устод Хайрандеш:
Сӣ сол пур аз омил, сӣ сол пур аз амал,
Сӣ аср баробар нест зинҳор ба ин сӣ сол.
 
Ҳамаи ин ободкориҳои бемисл, беҳамто, босифату босуръат дар пеши назари мо сурат гирифтанд. Онҳоро нодида гирифтан, ба онҳо баҳои дуруст надодан, аз онҳо мункир будан, онҳоро саҳлу осон шумурдан камоли  бехирадӣ ва торикии имон буда, бешак, аз бахилии беандоза ва кӯрдилии ботинӣ шаҳодат медиҳад. Зикри ин дастовардҳо, муваффақиятҳо аз доираи васф берун аст. Танҳо як ваҳдати саросарии миллӣ кори хайрест, ки баҳояшро мардуми дилогоҳу худогоҳи тоҷик медонад. Савоби ин ваҳдатро ҷуз Худо каси дигаре ҳисоб карда наметавонад. Ин неъмати бузургест, ки Худованди оламиён тавассути бандаи боэътимодаш Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик ҳадия намуд. Боқӣ ба ин музаффариятҳо, пешравиҳо баҳо доданро ба виҷдону имони ҳар як сокини мамлакат ҳавола мекунем. 
Халқи Тоҷикистон бо сарварии Президенти муҳтарам дар ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, ватансозӣ, давлатдорӣ, халқпарварӣ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард. Тамоми шаҳру деҳоти Тоҷикистон бамаротиб обод шуд, симои наву назаррабо гирифт.
Ободкориҳои мо - тоҷиконро бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо тоҷикистониён, балки тамоми мардуми олам дидаанду ба ғайрату муҳаббати ватандӯстонаашон қоиланд. Ин ҳама дастовардҳо баёнгаранд, ки халқҳои гуногуни Тоҷикистон Сарвари худро дӯст медоранд ва сарварашон сокинони кишварашонро. Ин ҳақиқати бебаҳс аст. Ин муҳаббати пайваставу нагусастанӣ аз саховати рӯзафзун ва афвномаҳои пайдарпайи Роҳбари раиятпарвари тоҷик ҳувайдо аст. Ин адолатест, ки мислашро Анӯшервон ёд надораду саховатест, ки Ҳотами Той боре накардааст.  Агар  Исмоили  Сомонӣ  асосгузори давлати тоҷикон  бошад, Президенти  маҳбуби мо Эмомалӣ  Раҳмон  ваҳдати  миллӣ,  дӯстии  халқҳои  кишвар  ва  якпорчагии  давлати  тоҷиконро  поянда  гардонд  ва  созандагиву бозсозиро  шиор  намуд.
Гоҳе бадхоҳони миллат аз гузарондани чорабиниҳо - базмҳои серодам изҳори нороҳатӣ мекунанд. Онҳо бегумон аз дастаи бахилону сиёҳдилонанд. Магар онҳо ёд надоранд, ки аз соли 1992 то 1997 ҷангидем, бародар куштем, ашки надомати бобою момо, падару модарон, хоҳарону бародаронро чун сели кӯҳсор ҷорӣ намудем, шаҳру деҳу хонаву дари якдигарро оташ задем, хароб кардем, сари 150000 фарзанди диёрамонро ба бод додем, ҳазорон хурду калони миллатро дар диёри бегонагон ғарибу овора кардем ва пас аз ин ҳама магар наметавонем як лаҳза шодӣ кунем? Гумон мекунам, аз ин шодмониҳои миллат руҳи гузаштагону ғурамаргон шод мегардад.
Боре биандешем, ки аз ҷумлаи ин 150 ҳазор нафар гузаштаҳои ҳасратӣ чандин паҳлавон, эҷодкор, олимон ва намояндагони дигар касбу ҳунарҳо буданд. Онҳо ҳавасу орзуҳо доштанд. Аммо қурбони дасисаҳо шуданд, ба муроду мақсадҳои хеш нарасида, ин дунёро бо ҳасратҳои бепоён падруд гуфтанд, ҳавасҳои хешро ба гӯр бурданд, сад афсус!
Дар  саҳифаҳои  интернетӣ  садҳо  дурӯғу  гуфтори  пурғараз  аз  давлату  давлатдории  тоҷикон  менависанд.  Барои  тақвияти  суханҳои  фаҳши  худ  манбаъ  хабар  дод  мегӯянд.  Аввал  вуҷуд  доштани  манбаъ  шубҳанок  аст.  Дуюм  агар  манбаъ  бошад  ҳам,  бегумон  дурӯғгӯй  ва  фиребгар  аст.  Барои  пайсаи  ночизе  дунёву  қиёматашро  сӯхтааст. 
Аз  дур  камбудиҳоро  дида,  дар  бораашон  хулоса  баровардан  амалест  аз  ҳақиқат  берун.  Дар  ҷое  кор  аст,  камбудӣ  ҳам  вуҷуд  дорад.  Ватандори  асил  барои  ислоҳи камбудиҳо камар мебандад, на ғаразҷӯиву санги маломат ба сӯи халқ меандозад, ватанбоз  не,  ватансоз  будан  аз  имондорист.  
Хонандаи азиз, ҳар чизе, ки аз хубиҳо ё аз камбудиҳо гуфтам ба дурустӣ кам гуфтам. Дар ҳаҷми як мақола ғунҷондани ҳамаи  дастовардҳо,  музаффариятҳо  аз  имконият  берун  асту  аз  савоб  холӣ.
 
Абдуллоҳ  БОБОЗОДА
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.01.2022    №: 12    Мутолиа карданд: 2999
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед