номаҳо
Ёфтану харидани либоси ягонаи мактабӣ душвор мешавад. Чаро?
Ҳамасола дар арафаи соли нави таҳсили хониш қимати либосҳои мактабӣ ба боло меравад. Тоҷирон медонанд, ки аз зарурат мардум ба нархи гарон ҳам либосҳоро мехаранд. Ҳатто аз ноилоҷӣ сифати пасташро ҳам ба назар намегиранд. Ҳамин тавр, як моҳ, балки бештар аз он нарх поён намефарояд.
Ҷойи таассуф аст, ки масъулон чанд сол боз бо вазъият ошноанд. Аммо барои чораҷӯӣ, рафъи камбудӣ кореро ба сомон намерасонанд. Намедонам ин ҳол то ба кай идома меёбад. Агар посух медиҳанд, ки ярмаркаҳои мактабӣ дар ин давр амал мекунанд, ин хато аст. Нарху моли ярмаркаҳо аз бозорҳо ҳеҷ тафовуте надорад.
Бо иншои нома мехоҳам аз ҳозир масъулон барои ҳалли мушкилоти мавҷуда бияндешанд ва чораҷӯӣ намоянд.
Д. ФАЙЗАЛИЕВ,
ноҳияи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3326