logo

сиёсат

ЛАҲЗАҲОИ ҶОВИДОНӢ

Ба андешаи ширкатдори ҷаласаи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 ноябри соли 1992, муҳтарам Ғайбулло Авзалов, “он лаҳзаҳо ҳамагон дарди қалбу ҷисми маҷруҳи Ватанро хуб медонистанд. Худованд баҳри давои ин дард табиби ҳозиқро ба ҳам овард, ба суханони ҳамагон гӯш медод, таҳлил мекард, дар мизони хирад бармекашид, табибе, ки вуҷудаш чун вуҷуди Ватан саропо дард буд”. Тақдир дар фарҷом ба ҳоли рақибоне, ки ду бародарро ба қасди ҷони якдигар шӯронда буданд, писханд зад, оқибати онҳое, ки ҷангҳои бераҳмонаи Рустаму Суҳробро бетоқатона интизорӣ доштанд, шарманда гаштанд. Оре, он рӯзҳо Аҳримани дилсияҳ бо мақсади фитнаангезӣ ноаён ширкат меварзид. Бо дастури баъзе аз коргардонҳо, хабарҳои иғвоангезро паҳн мекарданд, гӯё як гурӯҳ силоҳбадастон атрофи Душанберо кайҳо тасарруф кардаанд, бедодгариҳо зиёданд...! Умед ба ояндаи Тоҷикистон намондааст.
Яке аз мансабдорони беирода ин сафсатаро шунида, руҳбаланд гашта гуфт, ки шумо рафта вазъиятро ором карда биёед, ман ба шумо оши оштӣ метиям! Ҳамоно аз қисмати ҷанубӣ вакиле ба минбар баромада гуфт:
- Бародарони азиз! Мо барои якпорчагии сулҳу салоҳ ва барқарорсозии Ҳукумати қонунӣ омадаем. Мо вакилон ва меҳмонон то ба мақсад расидан, хоку рег мехӯрему ба ҳеҷ куҷо намеравем. 
Бо шунидани ин посухи ҷиддӣ иғвогар лаб фурӯ баст. Ин иғвоҳо фармоишӣ буданд, фазои ғуборолуди Қасри Арбобро оҳиста - оҳиста зудуда, дар симои онҳо нишони меҳру муҳаббат падидор мегашт.
Аз ҳама пеш Президенти амалкунандаи мамлакат муҳтарам Раҳмон Набиев ба сухан баромад, аз дархостҳои вакилон изҳори сипос намуд, пешниҳодро барои бозгашт ба мансаби олӣ рад кард, ба истеъфо рафта, таклиф кард, ки дар чунин шароит гузарондани интихоботи роҳбар осон нест. Дар ин ҳолати буҳронӣ, ки ҳамаи соҳаҳоро фаро мегирифта буд, инсонҳои шинохта баромада мансаби пешниҳодшударо рад мекарданд, бисёриҳо медонистанд, номзадҳои ба мансаби аввал пешниҳодшуда аз ҷониби вакилон ва мардум чандон хуш намеомад. Ҳама интизори чеҳраи нав буданд. Мушкилотро худи мардум осон кард. Дар ин лаҳзаҳои  тақдирсоз ба унвони иҷлосия даста – даста муроҷиатномаҳо,  дархостҳои гуногун ирсол мешуд. Менавишт: Муҳтарам вакилони халқ. Шахси поксиришт, ҷасур, сиёсатмадорро интихоб намоед, ки писандидаи ҳамагон бошад! Инсонҳое, ки ба ояндаи Ватан умед доштанд, аз Офаридгор осоиштагиву пирӯзиву ваҳдатро  талаб мекарданд, ноумед нагаштанд.
Вакили тозарӯ, Эмомалӣ Раҳмон буд, ки собиқаи сиёсӣ дар саҳнаи сиёсати баланд дошт, таҷриба омӯхтаву маҳбуби қалбҳо гашта буд, талоши мансаб надошт, ҳатто дар ин бора боре ҳам андеша накарда буд, ба майдон омад. Болои минбар даъваташ карданд, садҳо ташаккур гуфту иброз дошт: “Гарчи таҷрибаи кофии сиёсӣ надошта бошам ҳам, ҳанӯз дар ҷодаи роҳбарии сиёсати баланд навсафдорам, барои бовариатон миннатпазирам. Шахсони таҷрибадору рӯзгордида дар ин толор бисёранд, бигузор онҳо соҳиби ин минбар гарданд”. Азбаски мухолифин ҳоло вориди Қасри Арбоб нашудаанд, маҷлисро мавқуф гузоштанд. Баъд ба минбар вакил аз ҳавзаи интихоботии Восеъ 71 Ғайбулло Авзалов баромада гуфт, агар мо  мушкилоти ба миён омадаро ҳаллу фасл нанамоем халқу Ватан ҳеҷ гоҳ моро намебахшанд, ба мо ҳамчун хиёнаткор менигаранд. Ин таъкид ҷонибдорони онҳоро, ки аксарияти вакилон буд ва бетағйир намонд. Фурсати пурэҳсосу хирад, ки ҳамагон интизораш буданд, саҳнаи сиёсати Ватанро сафо бахшида, овоздиҳии вакилон ба мансаби Раиси Шурои Олӣ бо ҷонибдории ормону орзуи халқу Ватан, ба Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт. Ин амали хушу гуворо бе ягон бозиҳаи пасипардагӣ, чун оина беғубору поку рӯшан сурат гирифт, орзуву ормони халқ ҷомаи амал пӯшид. Ба ҷуз ду-се нафар ҳама вакилон ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон раъй доданд. 
Он кас дар минбар ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ хеле руҳафзо ва пурмҳтаво суханронӣ карданд: “Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Мо бояд ҳама ёру бародарон бошем, то ки вазъиятро ором намоем. Ҳар чи аз дастам ояд дар ин раҳ талош хоҳам кард. Ман ҷонамро барои осоиши Тоҷикистон фидо мекунам. То охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, ором намешавам”. 
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист фазои ғуборолуди Тоҷикистонро тоза намояд. Кинаҳоро аз сина бишӯяд.
Мардумро бо ҳам орад, ҳамагонро ҳушдор диҳад, ки Тоҷикистон воҳид аст, онро набояд қисмат кунанд. 
Имрӯзҳо кабутари сулҳ дар саросари кишвар дар пароз аст, ки ин, албатта, самари музокирот тулони Сарвари давлати азизи мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамсафони ӯст... Оре, баъди 1180 рӯзи музокирот ва 208 рӯзи аз субҳ то шом баҳсу талош кардан, оқибат 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Дар тули 30-сол ҳаққонияти сиёсати дурусту роҳбарии оқилонаи фарзанди фарзонаи миллат ҳам аз назари стратегӣ ва ҳам сиёсӣ дуруст борҳо ба исбот расиду мерасад. Ҷабҳаҳои гуногуни кишвар, тайи сӣ сол рӯ ба рушду нумӯ аст. Ин сиёсат барои ташаккули раванди раҳоӣ аз буҳрони амиқи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавиро такон бахшид ва дар мамлакат барои ба вуҷуд овардани асосҳои давлатдории навини тоҷикон мусоидат кард.
Имрӯз ба дастовардҳои бузурги кишварамон ҳам дар арсаи байналмилалӣ ва ҳам миқёсӣ  минтақа назар афканда метавонем вазеҳу рӯшан эҳсос намуд, ки муҳимтарин ангезаҳои созанда ҳанӯз дар ҳамон ва дар давраҳои муҳим ба хотири эъмори кишвар ва саодати миллат тарҳезӣ шудааст. Дар расидан ба ин рӯз нақши барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хело бузург аст. Бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сазовор гаштани ин фарзанди фарзонаи миллат далели арҷгузорӣ ба хизматҳои арзандаамон мебошад. 
 
Садриддин ҲАСАНЗОДА, Нависанда
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.01.2022    №: 12    Мутолиа карданд: 1391
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед