logo

Хабарҳо

Токаев ба неруҳои посдори сулҳи СААД барои рисолати муваффақ изҳори сипос кард

Мир24.  «Бо истифода аз фурсат мехостам ба роҳбарият, фармондеҳии  ҳайати  посдори сулҳи СААД барои корҳое, ки дар ин чанд рӯз анҷом доданд, изҳори сипос намоям. Ҳузури  ҳайати посдори сулҳи СААД дар Қазоқистон ва, бахусус дар Алмаато, барои ба эътидол овардани вазъ дар кишвар нақши хеле муҳим бозид. Ҳарчанд  ҳайати посдори сулҳ дар амалиёти ҷангӣ иштирок накарда бошад ҳам, аммо вазифаҳое, ки дар ин  рисолат ба таври кофӣ иҷро кардаанд, хеле муҳим аст”,- таъкид сохт Президенти Қазоқистон.
Токаев, инчунин, аз беморхонаи ёрии таъҷилӣ дидан намуд. Дар он ҷо ӯ бо кормандони амният, ки ҳангоми ҳамлаи террористӣ захмӣ шудаанд, суҳбат кард.  
Баррасии масъалаи хуруҷи неруҳои посдори сулҳи СААД аз Қазоқистон
ТАСС.  Президенти  Россия Владимир Путин бо  Президенти Қазоқистон  Қосим-Жомарт Токаев   зимни гуфтугӯи телефонӣ масъалаи оғози хуруҷи ҳамоҳангшудаи  ҳайати  кишварҳои узви Созмони  Аҳдномаи  амнияти дастаҷамъӣ   аз ин кишварро баррасӣ кард. Дар ин бора   дафтари матбуоти Кремл хабар дод.
"Президенти Қазоқистон дар бораи тадбирҳои барқарорсозии ниҳоии тартибот дар кишвар, ки бо дарназардошти амалҳои муассири неруҳои дастаҷамъии посдори сулҳи СААД гирифта шудаанд, иттилоъ дод",- омадааст дар хабар.  
 
ХФБ террористонеро, ки ДИИШ-ро маблағгузорӣ мекарданд, боздошт 
Лента.ру. Кормандони  Хадамоти федералии бехатарӣ  дар вилояти Иваново ҳафт узви созмони  экстремистии “Ат-Такфир вал-Ҳиҷра”-ро, ки дар Россия мамнуъ аст, боздоштанд. 
Ба иттилои  ХФБ, ячейка  дастикам аз се шаҳрванди Россия ва чаҳор шаҳрванди Озарбойҷон  иборат мебошад. Дар боздошти онҳо кормандони Росгвардияи вилоят кумак кардаанд. Ҳамаи аъзои ин ячейка ба ташкили фаъолияти як созмони ифротӣ муттаҳам мешаванд.
Илова бар ин, ду нафари онҳо ба маблағгузории  ташкилоти байналмилалии террористии “Давлати исломӣ” (ДИ), ки дар Россия мамнуъ  аст,  даст доштаанд. Тибқи Кодекси ҷиноятии  Федератсияи Россия,   онҳоро  ҳабси абад таҳдид мекунад.
 
Дабири кулли СММ бар  зарурати  муколамаи Россия бо ИМА ва НАТО таъкид сохт
Известия.  Муколамаи Россия бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) муҳим аст ва он бояд боиси паст шудани шиддат миёни муносибати тарафайн гардад. Дар ин бора Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш   ба хабарнигорон  иттилоъ дод. 
«Ҳамаро  тезутунд шудани шиддати вазъияти ҳозира ба ташвиш овардааст. Муҳим аст,  муколамае, ки ҳоло ҷараён дорад, имкон диҳад,  то роҳи коҳиши ташаннуҷро пайдо кунем ва аз ҳар гуна бархӯрд, ки барои Аврупо ва тамоми ҷаҳон фалокатовар хоҳад буд, пешгирӣ намоем ",- гуфт Гутерриш дар посух ба савол дар бораи натиҷаҳои  музокироти Россия, ИМА ва НАТО.
Қабл аз ин сухангӯи  Президенти Россия Дмитрий Песков гуфт, ки, дар маҷмуъ, ба Кремл  натоиҷи музокироти Россия ва НАТО дар бораи кафолатҳои амниятӣ рӯшан аст. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло Россия изҳороти хаттии онҳоро интизор аст.
 
Ҷангҷӯёни «Толибон» дар Афғонистон гирдиҳамоӣ намуданд
МКRU. Дар Афғонистон ҷангиёни ӯзбеки  ҳаракати «Толибон»  бар зидди  амали раҳбарияти ин гурӯҳ дар вилояти Форёб ба эътироз баромаданд. 
Сабаби тазоҳурот дар шаҳри Маймана боздошти фармондеҳи ӯзбектабори  саҳроӣ Махдум Алям будааст. Толибон ӯро дар шаҳри Мазори Шариф (вилояти Балх) бо гумони рабудани се зан боздоштанд. Эътирозгарон озодии фаврии  ӯро талаб карданд. 
Бино ба гузоришҳо, миллатгароёни паштун Маймана ва  маҳаллаи аҳолинишинро таҳти назорати ҷамъияти ӯзбекҳо  гузоштанд.
Тибқи иттилои шабакаи Telegram Directorate 4, «Толибон» далели ҷой доштани тазоҳуротро тасдиқ   ва зикр карданд, ки ихтилофотро бо эътирозгарон ҳал намудаанд.
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 787
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед