фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
МУАММОИ «АРЧА»
1. Мучали соли 2022. 2. Намои неъмати моддӣ, ки дар нишони миллӣ акс ёфтааст. 3. «***ро зи моҳӣ бояд омӯхт».
4. Асбоби тории мусиқӣ. 5. Гиёҳи хушбӯйи бӯиданӣ ва хӯрданӣ. 6. Иди миллӣ. 7. Воситаи алоқаи байни одамон.
8. Хидматгузор, ҳамнишини амирону шоҳон. 9. Қаҳрамони достони Мирзо Турсунзода. 10. Персонажи афсонаҳои тоҷикӣ. 11. Яке аз чор қутби олам. 12. Моҳ ба арабӣ, киноя аз хушрӯ, зебочеҳра. 13. Қаҳрамони «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ. 14. Иди ҳосил. 15. Ҳаммаънои равшанӣ. 16. «То ҳаст зи ҷонам ***е , кори ман ин аст». 17. Ҳарфи алифбои ниёгон.
18. Китобе, ки дар он воҳидҳои забонӣ ба тартиби муайян омада, шарҳ дода мешаванд. 19. Асари Саъдии Шерозӣ.
20. Исми маъмулии занонаи тоҷикӣ. 21. Шодӣ, базм, сурур. 22. Набераи Бобои барфӣ. 23. Шаҳр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 24. Яке аз асосгузорони мусиқии миллии немис. 25. Навъи маҳсулоти полизӣ. 26. Муродифи вожаи панд.
27. Бахше аз мол, маблағ ва ё моле, ки мувофиқи шариати ислом мусулмонони доро ҳар сол бояд дар роҳи Худо сарф кунанд. 28. «Истода менамояду чун *** меравад». 29. Навъи санъат. 30. Исми моҳи солшумории шамсӣ. 31. Моеи хушбӯй. 32. Ҳайвони саворӣ дар «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ.
33. Асари Сайидои Насафӣ. 34. Шумораи миқдорӣ. 35. Навъи техникаи кишоварзӣ. 36. Даҳ, дувоздаҳ, понздаҳ. 37. Макони илму дониш, тарбия. 38. Жанри адабӣ. 39. Асъори хурди миллии замони шуравӣ. 40. *** Думбадзе, адиби гурҷӣ.
41. «Мирзо ***», романи Ҳабибулло Назаров. 42. Ҷирми осмонӣ. 43. Факт, далел. 44. Неъмати моддӣ. 45. Навъи ширинӣ. 46. Кулоҳи миллии тоҷикӣ. 47. Истилоҳи илми математика. 48. Ноҳия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 49. Пайғом, хабар.
Мураттиб Ҳотами ҲОМИД, сокини ноҳияи Рӯдакӣ
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер:
93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
САЗОИ САРИ МУНАҚҚИД
Мунаққиди машҳури адабиёт Белинский, одатан, тақризҳои талху нешдор менавишт. Боре ба ӯ маблағи калон ваъда дода, хоҳиш карданд, ки дар бораи як китоб хулосаи таърифӣ нависад. Белинский, ки ҳамон лаҳза табъи хуш надошт, қатъиян розӣ намешавад. Меҳмонони нохонда ноилоҷ таҳдид мекунанд, ки зада дандонҳояшро мешикананд. Белинский баъди фурсате гӯё ба худ омада, ба гирифтани маблағ розигӣ медиҳад. Вале дар рӯзу соати ваъдагӣ касе дари утоқашро тақ-тақ намекунад. Сипас, ӯ аз пеши худ хулоса мебарорад, ки агар ин одамон дар додани маблағ ба ваъда вафо накарданд, яқинан, зада маъюб карданашон ҳам, дар гумон аст. Ба ҳамин хотир, бо дили пур қаламу коғаз гирифта, дар тақризи обдораш арзиши китобро баробар ба хокистар паст мезанад. Вале ғайричашмдошт, ин дафъа ошноҳои ноошнояш ба ваъдаашон устувор мемонанд, аниқтараш чанд нафар омада, мунаққидро мурданак шаттакорӣ мекунанд.
Аз русӣ тарҷимаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ЧЕРЧИЛл
Боре Сарвазири вақти Британияи Кабир Уинстон Черчилл дарак ёфт, ки як киностудияи машҳури амрикоӣ дар бораи ӯ филм таҳия мекунад. Коргардон бошад, нақши сиёсатмадори он вақт 65-соларо ба ҳунарманди машҳури 85-сола Чарлз Клофтон бовар кардааст. Ниҳоят, вақте гонорари актёр расонаӣ мешавад, Черчилл нимшӯхиву нимҷиддӣ чунин мегӯяд:
- Ин мардаки хуб, аввал ин ки, нисбат ба ман хеле фарбеҳ, дуюм, аз ҳад пир аст. Сеюм ин ки, агар ҳамин маблағи калонро ба худам медоданд, нақшро беҳтар бозӣ мекардам.
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
10 ИХТИРОИ МУҲИМТАРИНИ ИНСОНИЯТ
ДАР СОЛИ 2021
1. ВАКСИНА АЛАЙҲИ COVID – 19 ДАР АСОСИ РНК-И МАТРИКӢ
Соли 2021 барои олимони ихтироъкор пурбарор арзёбӣ мешавад, зеро донишмандон дар соҳаҳои гуногуни илм ба як қатор кашфиётҳое даст ёфтанд, ки муайян намудани муҳимтарини он душвор аст. Бо вуҷуди ин, сомонаи «ridus.ru» бо ин мақсад кӯшиш карда, 10 муҳимтарин ихтирои инсониятро дар соли 2021 эълом доштааст, ки рӯзномаи «Ҷумҳурият» онро манзури ҳаводорони саҳифаи «Шоми шанбе» ва дӯстдорони олами илм менамояд.
Бешубҳа, кашфи РНК-и матрикӣ (матричные РНК) бар зидди бемории COVID – 19 аз муҳимтарин дастоварди олимони соҳаи тиб дар соли 2021 ба ҳисоб меравад. Тайи даҳсолаи ахир ин ихтироъ бузургтарин дастовард дар соҳаи тиб мебошад, зеро ваксинаҳои дар асоси РНК-и матрикӣ таҳияшударо метавон зуд ва осон барои муолиҷаи намудҳои гуногуни бемории COVID – 19 мутобиқ кард.
Фарқи ваксинаҳои матрикӣ аз маъмулӣ дар он аст, ки онҳо баданро водор менамоянд то мустақилона сафеда тавлид кунад. Ҳамин тавр, масунияти инсон пурқувват гардида, организм бо вирус мубориза мебарад. Дар баробари ин, чунин ваксинаҳоро метавон барои табобати бемориҳои саратон, ВИЧ ва дигар касалиҳои хавфнок истифода намуд.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
ТАВСИЯ
ЧӢ ГУНА АЗ ТАНБАЛӢ РАҲО ЁБЕМ?
Танбалӣ чист? Вожаи пуристифода бо навъҳои гуногуни корбурд дар зиндагии башарӣ. Ба таври куллӣ танбалӣ гурез аз корҳоест, ки лозим ба анҷоманд. Мутахассисони соҳаҳои равоншиносиву ҷомеашиносӣ барои дармони танбалӣ роҳҳои зиёдеро дар пешорӯи мо қарор медиҳанд, ки бо амал кардан бо онҳо мо метавонем, аз танбалӣ раҳо ёфта, ба зиндагии худ зебоӣ бахшем.
Ба ин хотир, ба муштариён чанд тавсияро пешниҳод мекунем, ки барои раҳо гаштан аз танбалӣ ёрӣ хоҳад расонд.
1. МУШКИЛИ АСЛИРО ПАЙДО КУНЕД
Ҳар вақте танбалӣ “суроғатон омад”, лаҳзае фикр кунед. Бубинед мушкил куҷост ва танбалӣ аз куҷо пайдо шудааст. Зеро танбалӣ ба таври кул як нишона ё бемориест, ки бояд иллати он кашф ва дармон шавад. Далелҳои мухталифе барои танбалӣ вуҷуд доранд, ки беангезагӣ, хастагӣ ва тарс аз ҷумлаи онҳоянд.
Таҳияи Кароматулло АТО
МУЪҶИЗАҲОИ ВАРЗИШӢ
1. МЭТТ ШТУТСМАН
Камонвари бедасте, ки рекордсмен шуд
Қаҳрамони мо камонвари 39-солаи амрикоист, ки бе даст ба дунё омадааст. Аз ин хотир, волидонаш аз тифл даст кашиданд. Вале ба зудӣ Мэттро оилаи Штутсман ба фарзандӣ қабул кард. Кӯдак аз рӯзҳои аввал ба ҷойи дастон пойҳояшро кор фармудан гирифт ва ба зудӣ мустақилона хӯрок хӯрдан, навиштан ва расм кашиданро омӯхт. Дар 9-солагӣ дучархасаворӣ мекард. Вақтҳои холигӣ ба тирпарронӣ аз таппонча машғул мегардид. Дар ин кор чунон моҳир буд, ки аз масофаи 30 ва 50 метр тирро бехато ба ҳадаф мерасонд. Мэтт Штутсман баъд аз харидани камон ба тамрини камонварӣ машғул шуд. Ӯ мегӯяд, ки камонвариро аз тамошои сабтҳои видеоии ин риштаи варзиш омӯхтааст. Пас аз тамринҳои пайдарпай маҳораташ ба таври бесобиқа рушд ёфт. Имрӯз Мэтт узви тими паралимпии кишвараш буда, дар қатори дигар пирӯзиҳояш, барандаи медали нуқраи Паралимпиадаи Лондон – 2012 мебошад.
Камонвари моҳир бо чанд рекордаш шомили Китоби рекордҳои Гиннес гардидааст.
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ
ГАНҶИ ШОЙГОН
То пурмаонӣ шавӣ
Ба Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ яке аз шогирдонаш изҳор дошт, ки дар маҳфиле нафаре гуфт: «Ман солҳо назди Мавлоно таълим гирифтам, аммо чизе аз ӯ наомӯхтам».
Мавлоно посух дод: «Рост гуфтааст, ӯ чизе дар ин муддат натавонист биёмӯзад, чун вуҷудаш аз даъвӣ пур буд. Ба назди мо бо кӯзаҳои холӣ биёед, на пур аз сангу гил, то онҳоро аз равған пур бисозем». Ва дар идомаи суханаш афзуд:
Зи даъвӣ пурӣ, з-он тиҳӣ меравӣ,
Тиҳӣ ой, то пурмаонӣ шавӣ.
Китобати Абдулқодири РАҲИМ
ДАР ТОБУТ КИСА НЕСТ
«КЛУБИ ХАЙРХОҲОН» Ё ФАЛСАФАИ ЗИНДАГИИ ДОРОТАРИН ОДАМИ САЙЁРА
«Ба камбизоатӣ зарбаи ҷиддӣ расонед ва дар муборизаи глобалӣ бар зидди пандемия кумак кунед!» Ҳоло бо чунин шиор дар ҷаҳон як «Клуби хайрхоҳон» амал менамояд, ки он ҳанӯз соли 2010 аз ҷониби сармоягузор Уоррен Баффет, муассиси Microsoft Билл Гейтс ва ҳамсари собиқи ӯ Мелинда таъсис ёфтааст. Айни замон, ин клуб 231 сарватманди оламро аз 28 кишвари ҷаҳон муттаҳид кардааст, ки онҳо қисме аз маблағҳои худро барои эҳсонкорӣ ва расондани хайрияҳо сарф мекунанд.
Ҳар сарватманде, ки узви клуб мешавад, «савганди ҳадия» ёд мекунад. Дар байни онҳо Гейтс машҳуртарин хайрхоҳ аст. Вай ба 136 миллиард дороии худ муносибати фалсафӣ дорад – дар тобут киса нест...
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
ЭКОВЕКТОР
Имрӯз сайёҳон дар саросари ҷаҳон макони тамошои худро аз рӯйи омилҳои гуногун, аз ҷумла ҳифзи муҳити зист, махсусияти экологии минтақаҳо, меваҳои табиӣ ва кам будани ҳаҷми партовҳо интихоб мекунанд. Рубрикаи «Эковектор» хонандагони «Шоми шанбе»-ро бо мавзеъҳои нодири экологии Тоҷикистон шинос мекунад.
САРИХОСОР
Боғи табиии Сарихосор дар ҳудуди ноҳияи Балҷувон ҷойгир буда, 3805 гектар масоҳат дорад. Ин мавзеъ дорои ҷангалзори табиӣ ва флораву фаунаи гуногуни кӯҳистонӣ мебошад.
Дар он намудҳои гуногуни дарахтон, махсусан чормағзи юнонӣ ва гулу буттаҳои нодир, инчунин, ҳайвоноти гуногун ба монанди хирс, хуки ёбоӣ, паланги барфӣ мавҷуд аст.
Ҳавои тоза ва шаршараи пушти боғ бештар тамошобинонро ба ин макон меорад.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
ПАНҶ БРЕНДИ АҶИБИ ШОКОЛАД
1. БРЕНДИ "TEUSCHER" ДАР СЮРИХ (ШВЕЙТСАРИЯ)
Мардуми Швейтсария аз рӯи истеъмоли шоколад дар ҷаҳон пешсафанд. Тасаввур кунед, ҳар сокини ин кишвар дар як сол ба ҳисоби миёна 8,8 килограмм шоколад мехӯрад. Табиист, ки бо чунин талабот Швейтсария бояд ба кишваре табдил ёбад, ки дар он шоколади беҳтарин истеҳсол карда шавад. Яке аз ширкатҳое, ки шоколадро бо санъати баланд истеҳсол мекунад, "Teuscher" мебошад. Бренди швейтсарии "Teuscher" соли 1932 таъсис ёфта, мағозаи он дар маркази таърихии Сюрих ҷойгир аст. "Teuscher" тақрибан 200 намуди ширинӣ истеҳсол мекунад, ки машҳуртарини онҳо «Трюфли шампанӣ» мебошад.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ПЕШВОЁНИ СИЁСӢ ВА ҲАҚҚИ ҚАЛАМ
АУГУСТО ПИНОЧЕТ
Сиёсатмадоре, ки аз ҳисоби кори эҷодӣ миллиондор шуд
Дар оғози соли 2000-ум дар Чили яке аз диктаторони асри XX Аугусто Пиночет, ки аллакай 88 сол дошт, ҳабс шуд. Бо вуҷуди ин, собиқ диктаторро дар хунтаи ҳарбӣ, ки бар асари он 3 ҳазор нафар бенишон гардидааст, гунаҳгор донистанд. Ғайр аз ин, таҳқиқот Пиночетро дар дуздӣ, қаллобӣ ва ришваситонӣ, ки ҳашт миллион доллар дошт, муттаҳам намуд. Вале, ақрабои Пиночет изҳор кардаанд, ки қисми бештари маблағи ҳабсшудаи ӯ аз ҳисоби ҳаққи қалами фаъолиятҳои эҷодиаш ба даст омадаанд.
Воқеан, Пиночет дар давоми умри тулонии худ чанд китоби ҷиддӣ навиштааст, ки «Географияи Чили, Боливия ва Перу», мақолаҳои ҳарбӣ дар маҷаллаи «Сад уқоб» , «Мавқеи низомӣ», «Дунё ва қувваҳои мусаллаҳ» ва заҳмати фарогир оид ба «Ғасби амрикоии Амрикои Ҷанубӣ» аз зумраи онҳоанд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
НОГУФТАҲО АЗ ОЛАМИ ПАРАНДАҲО
ПАРАНДА - САРОЯНДА
Хонандагони азиз, оё медонистед, ки дар дунё паранда - сароянда ҳам вуҷуд дорад? Тааҷҷубовар аст, не? Пас, таваҷҷуҳ кунед.
Валдо ном тӯтие гурӯҳи сарояндагиеро роҳбарӣ мекунад, ки то имрӯз панҷ албоми сурудҳояшро пешкаши ҳаводорон намудааст. Ин гурӯҳ «Hatebeak» ном дошта, дар сабки «дэт-металл» месарояд. Сурудҳо танҳо дар студия сабт мешаванд ва то кунун Валдо консерти зинда барпо накардааст.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
ДИҚҚАТ, РУБРИКАИ НАВ!
Ҳеҷ гоҳ ноумед шудан нашояд. Ҳолатҳое ҳастанд, ки инсонҳои бо имкониятҳои маҳдуд на танҳо зинда мемонанд, балки машҳур шудаву номи худро барои ҷовидонӣ чун нақш дар санг дар саҳифаҳои таърих ҳаккокӣ мекунанд. Дар рубрикаи нави «ҚУДРАТИ ИНСОН» интихобан даҳ нафареро бароятон ошно месозем, ки, қатъи назар аз иллати маъюбияшон, дунёро тасхир намуда, дар дили ҳазорҳо ҳамтақдирашон донаи умед ба зиндагӣ коштаанд.
1. СТИВЕН УИЛЯМ ҲОКИНГ
Олими бузурги англис, дорандаи Медали президентии Озодии ИМА (Presidential Medal of Freedom) Стивен Уилям Ҳокинг қонунҳои фундаменталиеро меомӯзад, ки коинотро идора мекунанд. Донишаш, ки ҷаҳонгир аст, бо 12 унвони ифтихории соҳаи илм сазовор гардидааст. Китобҳои Ҳокинг «Таърихи кӯтоҳи вақт» («Краткая история времени») ва «Роғҳои сиёҳ, коиноти ҷавон ва дигар очеркҳо» («Чёрные дыры, молодая Вселенная и другие очерки») дар қатори машҳуртарин бестселлерҳо эътироф гардида, аз серхаридортарин асарҳои дунё маҳсуб меёбанд.
Албатта, боварнокарданист, вале бо ҳама шуҳрате, ки дорад, Ҳокинг ҳанӯз дар синни 20-солагӣ мубталои бемории фаромӯшхотирӣ гардида, то охири умр баданаш қариб батамом карахту беҳис боқӣ мемонад. Тамоми муваффақияти худро ӯ бо такя ба ангуштони дасти росташ сазовор гардидааст, ки доим дар ҳаракат буданд ва роҳаткурсии равони ӯро идора мекарданд. Воқеан, Ҳокинг бар асари беморӣ нутқашро ҳам бой дода буд. Компютери махсус, ба қавле, ба ҷои ӯ гап мезад.
Аз русӣ тарҷимаи Самад ҚУРБОНАЛӢ
ДОРОТАРИН ҲУНАРМАНДОНИ ОЛАМ
Касби ҳунарпешагӣ аз одам масъулияти бузург ва қурбониро талаб мекунад, вале, дар баробари ин, на танҳо шуҳрати оламшумул, балки сарвати зиёд низ ҳам меорад. Ин навбат тасмим гирифтем, барои алоқамандони саҳифаи «Шоми шанбе» дар бораи доротарин ҳунармандони олам маълумот диҳем.
1. Шоҳрух Хон
Айни замон доротарин ҳунарпешаи олам Шоҳрух Хон мебошад, ки, ҳамчунин, бо тахаллуси «Шоҳи Болливуд» машҳур аст. Дороии ӯ беш аз 740 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Шоҳрух соли 1965 дар шаҳри Деҳлӣ таваллуд шуда, бори нахуст соли 1988 дар силсилафилми телевизионии «Навхонадорон» нақш офарид. Нақшҳои офаридааш дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта ба ӯ шуҳрати ҷаҳонӣ бахшид.
Шоҳрух дорои 8 ҷоизаи «Filmfare» аст. Соли 2005 барои саҳмгузорӣ дар рушди кинематаграфияи ҳинд бо ҷоизаи давлатии «Падма Шри» қадр гашт.
Таҳияи Комрон САФАР
ФИРЕБҲОИ ИҚТИСОДӢ
НАПОЛЕОН ВА ТАНГАИ ЯКМИЛЛИОНА
Соли 1797 Наполеон Бонапарт қурби пули миллии кишварашро бо як рекламаи ғайриодӣ боло бурд. Ӯ эълон кард, ки дар рӯйи яке аз тангаҳои 5-франка бо маблағи як миллион франк чек ҳаккокӣ шудааст ва ҳар нафаре ин тангаро ба бонк пешниҳод кунад, соҳиби як миллион франк мешавад. Бонки марказии Фаронса то ҳол гарави додани ин маблағро ба уҳда дорад, аммо то имрӯз касе он тангаро пайдо накардааст.
Таҳияи Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ
ҲУКМҲОИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
25 ҲУКМИ АБАД БА ЯК НАФАР
ё ҷазое, ки иҷрояш баробари зарфияти инсон нест
Ин ҳукми вазнин солҳои 70-уми асри гузашта нисбат ба шаҳрванд Хуан Валлехо Коронаи амрикоӣ содир шуд. Суди иёлати Калифорнияи ИМА ӯро дар куштори 25 нафаре айбдор кард, ки баҳори соли 1971 дар боғҳои гуногуни меваҷот зери фармонаш кор мекарданд. Ин дар ҳолест, ки мақомоти додситонӣ шумораи одамони кушташударо аз ин ҳам бештар медонад, зеро ҷасади қурбониён то ҳол ёфт нашудааст.
Соли 1978 суди марҳилаи шикоятӣ ин ҳукмро барои бозбинӣ баргардонд, вале ҳайати додгоҳӣ баъд аз 52 соат машварати якҷоя ҳукми суди Калифорнияро бетағйир гузоштанд.
Таҳияи Ф. ҶУМЪАЗОДА
ИНСОН ВА АСРОРИ КОИНОТ
Кӯлу дарёҳои Миррих куҷо шуданд?
Дар асри XVII бо ихтирои телескоп барои инсон давраи нави кайҳоншиносӣ ва омӯхтани рози коинот оғоз гардид. Бо ёрии ин дастгоҳ аз миёни бурҷҳои осмонӣ 8 сайёраи бузурги системаи офтобӣ маълум карда шуд, ки яке аз онҳо Миррих мебошад.
Тибқи маълумоти киштии кайҳонӣ, қаблан дар Миррих гидросфераи мукамали дорои баҳру кӯлу дарёҳо вуҷуд дошт. Бо тағйир ёфтани иқлим аксар аз байн рафта, қисме дар садҳо метр чуқурии замин ях бастаанд.
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.01.2022 №: 12 Мутолиа карданд: 2640