фармонҳои президент
ШАРҲИ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ,
андозаи нафақа ва стипендия» аз 13-уми январи соли 2022, № 312
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021 бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ марҳила ба марҳила зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ ва ҳарбӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендияро зарур шумурданд.
Дар ин робита, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» 13-уми январи соли 2022, № 312, ба тасвиб расидааст, ки тибқи он аз 1-уми январи соли 2022 маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот ба андозаи 20 фоиз ва аз 1-уми июли соли 2022 музди меҳнати кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, яъне мактабҳои миёна, муассисаҳои томактабӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, муассисаю ташкилотҳои соҳаи фарҳанг, соҳаҳои иҷтимоӣ ва муассисаю ташкилотҳое, ки музди меҳнаташон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баробар мебошад, ба андозаи 20 фоиз зиёд мешавад.
Инчунин, аз санаи мазкур андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ба андозаи 20 фоиз зиёд мегардад. Дар баробари ин, ҳадди ақалли музди меҳнат аз 1-уми июли соли 2022 барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 600 сомонӣ дар як моҳ ташкил медиҳад.
Мутобиқи Фармон, аз 1-уми июли соли 2022 андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл ва нимятимон, бинобар маҳрум шудан аз саробон, ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд мешавад.
Барои амалӣ намудани зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, стипендия ва нафақаҳои суғуртавию иҷтимоӣ ва кумакпулиҳо аз рӯи андозаҳои дар боло зикргардида, соли ҷорӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ва буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 1,6 миллиард сомонӣ равона мегардад.
Анҷом додани тадбири мазкур баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, бахусус дастгирии давлатии қишри осебпазири ҷомеа дар шароити кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва татбиқи ҳадафмандонаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, равона гардидааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.01.2022 №: 13 Мутолиа карданд: 5234