logo

иқтисод

ДУШАНБЕ. БАРДОШТ АЗ СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ

 
Соли 2021 мардуми шарифи тоҷик, аз ҷумла сокинони пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе, 30 - солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас дар самти бунёдкориву созандагии Ватани соҳибихтиёри худ таҷлил намуданд. Давоми соли 2021 дар шаҳри Душанбе 182 иншооту биноҳои ҷашнӣ ба маблағи умумии 7 миллиард сомонӣ ба истифода супурда шуданд. 
Ин нуктаро раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 баён кард.
 
ТАЪСИСИ 15 ҲАЗОР ҶОЙИ КОР 
Аз рӯйи маълумоти шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси шаҳр, дар ҷаласа Рустами Эмомалӣ гуфт, ки, аз ҷумла  дар доираи ҷамъбасти ин ҷашни бузурги миллӣ бунёди 16 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ, 8 муассисаи тандурустӣ, 50 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 162 километр роҳ, 19 бинои маъмурӣ, 225 иншооти баландошёна бо 161 маркази хизматрасонӣ, 62 майдончаи варзиш, 9 гулгашт, таъмири 2 321 бинои истиқоматӣ, 116 хобгоҳ ва таъсиси беш аз 15 ҳазор ҷойи нави корӣ, анҷом, дода шуд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 114 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 1,5 баробар, гардиши савдо 115 фоиз, хизматрасониҳои пулакӣ 123 фоиз ва боркашонӣ 104 фоиз афзоиш ёфта, рушди маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба 18 миллиард сомонӣ расонда шуд. Ҳиссаи маҷмуи маҳсулоти пойтахт дар маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат ба 19 фоиз баробар гардид.
 
БОЗ 220 БИНОВУ ИНШООТ БО ГАРМӢ ТАЪМИН МЕШАВАД
Давоми соли сипаришуда марказҳои барқу гармидиҳӣ 1,6 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 884 ҳазор киловатт-соат зиёд аст.
Раиси шаҳр ҷиҳати сари вақт бартараф намудани камбудиҳои соҳа, аз ҷумла ба инобат гирифтани шартҳои техникӣ ҳангоми бунёди иншоот, аз нуқтаҳои наздик васл кардани ноқилҳо, аз байн бурдани қарздорӣ, гузаштан ба системаи хизматрасонии электронӣ, инчунин, барои ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст намудани боз 220 бинову иншооти нав дар давраи зимистони солҳои 2022-2023 ба масъулон дастур дод.
Ҷиҳати ба талаботи шаҳрсозӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахт таъкид дошт, ки иншооту биноҳои шаҳр бояд бо усули замонавӣ ва бо назардошти санъати баланди меъмории миллӣ, зебо ва бо сифати баланд бунёд шаванд, то ба наслҳои оянда садсолаҳо хизмат расонанд. Дар ин робита, кори комиссияҳои қабули давлатии иншооту биноҳо беҳбудиро тақозо менамояд, зеро аксар вақт биноҳо бе инобати роҳҳои зарурӣ, майдончаҳои бозии кӯдакон,  шароит барои маъюбон, таваққуфгоҳҳо бунёд мешаванд.
 
ДАСТУРИ РАИС БАРОИ ИСЛОҲИ КАМБУДИҲО
Гуфта шуд, ки дар зарфи 5 соли охир дар пойтахт 162 километр роҳҳо навсозӣ шудаанд, ки 7,7 километри он ба соли сипаришуда рост меояд. Мақомот ҷиҳати пешгирӣ кардани воридшавии сел ба кӯчаву хиёбонҳои шаҳр то имрӯз 16 километр шабакаҳои селпарто сохта, ба истифода додааст.
Инчунин, бо мақсади дастгирии соҳаи роҳсозӣ дастгоҳи истеҳсоли асфалти аълосифат бо иқтидори 160 тонна дар як соат ва таҷҳизоти сангмайдакунӣ бо иқтидори 140 тонна дар як соат ба маблағи 16 миллион сомонӣ харидорӣ гардид, ки соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад. Барои санҷиши масолеҳи сохтмони роҳ соли ҷорӣ аз Ҷумҳурии Италия 110 дастгоҳи озмоишгоҳӣ ворид мегардад, ки ҳамаи ин баҳри баланд бардоштани сифати масолеҳи роҳсозӣ ва сохтмони роҳҳо равона шудаанд.
Рустами Эмомалӣ вобаста ба ҳолатҳои кашол додани муҳлати иҷрои корҳо дар баъзе иншооти роҳсозӣ, истифодаи масолеҳи пастсифат ва баъди ба истифода додани роҳҳо дар муҳлатҳои кӯтоҳ пайдо шудани ноҳамвориҳо, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои соҳа ва дар муҳлати муқарраршуда мутобиқ ба стандартҳои муосир ба истифода додани роҳҳо ба масъулон супориш дод.
 
ҲОЛАТИ МУСОФИРКАШОНӢ БЕҲТАР МЕШАВАД
Дар панҷ соли охир соҳаи нақлиёти мусофиркашонии шаҳр комилан навсозӣ гардида, имрӯз хизматрасонии сокинону меҳмонони пойтахт тавассути воситаҳои нақлиёти замонавӣ ба роҳ монда шудааст. Дар панҷ соли охир аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, дар маҷмуъ, 578 воситаи нақлиёти мусофиркашӣ, аз ҷумла 474 автобус ва 104 троллейбуси беноқили замонавӣ харидорӣ гардид.
- Бо мақсади таҷдиди парки коммуналӣ, дар доираи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин созишнома ҷиҳати ворид намудани 466 воситаи нақлиёти коммуналӣ ба маблағи 415 миллион сомонӣ ҳамчун кумаки техникӣ ба имзо расонда шуд. Соли сипаришуда аз ин ҳисоб 413 нақлиёти коммуналӣ ба пойтахт ворид гардида, 53 нақлиёти боқимонда соли ҷорӣ ворид мешавад, - гуфт Рустами Эмомалӣ.
 
МУШКИЛОТИ ҶОЙИ НИШАСТ ПУРРА ҲАЛ ШУД
Ба гуфтаи раиси шаҳр, тайи 5 соли охир дар Душанбе 27 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 45 ҳазор ҷойи нишаст дар ду баст ва 12 муассисаи томактабӣ барои беш аз 2 ҳазор тарбиятгиранда мавриди истифода қарор дода шуда, бо ҳамин мушкилоти чандинсолаи соҳаи маориф, яъне норасоии ҷойи нишасти хонандагон пурра ҳал гардид.
Давоми соли 2021-ум 7 муассисаи таълимӣ барои 15 ҳазор ҷойи нишаст дар ду баст бо тарҳи замонавӣ бунёд гардида, ба истифода супурда шуд. Ҳоло дар шаҳр сохтмони боз 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 40 ҳазор ҷойи нишаст ва 19 муассисаи томактабӣ идома дорад.
Дар се соли охир ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил шудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ба 80 фоиз расидааст. Соли сипаришуда хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, сазовори 773 медал гардиданд. Ҳамасола хонандагону донишҷӯёни болаёқат аз стипендияи раиси шаҳр бархӯрдоранд.
Инчунин, раиси шаҳр иброз дошт, ки бо вуҷуди фароҳам гардидани шароити мусоид ва таваҷҷуҳу дастгириҳои роҳбарияти олии мамлакат ва мақомот дар соҳаи маорифи пойтахт камбудиҳо низ ҷой доранд. Ба масъулин дастур дода шуд, ки ҷиҳати такмили сатҳи касбии омӯзгорон ва баланд бардоштани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва ислоҳи камбудиҳои соҳа тадбирҳои зарурӣ амалӣ намоянд.
Аз ҷониби Рустами Эмомалӣ пешниҳод шуд, ки дар шаҳр озмуни забондонӣ барои хонандагон зери унвони «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ», инчунин, озмуни «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» аз рӯи фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ соли ҷорӣ ва минбаъд низ ташкил ва гузаронда шаванд.
 
ҶАРРОҲИИ 118 КӮДАК АЗ ФОНДИ РАИСИ ШАҲР
Дар зарфи панҷ сол муассисаҳои тиббии шаҳр бо 35 мошини  замонавии ёрии таъҷилӣ ва дастгоҳҳои нави ташхис таъмин гардида, 118 нафар кӯдаки нуқсони дилдошта аз ҳисоби маблағҳои фонди захираи раиси шаҳр ҷарроҳӣ шуд ва ин кор минбаъд низ идома дода мешавад, - зикр намуд Рустами Эмомалӣ. 
Соли сипаришуда бо мақсади пешгирии пандемияи коронавирус яку ним миллион воя ваксина ворид шуд ва то имрӯз 725 ҳазор сокини шаҳр, ки 100 фоизи гурӯҳи мақсаднокро ташкил медиҳанд, эм карда шуд.
 
ИШТИРОКИ ФАЪОЛ ДАР ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Мавзуи дигаре, ки аз ҷониби раиси шаҳр таҳлилу баррасӣ гардид, ин баланд бардоштани мақоми занону ҷавонон ва нақши онҳо дар ҷомеа, мусоидат ба таҳсилу касбомӯзӣ ва таъмини онҳо бо ҷойи кор буд. Ҳоло дар пойтахт бунёди як қатор иншооти муосири варзиш, аз ҷумла варзишгоҳи бузург бо 30 ҳазор ҷойи нишаст ва 135 майдончаи варзиш дар назди биноҳои баландошёна, бомаром идома дорад. Дар зарфи 5 сол дар пойтахт 262 майдончаи варзиш ва бозии кӯдакона бунёд шуд, ки имрӯз сокинони пойтахт, аз ҷумла ҷавонону наврасон, аз онҳо босамар истифода мебаранд.
Варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои бонуфузи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби 9 ҳазор медал гардиданд.
Соли сипаришуда дар доираи эълон гардидани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зиёда аз 300 чорабинии гуногуни фарҳангиву сиёсии шаҳрӣ ва ҷумҳуриявию байналмилалӣ гузаронда шуд.
Дастпарварони муассисаҳои пойтахт дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» иштирок варзида, ба 108 ҷойи ифтихорӣ сазовор шуданд ва шаҳри Душанбе бо гирифтани ҷойҳои зиёд зинаи аввалро дар мамлакат ишғол намуд.
 
БУНЁДИ 17 БОҒ ВА 57 ГУЛГАШТ
Бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардондани пойтахт соли сипаришуда дар ҳудуди пойтахт 226 ҳазор бех дарахту буттаҳо, аз ҷумла зиёда аз 5 ҳазор бех дарахтони аз хориҷи мамлакат воридшуда ва 23 миллион гули мавсимию бисёрсола, дар маҷмуъ, тайи панҷ соли охир дар хиёбону гулгаштҳо ва боғҳои шаҳр зиёда аз 600 ҳазор бех дарахт ва 58 миллион гулҳои гуногун шинонда шуд. Дар панҷ соли охир 17 боғи замонавӣ ва 57 гулгашт бунёд гардида, барои сокинону меҳмонони пойтахт шароити хуби фароғат муҳайё карда шудааст.
 
250 ҲАЗОР ҶОЙИ НАВИ КОРӢ ТАШКИЛ МЕШАВАД
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зикр намуд, ки дар Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода шуд, ки то соли 2026, яъне то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву созандагӣ дар тамоми кишвар вусъат дода шаванд. Ба хотири иҷрои супориши Пешвои миллат мо нақша дорем, ки дар панҷ соли оянда шумораи ҷойҳои нави кориро ба 250 ҳазор расонем.
Ба муовини якум ва муовинони раиси шаҳр дастур дода шуд, ки якҷо бо сохторҳои дахлдор дар муддати ду моҳ нақшаи чорабиниҳои «35-солагии Истиқлоли давлатӣ» - ро бо баррасии ҳамаҷонибаи захираву имконияти мавҷуда ва ҷалби соҳибкорон ва шахсони ташаббускору эҳсонкор таҳия карда, барои тасдиқ ва иҷро пешниҳод намоянд.
Рустами Эмомалӣ изҳори бовар намуд, ки мардуми шарифи пойтахт ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба хотири рушди устувор ва ба шаҳри муосиру пешрафта табдил додани Душанбе минбаъд низ бо азму иродаи қавии созандагӣ кору пайкор намуда, ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву софдилона пойтахтамонро ба ойинаи воқеии миллати тамаддунсози тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон табдил медиҳем.
 
ДАРХОСТ БАРОИ САНҶИШИ ИСТИФОДАИ МАБЛАҒҲОИ БУҶЕТӢ
Инчунин, ёдовар мешавем, ки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ чанд рӯз қабл бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомот дар соли 2021 дархост ирсол намуд.
 
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.01.2022    №: 13    Мутолиа карданд: 2003
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед