logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН. ТАҚВИЯТИ МАВҚЕИ СИЁСӢ ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ МИНТАҚАВӢ

21 декабри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олӣ "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ" ироа намуданд. Сарвари давлат дар радифи дигар соҳаҳои афзалиятноки хоҷагии халқ ба амнияти минтақа, хусусан вазъи Афғонистон, ки дар ҳамсоягии мо қарор дорад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. 
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр хати сарҳад дорад, ки 60 фоизи сарҳади умумии минтақаи Осиёи Марказиро бо ин кишвар ташкил медиҳад. Яъне, тамоми мушкилоте, ки дар минтақаи зикршудаи марзӣ ба вуҷуд меояд, аз ҷумла қочоқи рӯз ба рӯз афзояндаи маводи мухаддир мустақиман ва, қабл аз ҳама, ба дӯши Тоҷикистон қарор мегирад. Аз ин сабаб, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз бист сол мешавад, ки аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон ҷалб менамоянд.
Ба таъкиди Сарвари давлат вазъияти Афғонистон ба амният ва суботу оромии минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, таъсири бевосита дорад. Яъне, беамнии  ин кишвар ба Тоҷикистон хатарҳо эъҷод мекунад. Дар баробари ин, боз ишора намуданд, ки Тоҷикистон таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузарондааст ва ҳеҷ гоҳ ба масъалаҳои дохилии  давлати ҳамсоя мудохила накарда, дар муносибат бо онҳо  ҳеҷ ғаразе надорад.
Инчунин, ба ин монанд ишора шуд: «… сарҷамъии тамоми мардум ва таъсис додани ҳукумати фарогири манфиатҳо ва намояндагони ҳамаи қавму миллатҳо ва неруҳои сиёсӣ ягона роҳи расидан ба суботу оромӣ дар Афғонистон буда, мутаассифона, ҳоло Афғонистон, гирифтори буҳрони амиқи сиёсӣ ва гуманитарӣ мебошад». 
Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ расондани кумакҳои башарии мақсаднок ба ин мардуми азияткашида зарурӣ арзёбӣ гардид. Илова бар ин, Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки вобаста ба имкон барои расондани кумаки башардӯстона ба мардуми бародари Афғонистон чораҷӯӣ намоянд. 
Сарвари давлат, инчунин, қайд намуданд, ки мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ ва  ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя торафт шиддат гирифта истодаанд.
Паёми нави Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ дар баробари моҳияти миллӣ доштан, инчунин, аҳамияти минтақавию байналмилалӣ дошт, аз ин дидгоҳ, дар пасманзари шиддат ёфтани вазъ дар минтақа мутмаинем, ки дар сатҳи минтақаву ҷаҳон Паёми Сарвари давлат мавриди пайгирӣ ва омӯзиши ҳамаҷониба қарор хоҳад гирифт.
Дар паёмҳои солҳои гузашта низ Президенти кишвар аз таҳдиду хатарҳое ҳушдор дода буданд, ки шояд дар он вақт аз сӯи бархе қудратҳо ва бозигарони ҷаҳони сиёсат ҷиддӣ гирифта намешуд. Аммо вақт собит намуд, ки назарияи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди шинохти дуруст ва ояндабинии воқеии минтақа хеле бамаврид, мантиқӣ ва бо назардошти воқеиятҳои мавҷуда аст. 
Аз ҷумла, Сарвари давлат дар Паёми соли 2018 ба Маҷлиси Олӣ гуфта буданд: “...вазъи сайёра дар ду-се соли оянда боз ҳам мураккаб мешавад”. Ё мисоли дигар ҳушдорҳои доимии Сарвари давлат дар мавриди вазъи Афғонистон: “...таърихи ду даҳсолаи ахири Афғонистон собит кард, ки терроризм ва ифротгароиро наметавон танҳо бо роҳи низомӣ решакан кард”. 
Бо назардошти ин гуфтаҳо, умед ва бовар дорем, ки Паёми навбатии Пешвои миллат дар радифи муайян намудани самтҳои асосии рушди миллӣ, инчунин, дар масъалаи ҳалли қазияҳои минтақавию ҷаҳонӣ низ таъсиргузор хоҳад буд ва Тоҷикистон нақши худро дар ҳалли масъалаҳои минтақавӣ таҳким хоҳад дод. 
 
Нигина РАҲМОН, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.01.2022    №: 13    Мутолиа карданд: 751
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед