номаҳо
Интихоб на ҳама вақт одилона сурат мегирад
Хуб аст, ки тариқи квотаи Президентӣ чандин сол боз фарзандони мардуми кӯҳистон дар мактаби олӣ таҳсил мекунанд. Аммо интихоб на ҳама вақт одилона сурат мегирад. Фарзандони мардуми камбизоат аз имтиёзи мавҷуда кам бархурдор мешаванд. Мардуми дорову мансабдор квотаҳои донишгоҳҳоро барои касбҳои «боэътибор» барои фарзандонашон соҳиб мегардад.
Аз рӯйи шунидам, ба ихтисоси омӯзгорӣ талабгорон каманд ва ҷойҳо дар лаҳзаҳои охир «месӯзанд». Маълум аст, ки дар кишвар, хоса дар кӯҳистони он омӯзгорон намерасанд. Аз ин рӯ хуб мебуд, ки миқдори квотаҳои ихтисоси омӯзгориро меафзуданду дастраси фарзандони камбизоат менамуданд.
Н. АМОНОВА,
ноҳияи Тавилдара
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3328