logo

сиёсат

ПАЁМ ВА КОНСТИТУТСИЯ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо диди масъалаҳо, тартиби гузориш, таҳлилу пешгӯйиҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат, барнома ё дурнамои мукаммали фаъолияти давлат дар давраи кӯтоҳмуддат ва ояндаро ифода менамояд. Он бо назардошти муайян кардани самтҳои фаъолияти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, азму талош барои муҳайё сохтани шароити зиндагии шоиста ба ҳар як сокини мамлакат, ҳалли саривақтии масъалаҳои вобаста ба таъмини нишондиҳандаҳои дурнамо ва таъкиди    афзалиятҳо пешниҳод мегардад.
Дар суханронӣ ва паёмҳои Сарвари давлат нақши Конститутсия дар таҳкими истиқлолият, бунёди давлати миллӣ ва дастовардҳои таърихи давлатдории навинамон пайваста таъкид мешавад. Президенти маҳбуби кишвар дар баробари мавҷудияти Конститутсия ҳамчун танзимкунандаи муносибатҳои муҳими давлатӣ ва давлатдорӣ, инчунин, ба нақши фалсафӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии он аҳамияти аввалиндараҷа дода, бо ҳамин дар кушодани моҳияти васеи илмии ин санади воло асос мегузоранд.
Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ, ки аз таҳлили мушаххаси дастовардҳои 30 соли Истиқлоли давлатӣ шуруъ гардид, дар баробари вазниниҳои соли аввали соҳибистиқлолӣ ва роҳандозӣ намудани чорабиниҳо барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар, инчунин, ба нақши Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ баҳо дода, дар ин раванд аз қабули Конститутсияи мамлакат ва нақши он дар ислоҳоти минбаъдаи конститутсионӣ ёдовар гардида, чунин баён доштанд: «Баъди барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ зарурати қабули Конститутсияи нав ба миён омад, то ки асосҳои бунёдии ҷомеа, шакли идораи давлат ва дигар арзишҳои давлатдорӣ муайян карда шаванд. Шашуми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистони соҳибихтиёр Конститутсия, яъне санади сарнавиштсоз бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва минбаъд дар асоси он мо ба ислоҳоти конститутсионӣ оғоз кардем. Дар асоси Конститутсия парламенти касбии дупалатагӣ, Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, яъне шохаҳои алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шуданд”.
Роҳбари давлат дар заминаи Конститутсия ба роҳандозии сиёсати башардӯстона дахл карда, дар бораи Фармон аз 30 апрели соли 2004 «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл», 17 маротиба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” ва нисбат ба 170 ҳазор нафар татбиқ гардидани он, аз ҷумла 7 сентябри соли 2021 ба муносибати Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ  қабул намудани қонуни мазкур ва аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод гардидани 11 500 нафар, чор маротиба қабул намудани  қонун оид ба авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии кишвар бинобар қонунигардонии маблағҳо ва молу мулкашон ибрози андеша намуданд.
Ишора ва таҳлилҳои амиқ вобаста ба ин масъала дар Паём, ки худ институти сиёсӣ ва ҳуқуқии пешбинӣ ва эълоннамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, нишон медиҳад, ки ин ҳуҷҷати барномавӣ дар таҳкими фаҳмиши илмии Конститутсия, кушодани ҷабҳаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию фарҳангии он нақши арзанда мегузорад. Аз ин рӯ, мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассиса, шахсони мансабдор ва шаҳрвандони мамлакат уҳдадории конститутсионӣ доранд, ки ба Конститутсия арҷ гузоранд,  меъёрҳои онро риоя, волоияти онро таъмин намоянд, арзишҳои умумибашарӣ ва миллии дар он эълонгардидаро чун гавҳараки чашм эҳтирому ҳифз намоянд. Зеро бо ин роҳ мо метавонем, пояҳои ҷомеаи воқеан, адолатпарвар ва иҷтимоиро истеҳком бахшем.
 
К. КАРИМЗОДА,
муовини раиси Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.01.2022    №: 13    Мутолиа карданд: 912
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед