logo

иҷтимоиёт

ТЕЛЕФОНҲОИ МОБИЛӢ. НОГУФТАҲО БАРОИ ХУЛОСАБАРОРИИ ДУРУСТ

Телефонҳои мобилии муосир имкониятҳои зиёд дошта, ҳамчун компютери хурд дар ҳалли ин ё он мушкилӣ, сарфаи вақт, неру, пайвастан ба шабакаҳои интернетӣ, аксгириву наворбардорӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, ошкор кардани ҷиноятҳои мухталиф, тиҷорат ва дигар корҳо инсонро ба авҷи барору комёбӣ расондаанд. Дар баробари ин, паҳншавӣ ва маъмул шудани алоқаи мобилӣ, таъсири майдони электромагнитӣ ба ҷисми инсон ва истифодаи бемавриди телефон пайомадҳои манфӣ ба бор оварда, ҳамчун омили хатар арзёбӣ мегардад.
Олимон ҳанӯз соли 1996 лоиҳаи байналмилалии арзёбии далелҳои илмии таъсири майдони электромагнитиро ба саломатии инсон, инчунин, майдонҳои такроршавии мавҷҳои радиоӣ (радиочастотные поля), ки аз тарафи телефонҳои мобилӣ ва базаҳои бунёдии онҳо хориҷ мешаванд, дақиқ карда буданд.
Телефонҳои дастӣ, смартфонҳо, гаджетҳо, планшетҳо, телевизорҳо, яхдонҳо, асбоби махлуткунии маҳсулот (миксер), мӯйхушккунакҳо, тобаҳои барқӣ, ки ҷузъи ҳаёти мо гаштаанд, дар асл зарарҳо ҳам доранд.
Аз ҷумла, компютер ба тамоми ҷузъҳои биологии инсон, пеш аз ҳама, ба равони ӯ таъсир мерасонад. Инсон ғарқи олами виртуалӣ гашта, аз воқеият дур мешавад ва ба атрофиён кам аҳамият медиҳад. Аз ин ҷиҳат, кӯдакон ва наврасон, ки ҳоло ҳамчун шахсият ташаккул наёфтаанд ва ба ҳар гуна таъсироти маҳвкунанда осон дода мешаванд, зуд осебпазиранд.
Барои муайян кардани нурафкании электромагнитии телефони мобилӣ ва таҳлили дараҷаи хатарнокии таъсири алоқаи он ба саломатӣ истифодаи усули таҳлил дар асоси дастгоҳи ҷамъҳои номуайян-мутлақ (аппарат нечетких множеств) ба мақсад мувофиқтар аст. Назарияи ҷамъи номуаяйн (fuzzy sets theory) аз соли 1965, аз вақте ки профессор Лутфизода аз Донишгоҳи Берклии иёлати Калифорния кори асосии «Fuzzy sets» - ро дар маҷаллаи «Information and control» ба табъ расонд, сарчашма мегирад. 
Кӯдакон ва наврасон пушти компютер нишаста, гузашти вақтро фаромӯш мекунанд, нороҳатӣ ва хастагиро аз ёд мебаранд. Узвҳое, ки ба нурафкании компютер ва техникаи маишӣ бештар ҳассосанд системаи асаб, муқовимати бадан, узвҳои дилу раг, системаи ҷоғар ва узвҳои таносули инсон, хасташавӣ, асабоният, вайроншавии хоб, бехобӣ, лоғаршавӣ, аллергия, дарди сар ва монанди инҳо мебошанд. 
Муқаррар карда шудааст, ки дилхоҳ майдони электромагнитӣ дар ҷисми мо «вокуниш» - аксуламал ба вуҷуд оварда, ҳуҷайраҳоро хароб месозад, махсусан ба ҳуҷайраҳои сурхи хун, таъсири манфӣ мерасонад. Мувофиқи фарзияи олимони бахши физика аз Донишгоҳи Линчепинги Шведсия, аз таъсири нурафканӣ эритроситҳо зиёд шуда, вақте  ҳуҷайраҳои хун ба ташкили тромбҳо сар мекунанд, лахтагардии хун оғоз меёбад. Сар задани мушкилиҳои ҷиддӣ ба узвҳои дилу раг аз ин сабаб аст.
Нурҳои зараровар ба ҷараёни атрофи дил ва рагҳои асосии хунгард, ба ҳаракати ҳиссачаҳои заряднокшуда дар хун, аз қабили онҳо, ки метавонанд гардиши хунро мушкил гардонанд, таъсир мерасонанд. Оқибатҳои имконпазири ин дар байни тағйироти ночизе дар таппиши дил то болоравии хатари пайдоиши зарби патологии дил (аритмия), ки метавонад ба ҳаёти одам таҳдид кунад (масалан, фибриллятсияи меъдачаҳо) калавиш мехӯрад.
Зиёда аз ин, мутахассисони Донишгоҳи Сюрих дараҷаи таъсири телефонҳои мобилиро ба фаъолияти майнаи сар муайян кардаанд. Дар рафти гузарондани таҷриба қувваи нурафкании дастгоҳ нисфи қувваи аз тарафи қонун иҷозатдодашуда буд. Баъди ним соати гуфтугӯ бо телефони мобилӣ фаъолияти майнаи сари таҷрибашавандагон тағйир ёфта, тағйирот муддати дароз боқӣ мондааст. 
Телефонҳое, ки расман ба фурӯш иҷозат гирифтаанд, санҷиши заруриро мегузаранд. Аз рӯйи меъёрҳое, ки дар Аврупо қабул шудаанд, нурафканӣ (SAR) камтар аз 2 Вт/кг (2мВт/г) ва дар ИМА 1.6 Вт/кг (1.6мВт/г) бояд бошад. Муқаррар карда шудааст, телефонҳои мобилие, ки тавоноиашон то 5 Вт/кг аст, сарчашмаи нурафканиши электромагнитӣ мебошанд.
То аввали соли 2020 дар кишвар 6,4 миллион корти фаъол ва 3,8 миллион истифодабарандаи Интернет ба қайд гирифта шуд. Тибқи омори операторони алоқаи мобилӣ, истифодабарандагон бо телефон дар як рӯз бештар аз 20 дақиқа гап мезананд. Баъзе аз шаҳрвандон, ду телефони мобилӣ доранд, ки аз ҳар ду баробар истифода мебаранд. Таъсири манфии он на танҳо ба вуҷуди инсон, балки ба буҷети хонавода ҳам таъсир мерасонад.
Рафта-рафта муоширати бевосита бо ёру дӯстон, хешу пайвандон, сайру саёҳат, меъёри хӯрдану нӯшидан, хоб ва истироҳат дағалона вайрон шуда, кас «бевақту беҳавсала» мегардад. Мувофиқи муқаррарот, вақти гуфтугӯ бо телефон дар як рӯз 30 дақиқа, кор бо компютер 4 соат бо танаффуси 45 дақиқагӣ тавсия дода мешавад. Вобаста ба ин ва дигар омилҳои хатарзо мувофиқгардонии стандартҳо ва меъёрҳои байналмилалӣ оид ба нурафкании асбоби электронӣ-маишӣ, таҳияи дастурҳои намунавӣ оид ба ҳифзи меҳнат ҳангоми кор дар компютери шахсӣ ва меъёрҳои нави санитарӣ зарур аст.
 
Амонулло ҒОИБОВ, 
доктори илми тиб, профессори ДТБКСТҶТ, 
Фирдавс РАУФОВ, 
сардори шуъбаи таълим ва дастурию методии Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии кори ҳамширагӣ

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.01.2022    №: 13    Мутолиа карданд: 907
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед