logo

фарҳанг

ФАРҲАНГСОЛОРИ АСИЛ

Профессор Ваҳҳоб Набиев тамоми ҳастӣ ва фаъолияти пурбаракати хешро ба таҳқиқу баррасии масоили мубрами таърихи халқи тоҷик, хосса таърихи замони муосир, пажӯҳиши нақшу мақоми ҷавонон чун неруи тавоно, созанда ва пешбарандаи ҷомеа, масъалаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, илму фарҳанг, маориф, таърихи ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, шахсиятҳои шинохтаи сиёсӣ бахшида, бад-ин васила дар рушду нумӯи илми таърихнигорӣ, ҷомеашиносӣ, сиёсатшиносӣ, тарбия ва ба камол расондани муаррихони соҳибунвону садҳо омӯзгорон саҳми арзанда дорад. 
Доираи таҳқиқу пажӯҳишҳои илмии профессор Ваҳҳоб Набиев хеле пурвусъату доманадор буда, ба қалами ин муаррихи пуркор ва пурмаҳсул беш аз 700 рисолаву асарҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ,  мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ, тақризҳои сершумор тааллуқ доранд. Аз шумули ин осор метавон рисолаҳои “Сулҳ, ризоият, ваҳдат” (2007), “Иҷлосияи XVI - Шурои Олӣ поягузори сулҳу ваҳдати тоҷикон” (бо ҳамқаламии З. Қобилов, 2012), “Ваҳдат - ганҷи ҷовидонаи миллат” (2012), “Аҳдномаи муттаҳидкунандаи миллат” (2016), “Ваҳдат мароми олии миллат” (2017), “Президент Эмомалӣ Раҳмон ва ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон” (2013), “Эмомалӣ Раҳмон - сиёсатмадори барҷастаи даврони нав” (2020), “Посдори фарҳанги миллӣ” (бо ҳамқаламии Б. Ҳусейнов, 2013), “Сиёсатмадори барҷаста ва олими тавоно” (2018), “Бузургони миллат дар шоҳроҳи таърих” (2014), “Нигоҳе ба фарҳанги миллӣ” (2013), “Шукӯҳи санъати тоҷик” (2018), “Ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятии Тоҷикистони соҳибистиқлол” (2020) ном бурд, ки профессор Набиевро дар байни донишмандон ва ҷомеа чун муҳаққиқи дақиқназар ва тозакор муаррифӣ намудаанд.
Бо вуҷуди ин ҳама гуногунии мавзуъ ва фароху доманадор будани мундариҷаи эҷодиёт ва пажӯҳиш барои профессор Ваҳҳоб Набиев як мавзуи асосӣ ва хеле муҳим вуҷуд дорад, ки ба таҳқиқу омӯзиши он устод умри бобаракти худ ва бештари фаъолияти илмии хешро бахшидааст. Ин мавзуъ таҳқиқи таърихи созмони ҷавонон, нақши созандаю бунёдкоронаи ҷавонон дар таҳаввулоти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии ҷомеа аст. Аз рисолаи номзадии Ваҳҳоб Набиев «Комсомоли Тоҷикистон - ёвари фаъоли Ҳизби Коммунистӣ дар татбиқи инқилоби маданӣ (солҳои 1929-1941)», оғоз намуда, то рисолаи докториаш «Таҷрибаи таърихии иштироки ҷавонон дар таҳкими равобити иҷтимоӣ - иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои иттифоқӣ (солҳои 1961-1991)» ва дигар тадқиқот маҳз ҷавонон дар меҳвари таваҷҷуҳ ва пажӯҳишҳои олим қарор доранд. 
Фаъолияти профессор Ваҳҳоб Набиев дар вазифаҳои ҳеле баланд ва масъули мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа (солҳои 1997-2003), ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (солҳои 2003-2007), муовин ва сипас муовини аввали раиси вилояти Суғд (солҳои 2007-2010), ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (солҳои 2010-2012) барои ӯ вусъати нави андешаву афкор, фарохии майдони кору фаъолияти сиёсӣ, давлатӣ, ҷамъиятӣ, илмӣ, эҷодиро фароҳам оварда, мавзуи пажӯҳиш ва таҳқиқоту таълифоти илмии ӯро боз ҳам васеътар, гуногунҷабҳа, мукаммал намудаанд. 
Профессор Ваҳҳоб Набиев барои хизматҳои арзанда бо медали “Хизмати шоиста”, нишони “20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, нишони  “25-солагии ҲХДТ”, медали ҷамъияти “Дониш”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик Аловаддин Баҳоваддинов, ҷоизаи вилоятии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар соҳаи илм сарфароз гардидааст. 
 
Ҷамшед ҶӮРАЗОДА, 
ректори ДДХ ба номи академик 
Бобоҷон Ғафуров, профессор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.01.2022    №: 13    Мутолиа карданд: 1662
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед