logo

иҷтимоиёт

ХОВАЛИНГ. СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

Набудани ниқоби тиббӣ ва маводи антисептикӣ мушкили асосии Муассисаи шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Ховалинг ба ҳисоб меравад. 
Самариддин Каримов, сарвари муассисаи мазкур иттилоъ дод, ки чанд муддат аст, онҳоро тамоман бо ниқоби тиббии муҳофизатӣ ва маводи безараргардонӣ таъмин намекунанд. Мавсуф зикр кард, ки кормандони муассиса бо пули худашон маводи заруриро харидорӣ менамоянд. Масъулони раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб аз ҷой доштани ин мушкилӣ воқифанд, вале дар ислоҳи он бетарафӣ зоҳир менамоянд.  
Бояд зикр намуд, ки яке аз мушкилоти дигари ҳалталаби соҳа норасоии мутахассисон дар КАТС мебошад. Ин ҳолат масъулони соҳаро ба ташвиш овардааст. Иброҳим Раҷабов, муовини роҳбари шабакаҳои КАТС дар ин бора иброз намуд, ки дар тобеияти муассиса 20 маркази саломатии деҳот ва 12  бунгоҳи тиббӣ мавҷуд аст. Алҳол ду бунгоҳи тиббӣ: яке дар Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, деҳаи Арғонак, дигаре дар Ҷамоати деҳоти Ҷонбахт, дараи “Ҳавз” дар хонаҳои истиқоматӣ фаъолият доранд. Соли гузашта ҳашт нафар табиби марказ бо хоҳиши худ аз кор рафтанд. Айни замон дар муассисаҳои назди КАТС 20 табиби самтҳои асосӣ намерасад.
Ба гуфтаи мутасаддиён дар давраи авҷи бемории коронавирус бо сабаби набудани табиби сироятшинос маҷбур шудаанд, ки табибони оилавиро ба фаъолияти сироятшиносӣ ҷалб намоянд. Норасоии 40 табиби маълумоти олидор ва беш аз 25 корманди миёнаи тиббӣ масуълони ноҳияро нигарон кардааст. Соҳаи тандурустии ноҳия ба духтурони гӯшу гулую бинӣ, момодоя, амрози даруна, сироятшинос эҳтиёҷ дорад.
 
Суннати СОДИҚ, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.01.2022    №: 13    Мутолиа карданд: 1934
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед