logo

Хабарҳо

Финляндия ва Фаронса муҳимияти муколама бо Россияро баррасӣ карданд

Лента.ру. Президенти Финляндия Саули Ниинис-те бо ҳамтои фаронсавиаш  Эммануэл Макрон гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.   
Сарварони давлатҳо авзоъ дар атрофи Украина ва амнияти Аврупоро   баррасӣ карда, ҳамчунин,  бар  муҳимияти муколама бо Россия таъкид намуданд. "Муҳим аст, ки овози Аврупо дар ҷараёни муҳокимаҳо ба таври возеҳ шунида шавад", - гуфта мешавад дар изҳорот.  
Сарварони Финляндия ва Фаронса  ҳамкориҳои амниятӣ дар Иттиҳоди Аврупо ва ҳамкориҳои наздик бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро низ баррасӣ карданд.
 
Таҳримҳои нави  ИМА  алайҳи  Россия  метавонад боиси қатъи равобити ду кишвар гардад  
 
INTERFAX.RU.  Таҳримҳои нави ИМА  бар зидди Маскав, аз ҷумла алайҳи раҳбарияти Федератсияи Россия метавонанд боиси қатъи  пурраи равобити ду кишвар гарданд,- гуфт сухангӯи Президенти Россия Дмитрий Песков дар мусоҳиба бо CNN.
«Ин аз фаҳмиши мо берун аст. Эҳтимол, чунин таҳримҳо боиси қатъи ҳама гуна равобити байни ду кишвар шаванд, ки ба нафъи ягон ҷониб нест. Дар ҳар сурат, ин иштибоҳи азим хоҳад буд», - гуфт Песков.  
 Дар идома Песков таъкид кард, ки Федератсияи Россия  кишвари паҳновару худкифо аст ва таҳримоти ИМА наметавонанд ба он зарар расонанд.
 
Пешниҳоди Дабири кулли НАТО ба Россия  
Europe Asia Daily. Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфт, ки НАТО Россияро барои баргузории як силсила мулоқотҳо оид ба амнияти Аврупо, аз ҷумла вазъи атрофи Украина, даъват кардааст, аммо то ҳол посух нагирифтааст.
Музокироти ҳайати Россия бо намояндагони ҳамаи 30 кишвари узви НАТО рӯзи чаҳоршанбеи гузашта дар Брюссел баргузор гардид, вале бидуни тавофуқ барои идомаи муколама поён ёфт. Столтенберг дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Канада CBC гуфт: "Мо пешниҳоди баргузории як силсила мулоқотҳоро дар мавзуъҳои муҳим барои амнияти Аврупо, вазъ дар Украина ва атрофи он ба миён гузоштем."
Ба гуфтаи ӯ, мавзуъҳои мулоқотҳои нав бо Россия, метавонанд назорати аслиҳа, шаффофияти фаъолиятҳои низомӣ, тадбирҳои таҳкими эътимод бошанд.
«Россия гуфтааст, ки барои посух додан ба ин пешниҳодҳо фурсат лозим аст ва ҳоло мо посухи Россияро интизорем" , - гуфт Столтенберг.
 
Салливан иқдомҳои нави дипломатии ИМА дар музокирот бо Россияро эълон кард
RT.  Ҷейк Салливан, мушовири президенти ИМА оид ба амнияти миллӣ хабар дод, ки Вашингтон метавонад,  аввалҳои ҳафта дар бораи иқдомоти дипломатии минбаъда дар муносибат бо  Россия маълумоти иловагӣ пешниҳод намояд.  
Қаблан Дмитрий Песков, сухангӯи  Президенти  Россия гуфт, ки Маскав баёнияи тезутунди Вашингтон дар атрофи музокироти Россияву Амрикоро оид ба кафолатҳои амниятӣ мушоҳида мекунад.
Вай афзуд, Маскав азми идомаи муколама бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дорад, аммо ҳадафи он, расидан ба натиҷаҳои мушаххас мебошад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1150
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед