номаҳо
Кори нотамоми Раҳмон Сафаровро кӣ идома медиҳад?
Шодравон Раҳмон Сафаров ҷангноманависи нотакрори кишвар буд. Коре, ки ӯ барои пайдо кардани ному қаҳрамонии фарзандони ҷумҳурӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ намудааст, ба ростӣ, шоистаи ҳазорон таҳсин ва қадрдонист. ӯ бешак, дар ин роҳи пуршараф худро фидо намуд. То охирон лаҳзаҳои умраш аз корнамоиҳои фарзандони миллат бар зидди фашизм меандешид. Мегуфт, ки садҳо саҳифаҳои норӯшани таърихи онро бояд рӯшан намуд. Аз чопи ҷилдҳои баъдии «Ҳазору як корнома» сухан мекард. Албатта, агар умри бештар медид, ҳама нақшаҳояшро ҷомаи амал мепӯшонид.
Ҳоло намедонем, ки тақдири бойгонияш чӣ шуда бошаду кори нотамоми ӯро кӣ идома медиҳад. Ҷилдҳои дигари «Ҳазору як корнома» ба табъ мерасанд ё не? Ва худи муаллифи шодравонро ба муносибати 65 – солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, баъди вафоташ ҳам бошад, бо унвоне қадр мекунанд?
Амир Саиди Мункӣ,
ноҳияи Ховалинг
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3368