logo

иҷтимоиёт

ШУКР ГӮЙӢ, НЕЪМАТАТ АФЗУН ШАВАД...

Дар замони муосир, ки вазъи геополитикии  сайёра хеле муташанниҷ мебошад, давлатсозӣ, посдории арзишҳои миллӣ ва онро ба ҷаҳониён  муаррифӣ кардан, кори сангин аст. Дар чунин вазъи ҳассос ва ҳар лаҳза тағйирёбанда Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои тоҷикони ҷаҳон тавонист давлати навини тоҷиконро бунёд намуда, онро ҳамчун кишвари сулҳпарвар ба оламиён муаррифӣ намояд. 
Насли наве, ки дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ ба воя расид, аз ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камтар огоҳанд. Аз ин сабаб, ҳарчи бештар тарғибу ташвиқ кардани дастовардҳои истиқлол ва ҳамчун намунаи олии ҷавонмардӣ нишон додани кору пайкори мондагори Сарвари кишвар зарур ва ҳатмист.
Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ Тоҷикистон истиқлолро гӯё осон ба даст овард, аммо дар давоми ин шодмонӣ мардуми мо бо иғвои дасисабозон ва душманони халқи тоҷик гирифтори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ шуд. Тоҷик парешон ва Тоҷикистон дар арафаи пора-пора шудан буд. Хонаҳои ободу зебо валангор ва мардум гурезаю фирорӣ гашт. Аз вазъияти “муносиб” душманон истифода бурда, ба равғани маҳалгароён оташ заданд, як миллатро ба маҳалу қавму кӯчаву бозор ҷудо карданд. Хуни ноҳаққи ходимони илму фарҳанг, тиб, санъат, рӯзноманигорон рехт. Киштии тақдири миллат дар гирудори тӯфони сахте қарор дошт. 
Дар ҳамин шабу рӯзи ногувору вазнин Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд ва ҳамчун абармарди тавоно мардона тақдири миллати парешонгаштаро ба даст гирифтанд. Ёдамон ҳаст, дар Қасри Арбоб ин суханони  Пешвои миллат ҳамаро ба ваҳдат мехонд: “Рафиқон, бародарон, кӣ намехоҳад, ки дар кишварамон сулҳу ваҳдат ҳукмфармо бошад, кӣ намехоҳад, даст бардорад”.
Ҳама хомӯш, дар баҳри андеша ғарқ, ба чашмони пур аз нури Эмомалӣ Раҳмон менигаристанд. Ин савол посух намеҷуст, зеро ҳама ба ҷону дил сулҳ мехост. Дар идомаи сухан бо қатъият ва иродаи матин гуфт: “Ман ба шумо сулҳ меорам!” 
Дар ҳақиқат, Эмомалӣ Раҳмон киштии ғарқшудаи миллатро аз тӯфони марг бо хиради азалӣ ва азму иродаи қавӣ амон бахшид. Имрӯз халқи мо шукргузор аст, ки Худованд ба мо Сарвари оқилу маорифпарвар ва хирадмандро эҳдо намуд. Чунин инсони бузург ва неъмате бо номи сулҳу озодӣ боис ба шукргузории бардавом аст: "Шукр гӯйӣ, неъматат афзун шавад..."
 
Шамсинисо НИЗОМОВА, 
омӯзгори фанни забони  англисии  МТМУ № 32, 
ноҳияи Сино, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.01.2022    №: 14    Мутолиа карданд: 1369
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед