logo

иҷтимоиёт

ЯЗГУЛОМ. НИГИНЕ, КИ БО ҚУДУМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҶИЛОИ ТОЗА ГИРИФТ

 
Амалҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ, ки дар доираи сазовор истиқбол гирифтани ҷашни фархунда ва шоистаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  деҳоти баландкӯҳ ва дурдасти  ноҳияи Ванҷ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида буданд, бомаром идома доранд. Аз ҷумла, дар  деҳоти Язгулом бештар аз 20 иншооти самти иҷтимоӣ, энергетикӣ ва  саноатӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифт. 
Сокинони ин водии баландкӯҳ,  ки солҳои дароз аз норасоии неруи барқ танқисӣ мекашиданд, ҳоло пурра бо барқ таъминанд. Пеш аз ҳама,  бо дастуру супоришҳои Роҳбари давлат Неругоҳи барқи обии  «Андарбак» сохта шуд. Хати баландшиддати барқии  Шидз – Деҳ – Шпад - Язгулом аҳолии 8 деҳаро бо барқи доимӣ таъмин кард. Дар ин давра роҳи мошингард то деҳаи Зайч, охирин деҳаи ноҳия, аз ҷониби коргарон ва механизаторони муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди   ноҳияи Ванҷ  расид.  Ҳамчунин, дар ин давра дар шафати  шоҳроҳи  байналхалқии автомобилгарди Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб - Қулма макони нави аҳолинишини Дашти Язгулом арзи вуҷуд намуд. Бештар аз 60 гектар замин ва боғ дар ин масир обёрӣ гардид. Дар наздиктарин фурсат  бунёди қитъаи  ин шоҳроҳи аср аз Қалъаихумб то даромадгоҳи  ноҳияи Рӯшон, ки аз ҳудуди деҳоти Язгулом мегузарад, сар мешавад. Ин муждаро дар рӯзҳои  Ҷашни  муборак – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми водии Язгулом расонданд.
Сардори муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ванҷ Исмоил Аҳмадов иброз дошт,  ки дар  даврони соҳибистиқлолӣ дар самти роҳдорӣ дар ҳудуди деҳоти Язгулом бисёр корҳои муҳим  ба ҷо оварда шуданд. Бо  дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва Вазорати нақлиёт роҳи  бештар аз 30 - километраи Дашти Язгулом – Жамаг - Зайч мувофиқи шароит ва имкониятҳо  тахту ҳамвор гардидааст. Дар ин давра  пули мошингарди мавзеи Шавуд- Будун  аз болои рӯди Язгуломоб бунёд шуд. Панҷ сол муқаддам дар натиҷаи фаромадани сели калон  пули нақлиётгузари болои дарёчаи Мотравноб валангор шуда буд.  Бисёр хуш аст, ки ҳамин сол бо кумак ва маблағгузории Вазорати нақлиёти мамлакат пули нақлиётгузари  деҳаи  Мотравн аз нав сохта шуд, ки боиси фараҳмандии деҳнишинон  гардид.
Муовини аввали раиси ноҳияи Ванҷ Азим Шамсиддинов, ки дар ифтитоҳи пули нақлиётгузари деҳаи Мотравн иштирок дошт, сокинонро  аз номи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия  ба муносибати  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин иншооти самти роҳдорӣ табрик ва муборакбод намуда, иттилоъ дод, ки ҳоло бо ҳамдастии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони хориҷии рушд дар  водии зебо ва хушманзараи Язгулом боз 3  пули мошингузар аз болои рӯдхонаи Язгуломоб ва дарёчаҳои кӯҳӣ сохта шуда истодааст. Ҳамчунин, дар  водии Ванҷи Боло низ 5 пули  нақлиётгузар, дар маҷмуъ, 8 пули иқтидори борбардориашон  60 – 100 тонна бунёд мегардад. Ҳоло  аз ин ҳисоб 4 пул мавриди истифода қарор гирифт.
Мардуми деҳоти Язгулом дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ободу шукуфон гаштани водии Ванҷи Болоро аз амалҳои ободониву созандагӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат дониста, изҳори сипос менамоянд. Онҳо аз самими қалби пурмеҳру муҳаббат мегӯянд:
«Некии Шумо ҳеҷ фаромӯш нагардад».
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.01.2022    №: 14    Мутолиа карданд: 608
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед