logo

ҳуқуқ

ТАНЗИМ. ДАР РИОЯИ ҚОНУНИ МИЛЛӢ МАСЪУЛИЯТНОК БОШЕМ!

 
Таҳлилҳо собит карданд, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» воқеан, барои беҳбудии зиндагии сокинони кишвар нақши муҳим бозид. Таҷрибаи беш аз даҳсолаи қонун нишон дод, ки дар раванди ба низом овардани маъракаю маросимҳо корҳои муайяне ба субут расиданд. Қонуни мазкур табиати сирф миллӣ дошта, барои рушди ҷомеа, танзими ҳаёту фаъолияти ҳар як сокини мамлакат, пешгирии хурофоту шуҳратпарастӣ, зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нигаронда шудааст. 
Ҳарчанд ин қонуни миллӣ барои мардум сабукӣ пеш овард, вале то ҳол ҳастанд нафароне, ки талаботи онро нодида гирифта, даст ба зиёдаравӣ ва исрофи беҳуда мезананд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошиашон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон (12 апрели соли 2021) иброз доштанд: «Дигар зуҳуроте, ки амали носавоб шуморида мешавад, исрофкорӣ ва зоҳирпарастӣ мебошад. Чордаҳ сол қабл мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кардем, ки самараву натиҷаҳои мусбати онро имрӯз ҳар як сокини мамлакат дар рӯзгори оилаи худ возеҳ дида истодааст. Зарур аст, ки мардуми кишвар минбаъд низ ҳангоми баргузории маросиму маъракаҳо талаботи қонуни миллиро, ки фақат ба манфиати онҳо нигаронда шудааст, қатъӣ риоя намоянд».
Дар робита ба ин, ҳар як шахси масъулиятшинос ва ватандӯст бояд таъкидҳои пайвастаи Сарвари давлатро барои риояи қонуни мазкур бо мақсади пешгирии хароҷоти зиёдатӣ ва исрофкорӣ дар маъракаю маросимҳо дастури амал намояд. Ба таъкиди Президенти маҳбубамон: «Ҳамагон бояд дарк намоем, ки яке аз воситаҳои асосии ноил шудан ба шароити арзанда ва муназзами зиндагӣ маҳз амалӣ шудани ҳамин қонуни миллист».
Чанде қабл ба Кодекси ҳуқуқвайрокунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардид, ки тибқи он ҳаҷми ҷаримаҳо барои риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зиёд гардид. Бар асоси он, шахсони воқеӣ ба андозаи як саду даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (баробар ба 6600 сомонӣ), ба шахсони мансабдор ба андозаи панҷсаду панҷоҳ (33000 сомонӣ) ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (баробар ба 48000 сомонӣ) ҷарима пешбинӣ шудааст.  
Дарвоқеъ, тағйиру иловаҳои воридгардида саривақтист. Зеро коршиносон зиёд кардани ҳаҷми ҷаримаро дар коҳиш додани нақзи қонун муҳим арзёбӣ менамоянд.
Аз ин рӯ, зарур аст, ки ба ҷойи баргузории маъракаҳои зоҳирпарастонаву намоишкорона ва пурдабдабаву серхароҷот барои оила ва фарзандони худ шароити хуби зиндагӣ фароҳам орем. Инчунин, даст ба амалҳои хайру эҳсонкорӣ занем ва дар ободонии маҳали зисти худ саҳм гузорем. 
 
З. САИДЗОДА,
судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.01.2022    №: 14    Мутолиа карданд: 5676
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед