logo

иҷтимоиёт

ДУШАНБЕ – ХОРУҒ. ДУ БАРДОШТ АЗ ЯК САФАР

Бо нияти бозгашт аз сафари хизматӣ дар шаҳри Душанбе саҳари барвақт ба терминали нақлиёти мусофиркаши самти ВМКБ, воқеъ дар хамгашти фурудгоҳи маркази шаҳр, шитофтам. Такси ҳам зуд расид ва каме пештар аз соати 7 ба терминал ворид шудем. Ҳанӯз мошин наистода, чанд ҷавон ба дари такси часпиданд. Онҳо ронандагони мошинҳое буданд, ки ба тарафи шаҳри Хоруғ ҳаракат мекарданд. Дар як мижа задан, ман дар миёни онҳо қарор гирифтам.
- Амак, як пассажирам намерасад, биёед, дар мошини ман нишинед, худи ҳозир ба роҳ мебароем, - гуфта ронандае даст ба бағочам дароз кард.
- Не, амакӣ бо ман меравад, рост хонааш мебарам, роҳи мо аз назди хонааш мегузарад, ана ҳозир бағочашро дар бордони мошин гузошта, борамонро мебандем ва ба роҳ мебароем, - гуфт дигаре. 
Ҳамин тавр чанд муддат ронандаҳо ҳар кадоме маро ба тарафи худ мекашиданд. Ниҳоят як ронанда гапашро гузаронду бағочамро гирифт ва ман ба умеди он ки акнун ба роҳ мебароем, итоаткорона аз паси ӯ ба тарафи мошинааш равон шудам. Дар назди мошин боз 4 мусофири дигар меистоданд. Зоҳиран онҳоро ҳам бо ҳамин усул ронанда “шикор” карда буд. Ронанда борамро ба бордон гузошта, куҷое ғайб зад. Ман дар курсии аввали мошин ва дигарон дар курсиҳои қабатҳои баъдӣ нишаста, омадани ронандаро мунтазир шудем. Интизорӣ тул кашид. Баъди расо 2 соат ронанда сумка дар даст аз тарафи даромадгоҳи терминал намудор шуд.
- Хайрият, омад, - кадоме аз мусофирон хабар дод. - Ҳозир ба роҳ мебароем.
Дар ҳақиқат ронанда пеш-пеш ва нафари дигаре аз паси ӯ ба мошин наздик шуданд.
- Ман ҳуҷҷатҳои сафариамонро дар терминал расмӣ кунонда, омада роҳакӣ мешавем, - гуфта, ронанда бағочи мусофири навовардаро ба бордон партофта, аз назди мо рафт.
Ӯ соате пас боз бо як ҷавони дигар баргашт. Ҳамин тариқ ҳамаи курсиҳои мошин банд шуданд. Ниҳоят мошин ба роҳ баромад. Мушоҳида кардан мушкил набуд, ки ронандаҳои дигар ҳанӯз дар пайи “сайди” мусофирон даводав доштанд. Хайрият, ки мо соати 7 ба терминал омада бошем ҳам, соат аз 11 андаке гузашта ба роҳ баромадем. Вале, бисёриҳо ҳанӯз дар интизори пур шудани мошин аз мусофирон даруни мошинҳои дигар нишаста буданд. Барои 2 мошин 3 нафарӣ, 3 мошини дигар 2 нафарӣ ва чанд мошин 1 нафарӣ мусофир намерасиданд. Ба назарам, агар дар терминал як тартиби муайяни мусофиргирӣ бо риояи навбат ҷорӣ мешуд, ин қадар мусофирону ронандаҳо ҳам саргардон намешуданд. Вале аз чӣ сабаб бошад, ки кормандони терминал ба ин чандон таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд. 
- Чаро худи шумо, ронандаҳо, дар мусофиргирӣ навбат ҷорӣ намекунед? Охир шумо ҳам азоб мекашед, саҳари барвақт ба терминал омада, саргардон мешавед, баъзан мусофир наёфта, сафаратон ба рӯзи дигар мегузарад? - суол кардам аз ронанда.
- Ин ҷо ҳар кас барои худаш, амак, ба қавле, ҳар касу дави аспаш. Агар омада худамон аз пайи мусофир надавем, дар терминал касе ба доди мо намерасад. Як-ду бор бо дигар ронандаҳо маслиҳат карда, навбат ҷорӣ кардем. Вале, чанд ронанда бе даромадан ба терминал мусофир гирифта, навбатамонро вайрон карданд. Терминал ҳам дар ин самт коре карда натавонист.
Мошин ба роҳ баромад. Душанбе - шаҳри маҳбуби дилҳо оҳиста-оҳиста паси сар мемонд. Вале дар километри 9-ум нозири роҳ мошинро боз дошт. Ронанда аз мошин фаромада, назди нозир рафт ва зуд баргашт. Ваҳдат, Норак, Данғара ҳам паси сар шуданд. Дар даромадгоҳи ноҳияи Восеъ бо ишораи нозири роҳ ронанда мошинро боздошт ва ба хоначаи посгоҳ даромад. Ин ҳолат боз дар чанд ҷо такрор шуд. Аз назари мусофирон пинҳон намонд, ки дар назди посгоҳҳо ронанда пеш аз он ки аз мошин фарояд, аз кисааш 3-5 сомониро бароварда, даруни ҳуҷҷатҳои ронандагиаш мегузошт. Ва мошин боз ба роҳ мебаромад. Маълум буд, ки ронандаҳо ба додани пул дар посгоҳҳо кайҳо одат карда, ин амал барояшон як ҳодисаи муқаррарӣ шуда мондааст. Боре ин масъаларо рӯзноманигоре дар нишасти матбуотӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ бардошта буд, вале намояндаи ин ниҳод тақозо кард, ки барои ин даъво далел бояд овард. Ин дар ҳолест, ки худи кормандони мақомот борҳо савори ин мошинҳо шуда, аз асли ҳол воқиф мебошанд. То кай ин ҳолат давом мекунад? Магар чунин аст фарҳанги хизматрасонии мо? Масъулон дар ин бора чӣ мегӯянд?
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.01.2022    №: 14    Мутолиа карданд: 619
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед