logo

иҷтимоиёт

НИКНОТ. АЗ ЧАШМАИ ДАРВЕШОН ТО НУРИ МАЪРИФАТ

Дар муддати сӣ соли Истиқлоли давлатӣ ва дар партави сиёсати бунёдкоронаву созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои Тоҷикистони маҳбуби мо бакуллӣ дигаргун гашта, имрӯз аз дидани шаҳру деҳоти ободу хурраму сарсабз чашмҳо нур ва дилҳо шавқу сурури беандоза пайдо менамоянд.
Деҳаи Никнот дар водии Зарафшон, дар оғӯши дараву кӯҳҳои шаҳри Панҷакент доман густурда, нашъунамо дорад. Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чун дигар деҳоти мамлакат дар он низ пешравиҳо ба назар мерасанд. Сокинони деҳа асосан, ба кишоварзӣ, боғдорию чорвопарварӣ машғуланд. Аз хидмати тиббӣ бархӯрдоранд ва барои саломатии онҳо мунтазам чораҳо андешида мешаванд. Мардуми деҳа аз оби софу зулоли чашмаи Дарвешон, ки бо хати оби нӯшокӣ оварда шудааст, дар чор фасли сол бархӯрдоранд.
Деҳа таърихи басо куҳан дорад. Бостоншиносон таърихи онро ба замони Кӯшониён марбут медонанд. Соли  1874 муаррих ва сайёҳи машҳури рус А.Н. Соболев водии Зарафшонро паймуда, таърихи мардуму сарватҳои онро омӯхта, бо номи «Зарафшон» асари чандҷилдае таълиф ва дар Петербург ба нашр расида, ки дар он деҳаи Никнот низ зикр гардидааст. Ӯ деҳаро бо номи Никот овардааст, ки маънояш макони хурраму босафост.
Ба гуфтаи муаллиф деҳа дар дараи Киштут воқеъ гашта, дорои сарватҳои бойи зеризаминӣ, махсусан кони бузурги ангишт, мебошад. Бо гузашти вақт дар талаффуз номи деҳа тағйирот ворид гардида, ба он ҳарфи «н» илова гашта, шакли Никнотро гирифтааст.
Мардуми деҳаи Никнот ҳамеша аз фарзандони соҳибэътибори худ ифтихор менамоянд, ки онҳо дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангии Тоҷикистон фаъолона иштирок доранд. Даҳҳо фарзандони деҳа ба унвонҳои баланди илмӣ ноил гардида, чор нафарашон сазовори доктори илм ва унвони профессорӣ гардидаанд.
Ҳафт нафар фарзандони деҳа ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудаанд. Аз ҷумла, асарҳои Файзулло Ансорӣ, Ҷумъа Одина, Убайд Раҷаб ва дигарон дар байни хонандагони ҷумҳурӣ ва берун аз он маълуму машҳуранд.
Дар деҳаи Никнот оилаҳои серфарзанд зиёданд ва яке аз онҳо хонаводаи Муртазо Гадозода мебошад, ки дар байни мардум соҳиби обрӯву эътибори баланд будааст. Ӯ аз оғоз то анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар зидди фашистони истилогар ҷангида, қариб саросари Аврупоро тай намуда, рӯзи ғалабаро дар остонаи Рейхистаги Берлин истиқбол намудааст. Ӯ пас аз ҷанг соҳиби 14 фарзанд гардид ва ҳар яке аз пайраҳаҳои гуногуни ҳаёт гузар намуда, ба мақсаду ҳадафи худ расидаанд. Яке аз фарзандонаш Муфаззали Муртазо, ки шоир ва шарқшиноси шинохтае буд, бахшида ба кору пайкори падари размандааш  манзумае эҷод карда, қарзи фарзандиашро баҷо овардааст.
Фарзанди дигари хонадон Мақсуди Муртазо ба ҳайси корманди фахрии Прокуратураи генералӣ ба нафақа баромад ва боз дар фикри хидмат ба мардуми диёр афтод ва дар роҳи ноил шудан ба ин мақсад ба соҳибкори муваффақ табдил ёфт. Ӯ аз паёмҳои ҳарсолаи Президенти кишвар ва аз сиёсати офарандагиву бунёдкорӣ ва фарҳангии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳом ва неру гирифта, дар назди худ мақсад ниҳод, ки то ҳадди имкон мушкилоти ҳамдеҳагони хешро осон хоҳад намуд. Аввалин иқдоми нек ва шоистае, ки ӯ оғоз кард, обод намудани қабристони деҳа гардид, зеро дар дунё аз қадру манзалати инсон баландтар чизе нест. 
Мақсуди Муртазо китобхонаи зебо, меҳмонхона ва сартарошхонае бунёд кард. Китобхона дорои панҷ ҳазор китобҳои сиёсӣ ва таърихиву бадеӣ мебошад. Онро қариб ҳамаи китобҳои Пешвои миллат ва асарҳои бахшида ба Президент зебу оро медиҳанд. Панҷоҳ ҷилд осори адабиёти классикӣ ва муосир, ки бо ибтикори Сарвари давлат мунташир шудаанд, дар китобхона ҷойи сазоворро ишғол менамоянд. Ифтитоҳи китобхона дар тобистони соли 2021 ба ҷашни фарҳангӣ ва арҷ бигзоштан ба китоб табдил ёфт. 
Сокинони деҳа бо як овоз иброз доштанд, ки ифтитоҳи китобхонаи нав рамзи он аст, ки миллати тоҷик аз азал, авлод ба авлод китобхон ва китобдӯст буданд ва  бидуни он ҳаёти хешро тасаввур намекарданд. 
Дар рӯзи аввали боз гардидани китобхонаи деҳаи Никнот пиру ҷавон чун ташнаи оби ҳаёт вориди он мегаштанд ва ҳар яке асари дилхоҳи худро ба даст меовард. Бигзор, дари китобхонаи бунёдкардаи Мақсуди Муртазо ҳамеша ба рӯи хонандагон боз бошад!
 
Раҷабалӣ ҚУДРАТОВ, Корманди шоистаи Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.01.2022    №: 14    Мутолиа карданд: 688
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед