logo

Хабарҳо

КӮЛОБ. БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ МАВЗЕЪҲОИ ХАТАРЗО

Директори Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдуллозода Суҳроб Файзалӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ва дигар шахсони масъул аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозии сойҳои “Тебалай”, “Шураксой”, “Девонасой қитъаи № 1 ва № 2”- и шаҳри Кӯлоб  дидан намуданд. Ҳамасола бо мақсади пешгирӣ аз хатари офатҳои табиӣ дар ин мавзеъҳои хатаровар бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти марбута корҳои мустаҳкамкунӣ ва барқарорсозӣ гузаронда мешаванд.
Зимни шиносоӣ аз рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ аз ҷониби роҳбарияти Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ” ва шаҳрдории Кӯлоб ҷиҳати дар сатҳу сифати баланд иҷро гардидани корҳои сохтмону соҳилмустаҳкамкунӣ ба мутасаддиёну сохтмончиён супоришҳои мушаххас дода шуд. 
Айни замон корҳои соҳилтозакунӣ мувофиқи лоиҳа пурра иҷро гардида, бетонрезӣ ва васлу насби оҳану бетонӣ дар сойҳои “Тебалай”, “Шураксой” ва “Девонасой” бо суръат идома доранд. Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз дар сойи “Тебалай” корҳои  бетонрезӣ бо дарозии 310 метр андозаи 2 ба 20,6 см, дар сойи “Шураксой” бетонрезии пул бо дарозии 6 ба 2,5 см, таҳкурсӣ ва деворҳои қубур (труба), инчунин, корҳои новарезӣ ба дарозии 400 метр бо андозаи 6 ба 3 ба 2  пурра иҷро гардида, корҳо бо маром идома дорад. Мувофиқи лоиҳа, дар сойи “Девонасой қитъаи №1” корҳои тозакунӣ, оҳану бетонӣ, новаҳо бо дарозии 220 метр бо андозаи 6 ба 3 ба 2 метр, 2 адад труба - мост ва дар сойи “Девонасой қитъаи №2” бошад, новаҳо бо дарозии 230 метр ба андозаи 6 ба 5 ба 3 метр пурра ба итмом расидааст. 
Маврид ба зикр аст, ки ҳадаф аз чораҳои пешбинигардида, ин пешгирии ҳодисаҳои фавқулода ва паст намудани хавфи офатҳои табиат дар шаҳри Кӯлоб арзёбӣ мегардад. Масъулони корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ тасмим доранд, ки нақшаву супоришҳои ба зимма доштаашонро то давраи муайяншуда, ба анҷом расонанд.
 
Далер ШАРИФОВ, мудири  бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 904
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед