номаҳо
То ба кай тухми пилларо маҷбуран медиҳанд?
Чанд сол боз ба мо, онҳое, ки барои рушди соҳибкорӣ замин гирифтаем, маҷбуран тухми пилла медиҳанд. Ва, албатта, онро мо ба деҳқононамон тақсим мекунем. Дар ин ҳол ҳам мо норизоӣ изҳор менамоему ҳам деҳқононамон. Чаро? Чунки парвариши пилла фоидаовар нест. Бе ин ҳам пули пиллаи солҳои пеш парваришкардаро надодаанд. Имсол низ бовар дорем, ки на пули парваришкардаамонро мегирему на ҳавасманд мешавем. Ба болои ин ҳама зарар боз чандин хона ҳангоми парвариш таъмирбоб мешавад. Инчунин пайдо кардани барги тут сол то сол душвортар мегардад. Яъне дарахтони тутро барои ҳезум мебуранд. Пештар қариб дар ҳар деҳ тутбоғ мавҷуд буд. Ҳоло аз онҳо нишоне намондааст.
Фикр мекунам, ки агар пиллапарварӣ нафъовар гардад, сокинони деҳ барои гирифтани тухми пилла худашон ҳавасманд мешаванд. Аммо ҳоло тухми пилларо, ки парвариши он суд надорад, маҷбуран медиҳанду ин чанд соли дигар давом мекунад, маълум нест...
С. ТӯРАЕВ,
ноҳияи Восеъ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3463