logo

Хабарҳо

ВОДИИ РАШТ. ВАҚТЕ ҲУКУМАТ БО САРМОЯГУЗОРОН ҲАМКОРИ БОЭЪТИМОД АСТ...

Чанде пеш дар меҳмонхонаи Серена бо иштироки  Қосим Роҳбар, раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Қозидавлат Қоимдодов,  намояндаи доимии ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон, раисони шаҳру ноҳияҳои Роғун, Файзобод, Нуробод, Сангвор, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш татбиқи лоиҳаи «Беҳсозии ҳамҷояи ҳифзулсиҳат ва макони зист» (БҲҲМЗ) дар минтақаи Рашт  баррасию натиҷагирӣ шуд. 
Қоимдод Қозидавлатов  иброз дошт, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ фазои мусоиди сармоягузорию ҳамкориҳои мутақобилан  самарабахш фароҳам омад. 
- Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (АКДН), ки фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 1992 оғоз намудааст, шарики боэътимоди  Ҳукумати мамлакат мебошад.  Ҳоло аз ҳисоби он дар зиёда аз 40 ноҳия дар бахшҳои  рушди маориф,  тандурустӣ,    деҳот,  бартарафсозии офатҳои табиӣ, беҳтар  намудани  муҳити зист, эҳёи анъанаҳои фарҳангӣ ва барқарорсозии  муносибатҳои  байнисарҳадӣ  амалисозии лоиҳаҳои гуногун ҷараён дорад, - афзуд ӯ.   
Ба гуфтаи роҳбари Агентии Швейтсария оид ба рушд дар Тоҷикистон  Сирус Хуҷамов, барои татбиқи лоиҳаи  БҲҲМЗ  10,8 миллион доллари ИМА равона гардид, ки  аз он саҳми агентӣ зиёда аз  8,7 миллион доллар ва Фонди Оғохон 2 миллиону 83 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи татбиқи  лоиҳа,  дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии минтақаи Рашт  корҳои назаррас ба анҷом расиданд. Аз ҷумла, дар шаш деҳот хатҳои оби нӯшоӣ кашида шуданд. Ҳамчунин, ҷиҳати беҳбудии муҳити зист дар ҷамоатҳои фарогири барнома се маркази саломатӣ бунёд гардида, таъмири куллии 13 иншооти дигари соҳаи тандурустӣ анҷом ёфт,- изҳор дошт Сирус Хуҷамов.  
Лоиҳаи мазкур  139 ҳазор истифодабарандаро фаро гирифта, дар доираи он дар  140 деҳаи ноҳияҳои зерҳадаф корҳои ободонию такмили инфрасохторӣ ва дастгирии ҷавонону занон ба роҳ монда шудаанд. Бо вуҷуди таъсири бади пандемияи COVID – 19 сохтмони аксари  иншооти дар доираи лоиҳа банақшагирифташуда ба итмом расид. 
Роҳбар Қосим, раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти ҷумҳурӣ, аз татбиқи натиҷаовари барнома дар водии Рашт  изҳори қаноатмандӣ намуда, аз раисони шаҳру ноҳияҳои минтақа даъват намуд, ки интизори роҳандозӣ шудани барномаҳои навбатӣ нашуда, бо ҷалби соҳибкорон корҳои ободониро тақвият бахшанд. Бахусус, дар самти мушкилоти роҳҳои чорвогузар ва  дастрасӣ ба оби ошомиданию полизӣ роҳбарони ноҳияҳо бояд тадбирҳои саривақтӣ андешанд.  
- Ҳамчунин, имрӯзҳо дар баъзе навоҳӣ норасоии омӯзгорон ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба назар мерасад. Бисёр хуб мешуд, ки раисони шаҳру навоҳии минтақа дар радифи татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ барои инкишофи ҳамаҷонибаи ҷомеа дар ин самт аввалин ташаббусҳоро пеш гиранд. Масалан, ҷиҳати дастгирии кадрҳои омӯзгорию соҳаи тандурустӣ онҳоро сари вақт бо манзили зист  ё қитъаи замин барои боғдорӣ таъмин намуда, вобаста ба таҳкими фаъолияти масъулони бахшҳои маорифу тандурустӣ барномаҳои махсус таҳия созанд, - таъкид дошт Қосим Роҳбар.  
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1070
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед