logo

маориф

ХОВАЛИНГ. БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ КАЙ ИҶРО МЕШАВАД?

Чанде қабл, оид ба иҷро нагардидани Барномаи давлатии амал намудани технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ барои солҳои 2018 - 2022 ва хунукназарии масъулони шуъбаи маорифи ноҳияи Ховалинг дар ин самт дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” матлабе нашр гардида буд. Мутаассифона, аз байн се моҳ сипарӣ гардида бошад ҳам, масъулони ноҳия барои ҳалли мушкилӣ ҳеҷ тадбире наандешидаанд. Вобаста ба мушкилоти ҷойдошта, хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” дубора мавзуъро пайгирӣ намуд. 
Таҳқиқ собит кард, ки дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №14-и ноҳия, муҳассилин аз омӯзиши илмҳои технологияи иттилоотию инноватсионӣ дур мондаанд. 
Шарифхон Қосимов, директори мактаби мазкур, омӯзондани фанни технологияи иттилоотӣ ва инноватсиониро ба уҳда дорад. Азми бо мавсуф ҳамсуҳбат шуданро намудем, вале ӯро дар вақти соати дарсиаш дар мактаб пайдо карда натавонистем. Бо сабаби набудани муаллим, хонандагон аз дарс дур монда, дар саҳни ҳавлии муассиса гаштугузор мекарданд. 
Ба гуфтаи масъулон, дар мактаб ҳамагӣ ҳафт компютер мавҷуд буда, дутои он фарсудаю корношоям мебошад. Хостем дубора аз вазъи кунунии компютерҳои муассисаи мазкур дидан намоем, вале дари синфхона маҳкам буд. Як мутасаддии мактаб гуфт, ки бидуни иҷозаи Шарифхон Қосимов касе ба синфхонаи компютерӣ ворид намешавад.  
Саид Каримов, ҷонишини директор оид ба таълим, дар суҳбат гуфт, ки  дар муассиса 128 нафар таҳсил мекунад. Муассиса ҳамагӣ шаш синфхона дошта, дар ду баст фаъолият мекунад. Мавсуф афзуд, ки норасоии ҷойи нишаст ва синфхонаҳои фаннӣ вуҷуд дорад. 
Дар робита ба ин масъала, хостем бо Муҳаммадназар Амирсаидов, мудири шуъбаи маорифи ноҳия, суҳбат намоем, вале ӯ аз додани маълумот сарпечӣ намуда, танҳо гуфт, ки проблемаҳо бартараф гардида, Қурбоналӣ Назаров, директори муассисаи таълимии № 21-ро баъди нашри матлаб аз вазифа сабукдӯш карданд. Аммо маълум набуд, ки ҷаноби Амирсаидов аз кадом ислоҳи камбудӣ ҳарф мезад.    
Шариф Ҳусайнов, мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳия, дар ин бора гуфт:
- Камина ва масъулони раёсати маорифи вилоят аз муассисаҳои таълимии № 14 ва № 21 дидан намудем. Воқеан, мушкилот вуҷуд дорад. Як компютери мактаби № 21-ро аз таъмир баровардем. Анбор пур аз компютерҳои вайрона аст. Вале маблағ нест, ки онҳоро таъмир кунем. Ҳамзамон, дар муассисаҳои ноҳия 320 ҷойи нишаст намерасад.  
Мутаассифона, бо сабаби набудани синфхона, хонандагони синфи 6 “а”-и мактаби № 21 дар бинои валангору рангпарида таҳсил мекунанд. Боми синфхона ҳоли ногувор дорад. Шарифхон Қосимов гуфт, ки дар нақша аст, ки дар мактаб синфхонаҳои иловагӣ сохта шаванд.  Вале кай, маълум нест.
 
Суннати Содиқ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.01.2022    №: 14    Мутолиа карданд: 6977
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед