ҳукумат
ИТТИЛОИЯ
20 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он роҳбарият ва аъзои Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳои давлатӣ ва саҳомӣ, рӯзномаю маҷаллаҳои расмӣ ва дигар шахсони масъул иштирок карданд.
Зимни он нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2021 ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2022 муайян гаштанд.
Дар ҷаласа нахуст оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2021 ҳисоботи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода шунида шуд.
Тавре тазаккур гардид, соли 2021 барои мардуми Тоҷикистон соли воқеан, таърихӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳаёти сиёсию иқтисодии мамлакат пешравиҳои назарраси иҷтимоию иқтисодӣ ба амал омаданд, ки моро барои расидан ба дастовардҳои нав ба нав ҳидоят менамоянд.
Дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва, дар ин замина, бунёди беш аз 25 ҳазор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ барои ҳар як фарди ватандӯсти Тоҷикистон боиси ифтихор ва сарбаландист.
Ба гуфтаи Сарвазири мамлакат, дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 98,9 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиш 9,2 фоизро ташкил дод.
Соли 2021 ба қисми даромади Буҷети давлатӣ 29,5 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 1,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Дар кишвар 309 корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифта, рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таъмин шуд.
Қоҳир Расулзода таъкид кард, ки бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи энергетика ва ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошташуда, ҳоло дар соҳа ба маблағи 16,6 миллиард сомонӣ лоиҳаҳои гуногун амалӣ мегарданд.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат, дар соли ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар мамлакат нисбат ба соли 2020-ум 853 миллион кВт/соат ё 4,3 фоиз афзуд.
Дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба 39,7 миллиард сомонӣ расид.
Бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва беҳбудии фазои сармоягузорӣ тайи солҳои ахир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат вобаста ба пешниҳод намудани имтиёзҳои андозию гумрукӣ дар самти рушди истеҳсолоти дохилӣ як қатор тадбирҳо андешида шуданд. Моҳҳои январ – сентябри соли 2021 нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ба кишвар 1,6 баробар зиёд сармояи хориҷӣ ворид гашт. Ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба 14,7 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2020-ум 23,3 фоиз зиёд аст.
–Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат имкон фароҳам оварданд, ки 78 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 42 миллиард сомонӣ амалӣ гардад, – таъкид намуд Сарвазири мамлакат ва афзуд, ки дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 9,5 миллиард сомонӣ мавриди амал қарор гирифта, аз аввали татбиқи лоиҳаҳои мазкур 4,8 миллиард сомонӣ (427 миллион доллари ИМА) аз худ гардид.
Соли 2021 ҳаҷми гардиши савдо 40 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020-ум 13 фоиз зиёд мебошад.
Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ ба 15 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2020-ум 7,9 фоиз беш аст.
Қатъи назар аз вазъияти мураккаб, бинобар паҳншавии бемории сироятии COVID – 19, ки вазъияти молиявии давлатҳои ҳамшарики тиҷоратӣ ва воридоти молу маҳсулотро маҳдуд намуд, соли 2021 рушди гардиши савдои хориҷӣ таъмин шуд. Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат имкон доданд, ки гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба соли 2020-ум 39,5 афзояд.
Қоҳир Расулзода иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ барои рушди соҳаи маориф беш аз 5,6 миллиард сомонӣ равона шуд, ки нисбат ба соли 2020-ум 592 миллион сомонӣ ё 12 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра бо мақсади рушди инфрасохтори соҳа беш аз 238 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Бо мақсади рушди соҳаи тандурустӣ ва сари вақт бартараф намудани мушкилоти мавҷуда соли 2021 аз ҳисоби Буҷети давлатӣ барои рушди соҳа 2,3 миллиард сомонӣ ҷудо гашт, ки нисбат ба соли 2020-ум 27,6 фоиз беш аст.
Дар давраи ҳисоботӣ маблағгузории буҷетӣ ба соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ афзуда, соли 2021 ин рақам 172 миллион сомониро ташкил дод, ки назар ба соли 2020-ум 23,4 фоиз зиёд мебошад.
Ҳамзамон, тавассути амалӣ намудани механизми таҷрибавии кумаки унвонии иҷтимоӣ ба ҳисоби миёна беш аз 238 ҳазор шаҳрванд ва оилаҳои камбизоат фаро гирифта шуда, ба онҳо дар ҳаҷми зиёда аз 110 миллион сомонӣ кумакпулӣ пардохт гардид.
Дар ҷаласа, ҳамчунин, ҳисоботҳои вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода, сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ва директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Дилмурод Давлатзода шунида шуданд.
Тавре зикр гардид, дар натиҷаи рушди иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави кор, беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва сифати корҳои назоратӣ, рақамикунонии соҳа ва дигар тадбирҳои аз ҷониби мақомоти андоз андешидашуда, соли гузашта аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба Буҷети давлатӣ 13 миллиарду 722 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 101 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла ВМКБ 114, вилояти Хатлон 106,3, вилояти Суғд 106, шаҳри Душанбе 103 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар маҷмуъ, 100,1 фоиз таъмин гашт.
Доир ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти гумруку андоз, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, баъди шунидани ҳисоботи роҳбарияти онҳо, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, бартарафсозии қарзҳои андоз, пардохти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ ва ба шакли электронӣ гузарондани тамоми муносибати молиявӣ дар ин соҳаҳо дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
Дар маҷлис Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сулаймон Султонзода ва раиси Палатаи ҳисоб Қарахон Чиллазода доир ба фаъолияти мақомоти назоративу санҷишӣ дар самти пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, бартарафсозии қонуншиканиҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, риояи ҳатмии қонунҳои амалкунандаи мамлакат ҳисобот доданд.
Дастур дода шуд, ки мақомоти прокуратура, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Палатаи ҳисоб ҷиҳати пешгирӣ аз ҳолатҳои риоя накардани қонунгузории мамлакат оид ба истифодаи замин, танзими ҷашну маросим ва дигар соҳаҳо тадбирҳои саривақтӣ ва бетаъхир андешанд.
Дар идома раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода ҳисобот дод.
Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ, бо мақсади ҷалби бештари сармоягузорӣ, бахусус сармояи мустақими хориҷӣ, ба иқтисодиёти кишвар ва муаррифии шоистаи имкониятҳои сармоягузории он дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ 25 форуму ҳамоиши соҳибкорию сармоягузорӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон, минтақаҳои Рашт ва Кӯлоб бо иштироки сармоягузорону соҳибкорони дохилию хориҷӣ баргузор шуд, ки дар доираи онҳо 50 санаду созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба маблағи 7,2 миллиард сомонӣ, аз ҷумла барои бунёди корхонаҳои саноатӣ, ба имзо расиданд.
Дар маҷлис раиси Бонки миллӣ Ҳоким Холиқзода ва раиси Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ доир ба соҳаи бонкдорӣ ва сиёсати самараноки пулию қарзӣ ҳисобот доданд.
Ба роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ ва дигар бонкҳои давлативу саҳомӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба иқтисодиёти миллӣ, хусусан сармояи мустақим, устувор нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ, қонунигардонии маблағҳо, афзоиши ҳаҷми қарздиҳӣ, гузариш ба муомилоти ғайринақдӣ ва ба шакли пурраи электронӣ гузарондани муносибатҳои молиявию бонкӣ чораҳои мушаххас андешанд.
Дар идома вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир гузориш дод. Ба гуфтаи ӯ, эълони Солҳои рушди саноат (2022 – 2026) барои амалишавии саноатикунонии босуръати кишвар заминаи устувор мегузорад.
Соли сипаригашта дар кишвар корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси беш аз 5 ҳазор ҷойҳои нави кор мавриди истифода қарор гирифта, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 22 фоиз афзуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои навро ҷиҳати татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок, ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигарондашуда, коркарди ниҳоии ашёи хом дар мамлакат ва рушди саноати нассоҷию дӯзандагӣ вазифадор намуданд.
Ба вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа, директори генералии ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» Хайрулло Сафарзода ва сардори Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика Ғолиб Убайдуллозода вобаста ба густариши бунёд ва навсозӣ дар иншооти энергетикии мамлакат, пешгирӣ аз талафоти техникӣ ва тиҷоратии неруи барқ, бартараф намудани қарздорӣ доир ба таъминоти неруи барқ дар ташкилоту идораҳои соҳа ва вусъати корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун», истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошуда барои сохтмон ва навсозии иншооти энергетикӣ ва иҷрои босифати корҳо дар онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Сулаймон Зиёзода ва раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода оид ба истифодаи мақсадноки заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои нав, тақвияти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар, рушди соҳаи парандапарварӣ, чорводорӣ, зотпарварӣ, моҳипарварӣ, зироату сабзавоткорӣ, рустанипарварӣ, коркарди саривақтии замин ва истифодаи тухмиҳои хушсифат, истифодаи нуриҳои минералӣ, бартарафсозии камбудиву қонунвайронкуниҳо дар тақсимоти замин ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа ҳисобот доданд.
Вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ва вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода ҷиҳати беҳтар гардондани вазъи таълиму тарбия, таъмини рушди устувори соҳаи маориф, бунёду навсозии мактабҳои наву замонавӣ, сари вақт ва тибқи талабот ба ваксинагузаронӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар давраи хуруҷи бемориҳои сироятӣ, бунёду навсозии бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ, ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат вазифадор шуданд.
Сардори Хадамоти алоқа Бег Сабур, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Маҳмадсаид Зувайдзода, директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” Ҷамшед Табарзода, раиси Кумитаи рушди маҳал Қосим Роҳбар ва раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли минбаъда гузориш доданд.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни ҳисоботи худ иброз дошт, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар пойтахти мамлакат 4 ҳазору 371 иқдомоти созандагӣ амалӣ гардида, иҷрои нақша 104 фоиз таъмин ва 16 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ, 8 муассисаи тандурустӣ, 50 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 162 километр роҳ, 19 бинои маъмурӣ, 225 иншооти баландошёна бо 161 маркази хизматрасонӣ, 62 майдончаи варзиш, 9 гулгашт бунёд ёфта, 2 321 бинои истиқомативу маъмурӣ ва 116 хобгоҳ таъмир шуданд.
Ба таъкиди Рустами Эмомалӣ, соли гузашта истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 114, гардиши савдо 115, хизматрасониҳои пулакӣ 123 ва боркашонӣ 104 фоизи нақшаро ташкил дода, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 1,5 баробар афзуд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо дар давраи соли 2021 ҳисобот доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷиҳати таҳкими раванди омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, татбиқи нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, таҳия ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо вобаста ба амалигардонии Солҳои рушди саноат (2022 – 2026), ҳалли саривақтии арзу шикояти мардум, дастгирии соҳибкории маҳаллӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, бештар намудани ҳаҷми содироти онҳо ба хориҷи кишвар, тақвияти фаъолияти муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар охири маҷлис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 бо натиҷагирӣ аз фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба аъзои Ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти давлатӣ барои рафъи камбудиҳои мавҷуда, иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи нақшаи чорабиниҳои таъминкунандаи пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои муҳими кишвар, барои дарёфти роҳҳои пешгирӣ ва кам кардани таъсири омилҳои манфии берунӣ, устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ҷалби сармоя, зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ, хусусан ҷиҳати худтаъминкунӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, дастуру супоришҳои мушаххас дода, дар ҳузури иштирокчиёни ҷаласа сухан ронданд.
Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд, ки иҷрои саривақтӣ ва сифатноки нақшаи чорабиниҳоро доир ба дастуру супоришҳои дар Паём баёншуда таъмин намоянд.
Таъкид гардид, ки соли 2021, бо вуҷуди мураккаб ва душвор боқӣ мондани вазъи иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтии зиддибуҳронӣ вобаста ба пешгирии таъсири омилҳои манфӣ ба иқтисоди миллӣ, бахусус паҳншавии бемории сироятии коронавирус, рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 9,2 фоиз таъмин шуд.
Вобаста ба ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки бо мақсади расидан ба ҳадафҳои муайяншуда, барои ташаккули имконияту захираҳои молиявии ба рушд нигарондашуда, таъмини гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, татбиқи «иқтисоди сабз» ва дар соли 2022 дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмини суръати рушди иқтисоди кишвар бояд тамоми иқтидору имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода гарданд.
Дар ин самт, вазорату идораҳо вазифадор шуданд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати иҷрои барномаҳои соҳавию минтақавӣ ва бартараф намудани камбудиҳои дар татбиқи онҳо ҷойдошта, тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дастур дода шуд, ки дар бахши хусусӣ сиёсати андозу буҷет ба ҳавасманд гардондани соҳибкории истеҳсолӣ равона шавад.
Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои идоракунии самараноки молияи давлатӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, дарёфти сарчашмаҳои нави даромад, иҷрои сифатнок ва пурраи қисми даромади Буҷети давлатӣ вазифадор гаштанд.
Бо мақсади ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии арзандаи мардум дар соли ҷорӣ баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ дар назар аст. Бинобар ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазорати молия ва дигар вазорату идораҳоро вазифадор карданд, ки иҷрои саривақтии иқдоми мазкурро таъмин созанд.
Ба Вазорати молия ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати азхудкунии босифат ва мақсадноки маблағҳои ҷалбшудаи қарзиву грантӣ, инчунин, барои ҷалби маблағҳои иловагӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва дастгирии Буҷети давлатӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.
Доир ба ҷорисозии шакли ягона ва муттаҳидкардашудаи электронии баҳисобгирии амалиёти аз ҷониби андозсупорандагон анҷомдодашаванда ва шакли пардохти ғайринақдӣ дар нимсолаи аввали соли 2022 дастурҳои дигар дода шуданд.
Дар робита ба камбудиҳои ҷиддӣ дар самти хароҷоти мақсадноку шаффофи маблағҳои буҷетӣ ва риояи қатъии интизоми молиявӣ, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои буҷетӣ ва дигар ташкилотҳо вазифадор гардиданд, ки камбудиҳои дар ин самт ҷойдоштаро ҳарчи зудтар бартараф сохта, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва шаффофияти хароҷоти онҳоро таъмин намоянд.
Бонки миллӣ вазифадор гардид, ки бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ, бахусус сармояи мустақим, паст кардани фоизи қарзҳо ва зиёд намудани маблағи қарзҳои дарозмуҳлат ба соҳаҳои иқтисодиёт, махсусан ба соҳибкории истеҳсолӣ, вусъати ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва рушди инфрасохтори низоми пардохт, ҷиҳати татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ, беҳсозии сифати хизматрасониҳои бонкӣ ва дастрасии соҳибкорону кишоварзони ноҳияҳои дурдаст ба хизматрасониҳои бонкӣ, доир ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии аҳолӣ ва эътимоди мардум ба низоми бонкӣ тадбирҳои муассир андешад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дигар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки ҳангоми ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ба лоиҳаҳои дар Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021 – 2025 пешбинигардида, афзалият дода, ҷиҳати татбиқи онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
Вобаста ба ислоҳи камбудиҳои дар раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ мавҷуда, аз ҷумла дар самти истифодаи мақсаднок ва шаффофи маблағҳо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ вазифадор шуданд, ки амалинамоии саривақтиву босифати лоиҳаҳо ва бартарафсозии камбудиҳои ҷойдоштаро таъмин намоянд.
Яке аз омилҳое, ки ба ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ таъсири манфӣ мерасонад, дар сатҳи зарурӣ ҷорӣ нагардидани низоми ҳатмии пешбурди баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботи молиявӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ дар корхонаву муассисаҳои кишвар мебошад. Аз ин лиҳоз, Вазорати молия вазифадор шуд, ки якҷо бо вазорату идораҳои марбута ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти гузариш ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ дар тамоми кишвар чораҷӯӣ намояд.
Намояндагиҳои дипломатӣ дар хориҷи кишвар уҳдадор гаштанд, ки бо мақсади ҷалби сармояи мустақим ба иқтисоди миллӣ ба сармоягузорони хориҷӣ имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистонро мунтазам муаррифӣ карда, фаъолияти худро дар ин самт ҷоннок намоянд.
Зимни таҳлили вазъи соҳаи саноати кишвар, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки соли 2021 дар натиҷаи ба истифода додани коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 38,8 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2020-ум 22 фоиз зиёд мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати саноат ва технологияҳои навро вазифадор карданд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ба роҳ мондани коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми ватанӣ, бахусус маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили нахи пахта, мева, пилла, пӯсту пашм ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда, тадбирҳои қатъӣ андешад.
Зарур шумурда шуд, ки корҳо дар самти зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва, ба ин васила, кам кардани вобастагии бозори истеъмолии кишвар аз маҳсулоти воридотӣ тақвият бахшида шаванд.
Таъкид гардид, ки бо мақсади зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли равғани рустанӣ ва маҳсулоти макаронӣ ва таъмини талаботи аҳолӣ бо чунин намудҳои маҳсулот, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати афзоиши кишти зироатҳои равғандеҳ ва зиёд намудани корхонаҳои муосири истеҳсоли равғану макарон чораҳои иловагӣ андешанд.
Вобаста ба эълон шудани Солҳои рушди саноат (2022– 2026) Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор гардид, ки якҷо бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати на кам аз 20 фоиз таъмин намудани суръати рушди ҳамасолаи соҳа ва таъсиси корхонаҳои муосир нақшаи чорабиниҳоро таҳия карда, Барномаи саноатикунонии босуръати кишвар барои солҳои 2020– 2025-ро такмил диҳад ва татбиқи босамари онҳоро таъмин намояд. Ҳамчунин, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш дода шуд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои барқарор кардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда чораҷӯӣ намуда, аз натиҷааш ба Ҳукумати мамлакат гузориш диҳад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки ҳангоми таҳияи нақшаи панҷсолаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба таъсиси корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ ва бунёди инфрасохтори зарурӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Бо мақсади татбиқи васеи принсипҳои «иқтисоди сабз», Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор шуд, ки якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати нақлиёт ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати дар солҳои наздик бо ҷалби сармояи хориҷӣ таъсис додани корхонаи васлу истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ ва фароҳам овардани инфрасохтори зарурӣ барои чунин воситаҳои нақлиёт чораҳои амалиро роҳандозӣ намояд.
Вобаста ба истифодаи имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дигар вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор вазифадор шуданд, ки ҷиҳати бунёди инфрасохтори зарурӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ ва, дар ин замина, фароҳам овардани ҷойҳои нави кор тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Барои таъминоти хонандагони мактабҳои мамлакат бо либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ Вазорати саноат ва технологияҳои нав, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати ислоҳи ин камбудӣ дар соли 2022 чораҳои фаврӣ ва қатъӣ роҳандозӣ намоянд.
Таъкид гардид, ки тибқи маълумоти оморӣ, соли 2021 истеҳсоли алюминийи аввалия 23,5 ҳазор тонна ё беш аз 28 фоиз коҳиш ёфт. Аз ин рӯ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва роҳбарияти «Ширкати Алюминийи Тоҷик» аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки ҷиҳати барқарор кардани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва афзоиши истеҳсол ва содироти маҳсулоти ниҳоӣ аз алюминийи аввалия чораҷӯӣ намоянд.
Барои фаъолияти муназзами коргоҳу корхонаҳои саноатӣ дар тамоми фаслҳои сол, бо неруи барқ таъмин кардани онҳо нақши асосӣ мебозад. Аз ин рӯ, тақвияти корҳо дар самти истифодаи самараноку сарфакоронаи неруи барқ, кам кардани талафоти техникиву тиҷоратии он, таъмини самаранокии фаъолияти корхонаҳои истеҳсол, интиқол ва тақсимоти барқ, вусъати татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории вобаста ба рақамикунонӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини роҳбарону масъулони соҳа дониста шуд. Вобаста ба ин, вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав ва молия якҷо бо дигар сохтору мақомоти дахлдор вазифадор шуданд, ки доир ба роҳандозии низоми ҳавасмандии ҳамкории мутақобила дар байни соҳаҳои марбута, аз ҷумла тавассути ҷорӣ намудани тарифҳои муносиб, ки самаранокии фаъолияти онҳоро таъмин мекунанд, чораҷӯӣ намоянд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба кор андохтани иқтидорҳои Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва бунёди иқтидорҳои нави истеҳсоли неруи барқ, аз ҷумла бо истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергияро бисёр муҳим арзёбӣ карданд.
Баъди таҳлили гардиши савдои хориҷии кишвар, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, Агентии содирот ва Палатаи савдо ва саноатро вазифадор намуданд, ки бо мақсади таъмини рақобатнокии маҳсулоти асосии содиротӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва дарёфти бозорҳои нави фурӯш, дар доираи Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025 вобаста ба ташкил кардани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда, диверсификатсияи содирот, муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ дар хориҷи кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои содироткунандагон корро беҳтар ба роҳ монанд.
Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш гирифтанд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таъминоти корхонаҳои истеҳсолӣ бо манбаъҳои ашёи хом ва воситаҳои ёрирасон барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, рушди содирот, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ва истифодаи самараноки иқтидорҳои амалкунанда тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Вазоратҳои кишоварзӣ, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии содирот ва дигар вазорату идораҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки доир ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бо истифода аз технологияи муосир ташкил намудани гармхонаҳои замонавӣ, коркарди аввалия ва бастубанди маҳсулот, беҳтар намудани низоми баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ, интиқоли бемамонияти маҳсулот тавассути сарҳади гумрукӣ, истифодаи тарифҳои имтиёзнок барои ҳамлу нақл ва бартарафсозии дигар мушкилоти ҷойдошта тадбирҳои дахлдор андешанд. Дар ин самт, зарур шумурда шуд, ки роҳбарону масъулин солҳои 2022 – 2023 ҷиҳати бунёди се маркази агрологистикӣ бо ғунҷоиш ва коркарди зиёда аз 10 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳар яки онҳо дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон чора ҷӯянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, афзоиши истеҳсоли молу маҳсулоти ба содирот нигарондашуда ва воридотивазкунанда, баланд бардоштани қобилияти рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ ва муносибатҳои шарикиву ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ ва роҳёбӣ ба бозорҳои кишварҳои хориҷӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки дар соли 2022 ҷиҳати шомилшавии кишвар ба низомҳои бархӯрдории тиҷоратии созмону иттиҳодияҳои байналмилалию минтақавӣ корҳоро тақвият бахшад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои дахлдор якҷо бо Вазорати кишоварзӣ вазифадор шуданд, ки бо мақсади ҳифзи амнияти озуқаворӣ, таъмини бозори истеъмолии кишвар ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан ғалладонагиҳо, картошка, пахта ва баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо, чораҳои қатъӣ андешанд.
Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадор гаштанд, ки корро дар самти ба кор андохтани Ҷамъияти саҳомии «Азот» тақвият бахшида, бо ҷалби сармояи хориҷӣ барои таъсиси корхонаҳои истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар дигар минтақаҳои кишвар ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватании нисбатан арзон чора ҷӯянд.
Ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, Агентии содирот, Палатаи савдо ва саноат ва дигар вазорату идораҳо супориш дода шуд, ки ҷиҳати муаррифии молу маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар доираи бренди миллии кишвар тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва пешгирии болоравии нархҳо ба Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ супориш дода шуд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида чораҷӯӣ намоянд.
Ҷиҳати рушди соҳаи роҳу нақлиёт вазорату идораҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки дар самтҳои рақамикунонии соҳаи нақлиёти автомобилӣ, таҷдиду навсозии роҳҳои маҳаллӣ, таъмини назорати доимӣ ҷиҳати дар муҳлатҳои муқарраргардида ва босифат иҷро шудани корҳои сохтмону таҷдиди роҳҳо бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ корҳоро тақвият бахшанд.
Бо мақсади омода намудани кадрҳои баландихтисос ва ба талабот ҷавобгӯ гардондани сатҳи донишу касбияти хатмкунандагон, ба вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм супориш дода шуд, ки бо назардошти таҷрибаи кишварҳои пешрафта механизми додани иҷозатномаҳоро барои муассисаҳои таълимӣ мавриди омӯзиш қарор дода, ҷиҳати такмили он пешниҳоди мушаххас манзур намоянд.
Вазорати маориф ва илм якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ чораҳои амалӣ андешида, роҳҳои ҳавасмандгардонии соҳибкоронро дар самти ташкили кӯдакистонҳои хусусӣ омӯхта, пешниҳодҳои худро ба Ҳукумати мамлакат манзур намояд.
Супоришҳои дигар ба Вазорати маориф ва илм вобаста ба назорати иҷрои низоми маблағгузории меъёрии сарикасӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таъмини иҷрои нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (дар риштаи омӯзгорӣ) вобаста ба эҳтиёҷоти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи олимони кишвар дар раддабандиҳои байналмилалии илмӣ, ташкили ихтисосҳои нав дар риштаи саноат ва омода намудани мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии соҳаи техникӣ, технологӣ ва муҳандисӣ дода шуданд.
Барои беҳтар кардани вазъи соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла дар самти таъмини заминаи моддиву техникии муассисаҳои тиббӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии мутахассисони ҷавон ва баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳа ва рушди саноати дорусозӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадор шуданд, ки бо ба назар гирифтани талабот ва имкониятҳои ҷойдошта барои таъсиси корхонаҳои саноатии истеҳсоли доруворӣ чораҳои қатъӣ андешанд.
Таъкид гардид, ки имрӯзҳо дар ҷаҳон мавҷи нави бемории сироятии коронавирус идома дорад. Бинобар ин, Президенти мамлакат супориш доданд, ки раванди бо ваксина фаро гирифтани гурӯҳҳои мақсадноки аҳолӣ бояд вусъат дода шавад, зеро ягона роҳи муассири эмин мондан аз ин беморӣ эмгузаронӣ мебошад. Ҳамчунин, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шуд, ки лоиҳаи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таҷлили бошукӯҳ ва арзандаи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ёдовар шуда, барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва таҳияи нақшаи чорабиниҳо, ки дар Паёми навбатии Роҳбари давлат омадааст, ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супоришҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла, дастур дода шуд, ки масъулин нақшаи чорабиниҳои соҳавӣ ва маҳаллии худро вобаста ба ин ҷашни бузург таҳия намуда, ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷударо ҷиҳати татбиқи саривақтӣ ва сифатноки онҳо сафарбар намоянд.
Тамоми роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони Ҳукумат ва сохторҳои марказӣ дар маҳалҳо, дигар сохтору мақомоти дахлдор ва кулли хизматчиёни давлатӣ вазифадор шуданд, ки фаъолияти худро ҷиҳати бартарафсозии камбудиву норасоиҳои дар маҷлиси имрӯза зикргардида ва иҷрои босифати дастуру супоришҳои зимни Паёми Роҳбари давлат ироагардида, ҷоннок намуда, аз натиҷааш ба Ҳукумат ҳисобот диҳанд.
Сарвари давлат таъкид сохтанд, ки вазифаи муҳимтарини ҳамаи мо дар панҷсолаи оянда равона кардани тамоми саъю талош ва захираву имкониятҳо ба хотири вусъати бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» – иншооти тақдирсози аср, рушди саноат ва кишоварзӣ, яъне таъмин намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ, боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ба раванди ободониву созандагии Ватан сафарбар сохтани хурду бузурги мамлакат мебошад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.01.2022 №: 15 Мутолиа карданд: 5507