logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
МУАММОИ «САРМО»
Аз боло ба поён:
1. Шакли ҷамъи вожаи рукн.  2. Меваи хуштаъм.                 4. Он, ки аз авлоди Паёмбар (с)  ба ҳисоб меравад. 5. *** Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон. 8. Уқёнус. 10. Мафҳуми хешутаборӣ. 12. Ҷамъи вожаи исм. 13. Тахаллуси шоири адабиёти классикии форсу тоҷик. 
Аз чап ба рост:
3. Насаби актёри тоҷик Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон. 6. «Чу аз *** шодӣ ояд ба чанг» (Абушакури Балхӣ). 7. Тарозуро гӯянд. 9. Он чи аз ҷое таровида баромадааст, чакра, қатра .11. Меъёр ба забони русӣ. 13. Фасли зимистонро  ҳамин тавр ҳам мегӯянд.  14. ***и раҳм. 15. «Қиссаи мурғи *** пеши ман афсона нест».      
Мураттиб  Ҳотами ҲОМИД
 
Ҷавоби муаммои «Арча»
 1. Паланг. 2. Гандум. 3. Муҳаббат. 4. Танбӯр. 5. Райҳон. 6. Наврӯз. 7. Забон. 8. Надим. 9. Микола. 10. Алпомиш. 11. Шарқ. 12. Қамар. 
13. Рухом. 14. Меҳргон. 15. Нур. 16. Рамақ. 17. Қоф. 18. Фарҳанг. 
19. «Гулистон». 20. Назокат. 21. Тараб. 22. Барфак. 23. Кӯлоб. 24. Бах. 25. Харбуза. 26. Андарз. 27. Закот. 28. Тир. 29. Рақс 30. Сунбула. 
31. Атр. 32. Рахш. 33. «Шаҳрошӯб». 34. Бист. 35. Трактор. 36. Рақам. 
37. Мактаб. 38. Байт. 39. Тин. 40. Нодар. 41. Ризо. 42. Офтоб. 43. Бурҳон. 44. Нон. 45. Набот. 46. Тоқӣ. 47. Икс. 48. Спитамен. 49. Навид.
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
 
МУЪҶИЗАҲОИ ВАРЗИШӢ 
 
5200 ОТЖИМАНИЯ 
Тоҷикбача бо истеъдоди фавқулодааш  шомили Китоби рекордҳои Гиннес гардид
Эмомҳусайн Умарови 11- сола, ки чанд сол қабл бо истеъдоди фавқулодаи варзишиаш номаш вирди забонҳо гардида буд, шомили Китоби рекордҳои Гиннес шуд.
Бар пояи иттилои мураббии навраси тоҷик Ризвон Ошурмамадов, Эмомҳусайн дар ҳузури комиссия бе танаффус 5 ҳазору 200 болофишорӣ (отжимания) анҷом додааст.
Қаблан расонаҳо навишта буданд, ки  Эмомҳусайн дар синни 7 - солагӣ бидуни танаффус 11 ҳазор болофишорӣ анҷом медиҳад.
Ба гуфтаи  Раҷаб Умаров, падари варзишгар бошад, зӯри бозуи писараш то 13 ҳазор болофишорӣ мерасад. Ва ахиран орзуи падар ҷомаи амал пӯшиду фарзандаш шомили Китоби рекордҳои Гиннес шуд.
 
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
 
ПЕШВОЁНИ СИЁСӢ ВА ҲАҚҚИ ҚАЛАМ 
 
МАО СЗЕДУН: ПУЛ ДАР ПУЛДОН
Сарвари Ҳизби Коммунистии Чин Мао Сзедун барои асарҳояш ҳаққи қалами ҳангуфт гирифтааст. Бояд гуфт, ки доҳии бузурги чиниҳо дар жанрҳои мухталифи адабӣ асар эҷод мекард. 
Бино ба иттилои ВАО, соли 1967 сарвари вақти Чин ба маблағи 750 ҳазор доллари ИМА ҳаққи қалам гирифтааст.
Мао Сзедун аз миёни ҳамаи сарварони давлатҳо дар асри XX мумсиктарин ба ҳисоб меравад. Ӯ бар хилофи амали И.В. Сталин ҳаққи қаламашро барои халқаш харҷ накарда, онро дар ҳисобҳои бонкии худ нигоҳ медошт. 
Боз ҳам аҷибтар ин аст, ки Мао Сзедун барои меросхӯрон истифодаи ин маблағҳоро манъ кард. Аз ин рӯ, то ҳанӯз онҳо дастнорасанд. Албатта, туфайли фоизҳои ҷамъшуда маблағҳо ҳамасола меафзоянд. Ҳанӯз соли 2001 маблағҳои ҳаққи қалами ӯ беш аз 17,6 миллион долларро ташкил медод.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
 
ТАВСИЯ
 
ЧӢ ГУНА АЗ ТАНБАЛӢ РАҲО ЁБЕМ?
2. МУШКИЛИ КАШФШУДАРО ҲАЛ КУНЕД
Вақте дарёфтед, ки танбалиатон аз куҷо реша гирифтаасту иллати он чист, барои рафъи он иқдом кунед. Ва ҳангоми дармони танбалӣ аз ин роҳҳо истифода баред:
- агар иллати танбалии шумо хастагӣ аст, каме истироҳат кунед. Ҳама ба истироҳат ва оромиш ниёз доранд! Аз ин рӯ, бояд ҳатман аз баҳри баъзе корҳо баромад ва фароғат кард;
- агар дар корҳои мухталиф ғарқ шудаед саъй кунед, ки корҳоро ба қисмҳои кӯчак тақсим карда, авлавиятдоштаҳоро базудӣ анҷом диҳед;
- гоҳо нороҳатиҳое руҳатонро озурда мекунад ва фаъолияти шуморо коста мегардонад. Дар ин ҳолат бояд баҳри беҳбуди худ бикӯшед ва барои дармони танбалии худ иқдом кунед.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
«ҚУДРАТИ ИНСОН»
2. ВАНГА
Ин машҳурзани соҳибкаромот дар 12-солагӣ, бар асари туфони фалокатбор, ки ӯро ба ҳаво бардошта, садҳо метр ба дурӣ андохта буд, биноияшро аз даст медиҳад. Вақте падару моиндар Вангаро пайдо мекунанд, чашмонаш аз қуму чанг пур шуда буданд. Вазъи фақри оилавӣ имкон намедиҳад, ки духтарчаро муолиҷа кунанд ва, ҳамин тавр, Ванга то охири умр нобино ба сар мебарад. 
Шуҳрати оламгири ин нобинодухтар дертар, аниқтараш дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ба даст меояд. Ба бовари мардум каромоти Ванга дар он зоҳир мешуд, ки ӯ дар куҷо будани аскарони бенишон гумшуда ва ё агар фавтида бошанд, макони дафни онҳоро дақиқ ба соҳибонашон мегуфт. 
 
Аз русӣ тарҷимаи Самад ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
 
БОБОИ КОЗИМО МЕДИЧИ
Ҳарчанд бобои ҳокими Флоренсия  Козимо Медичи кӯзапушту бадрӯ буд, Микеланҷело сурати ӯро хеле зебо, қоматбаланду шонапаҳн меофарад. 
Вақте чанд нафари кунҷков мепурсанд, ки фардо мардум чи мегӯяд,  рассом нимшӯхиву нимҷиддӣ чунин посух медиҳад:
– Баъди 500 сол афту башараи бобои ҳокими Флоренсия ба хотири кӣ мемонад? 
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
ҲУКМҲОИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
 
ДУРӮҒ НЕСТ, ҲАҚИҚАТ АСТ!
Маклаурин 12750 сол дар зиндон “мемонад” 
Шояд тааҷҷубовар бошад, вале суди иёлати Оклахомаи ИМА чунин ҳукмро нисбат ба шаҳрванд Аллан Уэйн Маклаурин баровард. Аввал муҳлати ҷазо нисбат ба маҳкумшуда, ки ба содир кардани ҷиноятҳои одамрабоӣ, ғоратгарӣ ва таҷовуз ба номус айбдор мешуд, 4275 сол эълон гардид. Аммо, баъдан, ҷинояткор бо нишони эътироз аз ҳукми тулонӣ ба мақомоти болоии додгоҳ шикоят кард. Дар вақти бозбинии ҳукм муҳлати адои ҷазо қариб се баробар афзуд ва 12750 солро ташкил дод. Ҳукми ниҳоӣ соли 1996 баромад ва агар умр “боқӣ” бошад, Маклаурин соли 14 746 аз зиндон “озод” хоҳад шуд.
Таҳияи  Фаромарз РАҲМОНИЁН
 
 
 
«ФИРЕБҲОИ ИҚТИСОДӢ»
 
2. ДУ ГИР ХАРИДАНДУ ДАҲҲОИ ДИГАРРО ФУРӮХТАНД
«Гир мехарем бо нархи баланд», - фарёд мекарданд дар кӯчаҳои шаҳр ду савдогари ҳилагар. Ин садо ба гӯши чанд ҷавони аз дунё бехабар расиду онҳо дар такопӯи дарёфти гир шуданд. Соате нагузашта буд, ки, аллакай, ба дасти «тоҷирон» ду - се гир расид. Дар ҳақиқат, ба ивази онҳо ҷавонон чандсад доллар гирифтанд, ки ба якборагӣ боварашон ба «савдогарон» бамаротиб афзуд.  Ин овоза ба ҳар восита дар бозору мактабҳо, кӯчаю паскӯча паҳн шудан гирифт. Акнун, калимаи гир ҳаммаънои зару тилло гардида буд. 
Ҳилагарон бо суиистифода аз ин овоза, ки  ба як лӯла оҳан қурби баланд оварда буд, дар маҳалҳои дигар ба дасти одамони худ даҳҳо гири қаблан ҷамъовардаашонро фурӯхтанд. Бо нархи нисбатан арзонтар, вале бо фоидаи даҳчанд баробар зиёд аз харҷи кардаашон. Одамони фиребхӯрда ба умеди қимат фурӯхтани гирҳои зиёди харидаи худ интизори «тоҷирон» монданд, то даме ки ба доми макру ҳила афтоданашонро фаҳмиданд.    
 
Таҳияи Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ
 
 
 
КАТРАЕ АЗ БАҲР
14 ҚОНУНИ ПСИХОЛОГИЕ, КИ ДОНИСТАНИ ОНҲО ҲАЁТИ ШУМОРО ТАҒЙИР МЕДИҲАД
1.ҚОНУНИ «ИНТИХОБ». Агар шумо «business lady» - и муваффақ бошед ва 24 соат дар кор банд шавед, он вақт завҷаи беҳтарин ва модари хуб буда наметавонед. Аз ин бармеояд, ки дар роҳи муваффақият хоҳу нохоҳ, чизе ё касеро қурбонӣ карданатон ногузир аст. Профессори математика рассоми ноуҳдабаро мешавад. Ҷарроҳи хуб сароянда ва балерина - кадбонуи бад. Агар шахс дар коре ба пирӯзӣ ноил гардад, дар кори дигар ӯ ҳатман ноком мешавад. Интихоб кунед, ки дар куҷо муваффақ бояд шуд.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 
 
 
ГАНҶИ ШОЙГОН
ТО ПУРМАОНӢ ШАВӢ
Дар маҷлисе ба Мавлоно изҳор доштанд, ки мо ба чашми худ каромоти нафареро дидем ва аз он гувоҳӣ медиҳем.
Мавлоно пурсид: Чӣ каромоте аз ӯ мушоҳида кардед?
Гуфтанд: Вақте ба дасти мо об мерехт, он об ба хун мубаддал мегардид.
Мавлоно гуфт: Ин каромот нест, балки сеҳр аст. Ӯ ҳалолро ҳаром кардааст, агар акси ин мешуд, каромот буд.
Ва ин байт бар забони муборакаш рафт:
Эй басо Иблиси одамрӯй ҳаст,
Пас ба ҳар дасте нашояд дод даст.
 
Китобати Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
НОГУФТАҲО АЗ ОЛАМИ ПАРАНДАҲО
2. ЯКЕ НОМАРАСОНУ ДИГАРЕ НАҶОТДИҲАНДА
ХОТИРАИ МЭРИ ВА ГОЛУБЧИК ЧӢ ТАВР ДАР ЁДҲО АБАДӢ ГАШТ? 
 
Кабӯтарон рамзи сулҳанду онҳоро ҳамчун номабар мешиносем. Дар ҳақиқат, оё онҳо барои хомӯш намудани оташи ҷанг саҳме доранд? Менигарем ба корномаи онҳо. 
Соли 1943 Мэри ном кабӯтаре барои хизматҳои шоёнаш дар Ҷанги дуюми ҷаҳон бо медали Мария Дикин қадр шуд. Мэри, ки маълумотҳои махфиро аз Фаронса интиқол медод, ҳангоми адои хизмат се маротиба ҷароҳат бардоштааст. Дар Уэст–стрити Британияи Кабир лавҳаи хотиравие низ гузоштаанд, ки корномаи ҷангии кабӯтарро дар ёдҳо абадӣ мегардонад. 
Ба ҳамин монанд, соли 1944 дар яке аз киштиҳои зериобии шуравӣ кабӯтаре бо исми Голубчик номабарӣ мекард. Дар яке аз муҳорибаҳо киштӣ ба майдони мина афтоду бо сабаби фарсудагии таҷҳизоти техникӣ имкони расондани хабар қатъ гардид. Голубчик ба сафар баромад: дар ду рӯз 1000 километрро тай карда, киштии дигареро ба наҷоти ҳамроҳонаш овард. 
 
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
 
 
 
ИХТИРОИ МУҲИМТАРИНИ ИНСОНИЯТ ДАР СОЛИ 2021
2.САФАРИ КАЙҲОНӢ, КИ ДАР МИРРИХ ОБРО КАШФ НАМУД
Соли 2021 ба Миррих дастгоҳҳои зиёди кайҳонӣ парвоз карданд, аммо аз  миёни онҳо  Ingenuity, ки моҳи апрел ба хотири пайдо кардани нишонаҳои ҳаёт ба ин сайёра фиристода шуд, пешоҳанги сол дониста мешавад. 
Аслан, обро дар ин сайёра дастгоҳи кайҳонии «ЭкзоМарс» пайдо намуд. Дастгоҳ дар муҳити Миррих конҳои яхро кашф намуд ва ин маънои онро дорад, ки инкишофи ҳаёт дар Миррих имконпазир аст ва онро Ingenuity бояд пайдо кунад. Баъдан, дастгоҳи Perseverance фиристода шуд ва он маълум кард, ки муҳити Миррих туфайли магмаи вулкани гудохташуда ба вуҷуд омадааст.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
 
 
ДОРОТАРИН  ҲУНАРМАНДОНИ ОЛАМ
2. ТОМ КРУЗ
Том Круз, бешубҳа, яке аз машҳуртарин ҳунармандони олам шинохта мешавад. Ӯ соли 1962 дар иёлати Ню-Йорки ИМА ба дунё омадааст. Аввалин нақши худро соли 1981 иҷро карда, дар 262 филм нақш офаридааст. Бояд зикр намуд, ки шуҳрати бештарро ба ӯ нақши ҷосус Итан Ҳант дар филми  «Рисолати иҷронашаванда» (Миссия невыполнима) меорад.
Том дорои 3 ҷоизаи «Глобуси тиллоӣ» ва се маротиба номинанти ҷоизаи «Оскар» гардидааст. Дороии ӯ айни замон беш аз 500 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Таҳияи Комрон САФАР
 
 
 
ИНСОН ВА АСРОРИ КОИНОТ
БОДҲОИ  ПУРШИДДАТИ  НЕПТУН
Нептун яке аз сай-ёраҳои дури системаи офтобӣ буда, на ба шарофати телескоп, балки аз ҳисобҳои риёзӣ кашф шудааст. Нептун номи худро аз номи  Худои Рими Қадим баҳрҳо гирифтааст. Ранги ин сайёра кабуд буда, то ҳол сабаби ин рангро гирифтанаш маълум нашудааст. Нептун назар ба он, ки аз Офтоб гармӣ мегирад, худ бештар гармӣ тавлид мекунад, вале бо вуҷуди ин, нисбат ба дигар сайёраҳо сардтарин ба ҳисоб меравад. Як сол дар Нептун тақрибан 165 соли Замин мебошад. Шамолҳои сахттарин дар системаи офтобӣ дар Нептун мевазанд, ки суръати онҳо ба 2100 км/соат мерасад. 
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
 
 
КАРУЗО:  «ПУЛ ШИРИН БУДААСТ»
Аз қазо бахти Карузо баландӣ карду мебоист маблағи калонеро муфт аз худ кунад, вале вақте дохили бонк мешавад, ғайр аз чек ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияташро пешниҳод карда наметавонад. Табиист, ки хазинадор аз додани чунин маблағи калон худдорӣ мекунад. Карузо мисли мурғи посӯхта ин тарафу он тараф қадам зада, чи кор карданашро намедонист. Баъди як фурсати хомӯшӣ, ногаҳон, садои марғуладоре дар фазои бонк танинандоз мешавад. Бале, ин Карузо буд, ки порае аз операи «ғусса»-ро бо тамоми овоз месуруд. 
Хазинадор аз қарсакзаниҳои беисти ҳамкорону мизоҷони дигар дарк намуд, ки ин ҳамон Карузои машҳур аст ва чекро гирифта, маблағи ҳунармандро пурра пардохт. 
Ҳангоми баромадан аз бонк, Карузо худ ба худ иқрор мешавад:
- Дар тамоми умрам операро ин қадар бо ҳавасу ҳасрат нахонда будам, ин пули сабил ширин будааст.  
 
Аз русӣ тарҷимаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
САРГУЗАШТИ БОВАРНОКАРДАНИИ АҶОИБ ДАР ТИБ
Ҷои шубҳа нест, ки барои инсон тансиҳатӣ аз ҳама чиз авлотар аст. Ба ин хотир, ӯ ба саломатии хеш пайваста диққати ҷиддӣ медиҳад ва, дар робита ба ин, аз давраҳои қадим инсон дар рушду ривоҷи илми тиб саҳми беандоза гузоштааст. Маҳз самараи ҳамин кӯшишҳо буд, ки солиёни зиёд кормандони тиб дар муолиҷаи бемориҳои вазнин ва, ҳатто, аз марг наҷот додани маризон ба дастовардҳои камназир муваффақ мегарданд.  
Дар рубрикаи навбатӣ барои ҳаводорони саҳифаи «Шоми шанбе» воқеаҳое манзур мегарданд, ки бемуҳобот аз шумори «аҷоиботи олами тиб»-анд.
1. НАҶОТИ ФИНЕАС ГЕЙЖ
Ин ҳодисаи мудҳиш бо Финеас Гейж ҳанӯз миёнаи асри XIX, дурусттараш соли 1848, ба вуқуъ омада буд. Ҳамон сол ӯ дар сохт-мони роҳи оҳан кор мекард. Дар яке аз рӯзҳо бар асари таркиши навбатӣ арматураи якметра косахонаи сари  Гейжро сӯрох карда мегузарад.  
Зинда мондани ҷабрдида амри маҳол буд, вале туфайли саъю кӯшишҳои зиёди табибон,  Гейж ҷон ба саломат бурд. 
Дар баробари ин, ҳангоми муолиҷа табибон фаҳмиданд ки чунин ҷароҳатҳо ба ҳолати ҷисмонӣ ва равонии инсон чи таъсире мерасонанд.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
 
МАВЗЕЪҲОИ ДАСТНОРАСИ САЙЁҲӢ 
Сарфи назар аз рушди ҷаҳонии сайёҳӣ, дар сайёра ҷойҳое мавҷуданд, ки расидан ба онҳо душвор аст. Шумораи ками одамон қодиранд, ки монеаҳоро бартараф сохта ба он ҷойҳо сафар кунанд...
 
Сокотра, Яман
Сокотра яке аз ҷойҳои зебову аҷиб ва ҳамзамон, ҷудошудаву, душворрас дар сайёра аст! Аксари намояндагони набототу ҳайвоноти маҳаллӣ эндемикӣ буда, дар ҳеҷ ҷои дигари Замин дида намешаванд. 
Сокотра – ин галаҷазира дар уқёнуси Ҳинд буда, ба давлати Яман тааллуқ дорад. Соле ба ҷазира на бештар аз 2000 сайёҳ меояд. 
Ҷазира бо манзараҳои экзотикии худ машҳур аст. 
Ба гуфтаи олимон, набототи Сокотра мероси беназири замонҳои қадим аст, намудҳое, ки кайҳо дар қитъаҳо нобуд шудаанд, дар ин ҷо зиндаанд. Машҳуртарини онҳо дарахтони аждаҳо, бодиринг, дорстенияи азим ва садбарги биёбонӣ  мебошанд.  
 
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
 
 
5 БРЕНДИ АҶИБИ ШОКОЛАД
 
2. БРЕНДИ «PUCCINI BOMBONI» ДАР АМСТЕРДАМ (НИДЕРЛАНД)
Оё шумо филми «Шоко-лад» - ро дар хотир доред? Дар ин филм модару духтар аввалин мағозаи қаннодии худро дар як шаҳраки хурди Фаронса боз карданд. Бренди «Puccini Bomboni» низ аз мағозае оғоз ёфт, ки модару духтар соли 1987 дар шаҳри Амстердам кушоданд. Сирри муваффақияти ин бренд дар омезиши ғайриодии классикӣ ва навоварӣ, яъне шоколад ва анис, тухми кӯкнор, чой, сесанбар мебошад. Яке аз шириниҳои дӯстдоштаи  «Puccini Bomboni» кайҳо боз буридаҳои афлесун ва мангои хушк мебошад, ки 70 дарсади шоколадро ташкил медиҳад. Бренд  навъҳои машҳури туҳфаҳоро, ки аз қандҳо, меваҷот  ва шароби сурхи “Pineau des Charentes” ё тиллоии “Moscatel Oro” иборат аст, пешниҳод мекунад. 
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.01.2022    №: 15    Мутолиа карданд: 2705
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед