номаҳо
Нисбати сарнавишти инсон
бетафовут набошанд
Кӯдаке ба дунё овардам, ки ҷисман бисёр хурд асту ҳар ду дасту пояш каҷ. Бо шавҳарам хешу табор нестем. Яъне ман ҳеҷ интизор надоштам, ки соҳиби чунин фарзанд мешавем. Ҳангоми муоина духтурон мегуфтанд, ки фарзандат солим аст ва ба ин гуфтаҳо бовар мекардам.
Акнун ранҷи ин фарзандро як умр бояд бикашем. ӯ ҳам рӯзи некеро дар дунё намебинад.
Ман мефаҳмам, ки бояд ин ҳамаро таҳаммул намоям, шукр кунам. Вале тарсам аз таваллудшавии фарзандони ояндаам аст. Меандешам, ки оё онҳо низ чунин ноқис ба дунё меоянд?
Оё тиби кишвар қудрат надорад пешомади фарзанди моро то замоне ки исқоти ҳамл мумкин аст, баён кунад? Ва ҳам шариати исломӣ дар ин маврид чӣ баён доштааст? Умуман, мо бояд чӣ кор кунем? Аз масъулони тиббу дин, бисёр хоҳиш мекунам, ки нисбати ин сарнавишти инсон бетафовут набошанд, мо мехоҳем фарзанди солим дошта бошем.
К. САФАРОВА,
ш. Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3520