logo

иҷтимоиёт

ШАРОРА. ЁД МОНДУ ДАРД АЗ ОН РӮЗҲО

Ҳар фоҷиа, фалокату ҳодиса дар қалбҳо дарду доғ ва аз худ ёддошту хотираҳо боқӣ гузошта, асари талхи онҳо дилҳоро захмӣ менамояд. Зилзилаи сахту мудҳиши Ҳисор, ки 33 сол қабл, 23 январи соли 1989, соати 5:02 дақиқа, дар маҳаллаҳои Шарора, собиқ Оқулии Боло (ҳоло Сарчашма) ва Оқулии Поён (ҳоло Сайёд) - и шаҳри Ҳисор рух дод, аз қабили чунин ҳодисаҳои дардноку ҷонгудоз маҳсуб меёбад. Дар ин мусибат хоку лойи теппаи Ӯртабӯз дар як лаҳза шаҳрак ва ду деҳаро пӯшонда, боиси хисороти зиёди молию талафоти одамон гардид. 
Ёдрас бояд шуд, ки дар натиҷаи ин заминларза 4512 хонаи истиқоматӣ, 53 муассисаи таҳсилотӣ, 24 муассисаи тиббӣ, роҳҳо, хати барқ, лӯлаҳои обу газ, шабакаҳои зеризаминӣ, наҳру ҷӯйҳои обёрӣ, киштзори ҳосилхез зарари калони иқтисодӣ диданд. Дар маҷмуъ, бар асари ин зилзилаи мудҳиш беш аз 15 ҳазор одам бехонумон, беҷою манзил гардид. Мушкилтар аз ҳама, қариб 300 нафар ҷони худро аз даст дод. Бартараф намудани оқибатҳои зилзила дар зарфи як сол осон набуд, заҳмати зиёдро талаб мекард. Дӯстию бародарӣ ва меҳру муҳаббати инсонӣ буд, ки кори сохтмонию ободонӣ ва рафъи хисороти расида вусъат ёбад. Аз тамоми гӯшаю канори мамлакат, ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дасти ёрӣ мерасид. Бо кумаки Ҳукумати мамлакат, аҳли ҷомеа ва афроди дилсӯзу хайрхоҳ оқибатҳои зилзилаи шадид батадриҷ бартараф шуданд. 
Имрӯз аз ин фоҷиаи вазнин 33 сол сипарӣ мешавад. Ҷойи Шарораи зерихокшуда Шарораи нав - шаҳраки ободу зебо қомат рост кард. Ҳоло манзили деҳаҳои зарардида аз пешина ҳам хубтару ободтар ва зебо гардидааст. Зиндагӣ боз бо рангу равиши худ идома дорад, лекин талафи инсон, талафи рафиқ, дӯст, бародар, волидону фарзандон, кӯдакони маъсуму ҷавонони ғӯрамарг доғест, ки ҳаргиз аз дилҳо намеравад. Хотираҳои он лаҳзаҳои мудҳиш, ҷигарсӯз, аламовар дар қалби ҳар фарде, ки шоҳиди воқеии он рӯзҳо мебошад ё азизи дили худро гум кардааст, захми сӯзон гузоштааст. 
Султонмуроди Одина, Корманди шоистаи Тоҷикистон, хотираи худро чунин баён намуд: «Он субҳи даҳшатовар чун субҳи имрӯза сард буд. Он лаҳзаҳои субҳи козиб мардум дар хоби ноз буданд. Такони шадиди замин ҳамаи аҳли хонаводаро якбора бедор кард. Ҳатто кӯдакони гаҳвораро ҳам. Беихтиёр, саросема, гаҳвораи кӯдак зери бағал рӯйи ҳавлӣ баромадем. Дарк накардем, имкони дарк кардан ҳам набуд, ки замин ҷунбид ё ҳодисаи дигаре рух дод, танҳо як чизе оромам намегузошт: зангҳои паёпайи телефон ва банд будани хати алоқа. Он вақт дар вазифаи котиби Кумитаи иҷроияи Шурои вакилони халқи ноҳия кор мекардам. Парешонхотиру фикрҳои мушавваш дар сар зуд роҳи коргоҳ, сипас ба ҷои ҳодиса роҳсипор гаштем. Вақте ба деҳаи Шарора наздик шудем, аз қисми болоии деҳа ғубору чанг ва ё буғ ба назар мерасиду бӯйи хоки тар ба машом. Аз байни Қалъаи Ҳисор гузашта, сӯи деҳаи Оқулии поён раҳсипор шудем. Дар ин маҳалла давоғеҷи мардум, садои одамон баланд шунида мешуд. Одамон сарлучу пойлуч дар бағал кӯдак медавиданд, то аз ин балои азим наҷот ёбанд. Дар ҳоле ки намедонистанд ба куҷо раванд, то куҷо даванд. Бо вуҷуди воҳима ва тарсу ҳаяҷони одамони даҳшатзада ба ҷойи ҳодиса наздиктар рафта дидем, ки ҳоло ҳам лойқа омада истодааст, лойқаи кабудчаранг. Пешопеши лойқа буғи он ба ҳаво мепечид. Дар ин ҷо ҳам бӯйи хоки тар ба машом мерасид. 
- Як гулдуррос шуд, хаёл кардем, ки осмон ба замин афтод, - нақл мекард марде, ки бо як ҷелаки тунук, дар даст каланд, пойи луч ба назди лой аз сангҳои атроф монеа гузоштан мехост. 
- Оташе баромаду гулдуррос зад. Хаёл кардем, ки раъду барқ аст ва баъд, якбора замин ларзид. Зуд ба берун баромада бинем, бало барин кӯҳи азим об шуда, сӯйи деҳаамон мешитобад, - мегуфт дигаре.
Ба болои деҳаи Оқулии Боло расида, манзараи мудҳишу даҳшатнокро дидем. Қисмати болоии деҳа валангор, хонаҳо чаппа, шифтҳо ба замин яксон буданд. Боғу роғҳои ғубори мотамнишастаи ин деҳаҳо ва нолаю шевани зиндамондагон дилҳоро реш мекард. Уллоси сагон аз болои мавзеи таърихии Тӯпхона, ки дар шафати деҳа воқеъ аст, ба гӯш мерасид. Замин меларзид аз навҳаи модарон, аз ҷигарсӯзиҳои падарон, аз фиғони кӯдакони сағирмонда, аз гиряи садҳо одамони мотамзада».
- Он рӯзҳои даҳшатборро ба хотир оварда, ба худ меандешам, ки як лаҳза ҳам қисмати одамонро ба куллӣ тағйир медодааст. Орзуҳоро ботил, бахтро бебол, ишқро бешарор, зиндагиро ашкбору аламдор ва фарзандро аз волидон, падару модарро аз ҷигарбанд, дилбарро аз дилдор, дӯстро аз рафиқи меҳрубон, гӯштро аз устухон ҷудо мекардааст, - мегӯяд С. Одина.
Ин фоҷиаи талху сангин аслан чӣ буд? Заминларза, вулқон ё амали кӯтоҳандешии инсон. Тавре аз маъхазҳои таърихӣ бармеояд, доир ба муайян намудани сабабҳои он аз рӯзи нахуст сару садо, фарзияҳо, тахмину овозаҳо ва ниҳоят хулосаҳои мутахассисони соҳаҳои гуногун баён гардиданд. Мавриди зикр аст, ки ҳар як овоза, фарзия, тахмину хулоса беасос нест. Аз ҳамаи онҳо шояд то андозае ҳақиқати ҳол муайян гардад. 
Ҳанӯз субҳи ҳамон рӯз овоза паҳн шуд, ки заминларза дар натиҷаи афтидани ракетаи дурпарвоз ва ё кайҳонӣ рух додааст. Гӯё киштии аз Байконури Қазоқистон сардодашуда аз хати ҳисобии худ баромада, аз сабаби вайрон шудани ягон қисматаш хатсайри худро дигар карда, ба ҷойи ба кайҳон баромадан ба сӯйи теппаи Ӯртабӯз парвоз мекунад ва тасодуфан дар паси баландии роҳи ба сӯйи Сунбула раванда меафтад, зеро, аз рӯи нақли шоҳидони воқеа, онҳо он субҳ шуълаи чашмхиракунандаро дидаанд. Инчунин, дар бораи таъсири канали обёрии дашти Ӯртабӯз ба ин фоҷиа, ки қад – қади нишебии теппакӯҳ бунёд ёфта буд, одамони зиёд сухан меронданд. Бино ба гуфтаи онҳо, дар вақти сохтани ин канал, ки аз қисмати шимоли теппакӯҳ мегузашт, ба хусусияти хоки ин мавзеъ аҳамият надода буданд. Бо мурури вақт об ба гилхоки ҷангалӣ таҳшин шуда, оқибат ба лағжиши замин ва сели лойқа сабаб шудааст. 
Тибқи маълумоти мавҷуда, олимони тоҷик ва мутахассисони ватанӣ сабаби асосии фоҷиаро дар нодуруст истифода бурдани иншооти обёрикунии ин маҳал медонанд, ки қаблан сохти замин, таркиби хоки он, аз ин маҳал гузаштани таркиши калони Элокро ба эътибор нагирифтаанд.
Аз рӯзи нахустини ҳодиса ҷиҳати муайянсозии сабаби фоҷиаи Ҳисор ва ба таври фаврӣ расондани иттилои нав доир ба ин ҳодиса рӯзноманигорон ва ташхисгару тадқиқотчиёни зиёд аз дохилу хориҷи кишвар сафарбар гаштанд. 
Дар бораи заминларзаи Ҳисор геолог Н. Новгородсев дар маҷаллаи илмӣ – оммавии бонуфузи «Вокруг света», № 11, соли 1990 андешаю хулосаҳои худро дар мақолаи «Фоҷиаи Ҳисор» баён месозад, ки аз бисёр ҷиҳат назари тоза ба заминларзаи Ҳисор ва хулосаҳои ҷолиб нисбат ба сабабҳои ба амал омадани он мебошад. Хулосаи тадқиқоти Н. Новгородсев дар он аст, ки фоҷиаи Ҳисор ҳодисаи мураккаби табиӣ буда, дар натиҷаи ҳаракати сейсмикӣ ва таркиши лойқаи вулқонӣ ва лағжиши сахт ба вуҷуд омадааст. Яъне, он зуҳуроти мураккаб аст, ки ба он ҳам зарбаи зеризаминӣ, ҳам фаввораи вулқони лойин ва ҳам ҳаракати лағжишҳои тавоно сабаб шудааст. 
Тавре он давра миёни мардум зуд ҳангомае паҳн шуд, аз ин офати азим тифли навзод аз деҳаи Шарора чун шарор, шуъла, нури илоҳӣ эмин мондааст. Гӯё дар ин рӯз аз нав таваллуд шуда буд. Ӯ шаш рӯз дошт, аз оламу одам бехабар, меҳри волидонро ҳанӯз эҳсос накарда, чеҳраи онҳоро ба хотир нагирифта, аз онҳо якумра ҷудо шуд. Аз аҳли оила танҳо зинда монд. Падару модар, ду бародар, хоҳару бибӣ ва амакаш зери хоку лойқа монда, барои онҳо ҷойгаҳ лаҳаду хона қабр шуда буд. Ин тифли навзоди дар гаҳвора хобида зери девори бетонӣ монда, ҷон ба саломат мебарад. Бибиаш ба ӯ бо ҳазор умед Парвина ном гузошта буд. Баъд ба хотири шаҳидони деҳа ҳамчун нишонаи фавтидаҳои пурорзу ва рамзи фоҷиаи маҳал ба ӯ Шарора ном мегузоранд. Шарора дар тарбияи амакаш бузург шуд. Ӯ ҳоло оиладор ва ба тарбияи фарзандонаш машғул аст. 
Бо умеди пос доштан ва абадӣ гардондани хотираи шаҳидони фоҷиаи шаҳри Ҳисор, инчунин барои насли оянда нигоҳ доштани таърихи ҳақиқати ин фалокат, ҳамасола 23 январро сокинони деҳаҳои аз ин офат зиёндида чун рӯзи фоҷиабору марговар ёдоварӣ менамоянд. Дар ин рӯз онҳо ба макони ҳодиса рафта, бо дуою фотиҳа рӯҳи қурбониёнро шод месозанд. Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар арафаи ин рӯз корҳои ободонию тозагӣ сурат гирифта, гирду атрофи оромгоҳҳо тоза ва ба тартиб дароварда мешавад. 
Айни ҳол «Оромгоҳи шаҳидони Шарора», ки аксари сокинонаш зери хок аст, ба зиёратгоҳи умум табдил ёфтааст. Дар даромадгоҳи он муҷассамаи «Гаҳвора» сохта шудааст. Дарахтони аз садҳо метр лағжида дар болои хонаҳо зери хок реша давондаанду сарсабзанд. 
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.01.2022    №: 16    Мутолиа карданд: 946
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед