logo

иҷтимоиёт

Ӯ ШАМЪИ ИЛМ БАРАФРӮХТУ...

 
Ҳар вақте байни олимону донишмандон сухан аз боби илмҳои кишоварзӣ, бахусус агрохимия, равад, пеш аз ҳама, номи олим ва муҳаққиқи маъруф, шахси нексиришт марҳум академик Ҳайдар Ҷамолқулов ба ёд меояд. Ӯ аз чеҳраҳои тобноки соҳаи кишоварзии тоҷик буда, бо андешаю афкори созанда дар ин ҷода шуҳрату манзалати воло пайдо намудааст. Олимони дохилу хориҷ аз ӯ чун яке аз сермаҳсултарин олимон ёдовар мешаванд. 
Чунончи аз осори гарон-баҳояш бармеояд, назарияи ӯ доир ба соҳаи агрохимия хеле серпаҳлу, фасеҳу муассир ва бо мантиқи қавӣ баён гардидааст. Тавре Ҷамол Қосимов, яке аз олими соҳа ва аз устодони аввалини ӯ гуфта буд: "Ман Ҳайдар Ҷамолқуловро аз овони ҷавониаш мешинохтам. Ӯ дар курси якум таҳсил дошту ман декани факулта будам. Аз рӯзҳои аввали таҳсил аъло мехонд. Барандаи стипендияи ба номи Калинин шуд. Устодону донишҷӯён ӯро ҳурмат мекарданд. Аз он фахр дорам, ки ҳамчун устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур барои Ҳайдарбек барин донишҷӯёни болаёқат сабақ додаам". 
Дар воқеъ, кушиш ва мутолиаҳои зиёди Ҳайдар Ҷамолқулов самар оварданд. Соли 1954 факултети агрономии Донишгоҳро аз рӯи ихтисоси пахтакор бо дипломи аъло хатм кард ва ҳамчун корманди хурди илмӣ дар шуъбаи пахтакории Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиро оғоз намуд. 
Бо назардошти фаъолияти пурсамару сермаҳсул, соли 1963 Ҳайдар Ҷамолқуловро муовини директор оид ба корҳои илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон таъин карданд. Дар ин вазифа ӯ ҳашт сол содиқона хизмат намуд. Боз ёздаҳ соли дигар, то соли 1982, ҳамчун сарвари Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии ҷумҳурӣ фаъолияти назаррас дошт. 
Бо роҳбарии ин олими варзида дар Институти илмӣ-тадқиқотии кишоварзии ҷумҳурӣ оид ба маҳлули ғизоӣ, обмонии дохилизаминӣ (хокӣ) корҳои илмӣ анҷом ёфтанд. Дар натиҷа, на танҳо истифодаи об, балки нуриҳои минералӣ низ кам гардида, ҳосилнокии пахта бамаротиб афзуд. 
Академики Академияи илмҳои кишоварзӣ Ҳайдар Ҷамолқулов муаллифи қариб 250 асару мақолаҳои илмӣ-оммавӣ оид ба зироаткорӣ, тухмишиносӣ, хокшиносӣ ва сабзавотпарварист. Дар баробари ин, мавсуф дар тарбияи олимони ҷавон саҳми бузург гузоштааст. Зери роҳбариаш ёздаҳ нафар рисолаи номзадӣ ва чор нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намудаанд ва имрӯзҳо аксари онҳо олимони шинохтаи соҳаи кишоварзии мамлакат мебошанд. 
Барои заҳмати содиқона дар соҳаи илми кишоварзӣ Ҳайдар Ҷамолқулов бо унвони Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, медали "Барои меҳнати шуҷоатнок", ордени "Нишони фахрӣ ", ду ордени "Байрақи Сурхи Меҳнат" ва дигар мукофотҳо сазовор гардидааст.
Лоиқи зикр аст, ки олими машҳури рус, академик В. Минеев дар асари худ "Таърих ва вазъи агрохимия дар арафаи асри XXI " (М., 2006, саҳ.795) моҳияти кашфиётҳои Ҳайдар Ҷамолқуловро барои хоҷагии деҳот муҳиму пурманфиат медонад. Аз ин нуқтаи назар, дар бораи фаъолияти пурсамару рӯзгори ибратомӯзи ин устоди асил маълумоти пурра додааст, ки аз мақому манзалати волояш шаҳодат медиҳад.
 
М. РАҲИМОВА, 
доктори илмҳои кимиё


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.01.2022    №: 16    Мутолиа карданд: 646
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед