logo

Хабарҳо

СПИТАМЕН. ТАВАҶҶУҲИ ҶАВОНОН БА ВАРЗИШ МЕАФЗОЯД

 
Дар қатори дигар мавзеъҳои Тоҷикистони азиз дар ноҳияи Спитамен низ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва ашхоси саховатпеша як силсила иншооти варзишӣ бунёд гаштанд. 
Тавре директори муассисаи давлатии мактаби варзиши ноҳия Абдумаҷид Раҳимов, изҳор дошт, алҳол дар ноҳияи Спитамен зиёда аз 90 майдончаи варзиш, 36 толор, 3 ҳавзи шиноварӣ, муассисаи давлатии мактаби варзишӣ ва комплекси варзишӣ фаъолият менамоянд. 
Маврид ба зикр аст, ки 13 январи соли ҷорӣ бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳия комплекси варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Иншоот аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Акмал Юлдошев бунёд гардид ва дар он 12 сокини  маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд.
Бинои мазкур дуошёна буда, дорои толори машқу тамрин, ҳавзи шиноварӣ, майдончаҳои варзишии футбол, басткетбол, волейбол ва теннис мебошад.  Ҳамчунин, раиси вилоят дар суҳбат бо сокинон таъкид кард, ки татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ имкон дод, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят садҳо иншооти нави варзишӣ ба истифода дода шавад. Наврасону ҷавононро зарур аст, ки бо истифода аз шароитҳои фароҳамшуда мунтазам ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ машғул гарданд ва саломатии худро ҳифз намоянд.
Маҳз ҳамин дастгириву ғамхориҳо мебошанд, ки тайи солҳои ахир варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои гуногун ба муваффақияту комёбиҳо ноил мегарданд. Аз ҷумла, соли гузашта варзишгарони ноҳия  дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 105 медали тилло,  137 нуқра ва 145 биринҷӣ ба даст оварданд.
Бино ба гуфтаи Абдумаҷид Раҳимов, ҳоло дар мактаб беш аз 820 нафар, аз ҷумла 210 духтар дар намудҳои гуногуни варзиш машқу тамрин мекунанд ва барояшон тамоми шароитҳои муосир муҳайё гаштаанд. Ӯ изҳори умед намуд, ки дар оянда низ варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои гуногуни ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзида, ба дастовардҳои назаррас мушарраф мегарданд ва, ба ин васила, барои боз ҳам боло рафтани обрӯву нуфузи Ватани маҳбубамон саҳми бориз мегузоранд. 
 
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 875
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед