logo

Хабарҳо

Изҳороти дипломати рус дар Вена

 
Лента. ру. Константин Гаврилов, роҳбари ҳайати Россия дар музокироти Вена оид ба амнияти низомӣ ва назорати аслиҳа гуфт, ки Россия нияти муддати  номуайян интизори посух ба пешниҳодҳои амниятии худ аз ИМА ва НАТО-ро надорад.  
Гаврилов таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки Маскав интизор дорад,  ҳафтаи  равон  аз кишварҳои ғарбӣ посух бигирад. Агар ИМА ва НАТО талабҳои Россияро нодида гиранд, Маскав аз амнияти худ дар Аврупо бо усулҳои дигар дифоъ хоҳад кард. "Ҳам аврупоиҳо ва ҳам амрикоиҳо инро дар худ эҳсос хоҳанд кард" , - гуфт дипломати рус.
Номзад ба мақоми Президенти Фаронса хостори лағви таҳримҳо алайҳи Россия шуд
Лента.ру. Номзад ба мақоми президенти Фаронса, муассиси ҳизби Reconquest  Эрик Земмур аз лағви таҳримҳои аврупоӣ алайҳи Россия ҷонибдорӣ намуд ва бо чунин даъват дар шабакаи телевизионии France 5 баромад кард.
Ба гуфтаи сиёсатмадор, Париж бояд бо Москва дӯст бошад. “Мо бояд  бозичаи дасти ИМА  набошем. Амрико аз қудрати бузургаш истифода намуда,  ба бархезондани кишварҳои  аврупоӣ бар зидди Россия машғул  мебошад ”, - гуфт ӯ. Ба гуфтаи Земмур, дар баробари кӯчактарин наздикшавии Аврупо ва Россия, Вашингтон талош дорад онҳоро аз ҳам ҷудо кунад. "Фаронса метавонад, масалан, бо лағви таҳримҳо ба Москва  таваҷҷуҳи  дӯстона нишон диҳад. Агар ман президент мебудам, мегуфтам, ки дигар таҳримҳо алайҳи Россия нахоҳанд буд”, - гуфт ӯ.
 
Зас: «Буҳрони гуманитарӣ дар Афғонистон барои кишварҳои узви СААД низ таҳдид мекунад»
Мир24. Созмони  Аҳдномаи  амнияти дастаҷамъӣ ҷиҳати таҳкими марзҳои ҷанубӣ талош мекунад, зеро буҳрони гуманитарӣ дар Афғонистон барои кишварҳои узви СААД низ хатар дорад. Дар ин бора Дабири кулли созмон Станислав Зас дар пахши шабакаи телевизионии OНT изҳор дошт. 
«Вазъият пас аз хуруҷи неруҳои амрикоӣ ва муттаҳидонаш аз Афғонистон нигаронкунанда аст. Таҳдиди террористӣ ва хатари қочоқи маводи мухаддир аз ҳудуди  ин кишвар боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, мо барои таҳкими марзҳои ҷанубии худ, пеш аз ҳама, марзи Тоҷикистон бо Афғонистон,  талош дорем”, - гуфт ӯ.
 
Президенти Арманистон Саркисян ба далели надоштани салоҳият истеъфо дод
Известия.  «Ман муддати тулонӣ фикр кардам ва тақрибан пас аз чор соли фаъолият тасмим гирифтам, ки аз маснади Президенти Арманистон истеъфо диҳам. Ин тасмими эҳсосотӣ нест ва комилан аз як мантиқи муайян бармеояд», - гуфта мешавад дар изҳороти сомонаи   маъмурияти ӯ.
Саркисян сабаби ин тасмими худро ба нокифоя будани салоҳият барои таъсиррасонӣ ба равандҳои бунёдии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ номид. 
 
СҶТ ба сабаби  «Омикрон»  аз хотима ёфтани пандемия дар Аврупо  тахмин кард
Известия. Клюге, директори бюрои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, таъкид кард, ки эҳтимол минтақаи Аврупо ба марҳилаи ниҳоии пандемия наздик шавад. 
Ба навиштаи New Straits Times, Клюге изҳори итминон кардааст, ки пас аз коҳиш ёфтани афзоиши штамми «Омикрон» дар Аврупо масунияти умумӣ  ба туфайли эмгузаронӣ ё аз сар гузарондани беморӣ  муддати  муайян вуҷуд хоҳад дошт. Коршинос, ҳамчунин,  тахмин  кард, ки мавҷи нави сироятҳо дигар он қадар оммавӣ нахоҳад шуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1124
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед