logo

Хабарҳо

Россия барои муассисаҳои таълимии Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо мекунад

 
Россия барои дастгирии Барномаи ғизои муассисаҳои таълимӣ дар Тоҷикистон ба Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (WFP) 2 миллион доллари ИМА ба таври иловагӣ ҷудо менамояд. Маблағ барои хариди маводи ғизоӣ ба хонандагони тақрибан 2000 муассисаи таълимии кишвар сарф мешавад.
Дар нишасти матбуотие, ки ба ин муносибат доир шуд, вазири маориф ва илми Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомзода, мушовири Сафорати Россия дар Тоҷикистон Шамил Шамсутдинов, директори Барномаи озуқавории  ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам ва намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
 
Мулоқот бо сафири Покистон
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Имрон Ҳайдарро ба ҳузур пазируфт.
Ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои робитаҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд. 
 
Тақдими нусхаи эътимоднома
Муовини вазири корҳои хориҷӣ Фарҳод Салим нусхаи эътимодномаи сафири фавқулода ва мухтори Япония дар Тоҷикистон Тошиҳиро Аикиро қабул кард.
Дар рафти мулоқот перомуни ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар сурат гирифт.
 
Вохӯрии Амирхон Қурбонзода бо кормандони соҳаи сохтмони пойтахт
Дар бинои сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе вохӯрии муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода бо масъулони соҳаи сохтмони шаҳр вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баргузор гардид. 
Амирхон Қурбонзода зикр намуд, ки мақсади вохӯрӣ ин дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аз иштирокдорон даъват гардид, ки баҳри ободии пойтахти кишвари азизамон - шаҳри Душанбе саҳмгузор бошанд.
 
30 январ Иди Сада таҷлил мегардад
Чорабинӣ дар Боғи фарҳангӣ - фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бо намоиши ниҳолҳою тухмии зироатҳои кишоварзӣ баргузор мегардад. Тавре аз Вазорати кишоварзӣ  иттилоъ доданд,  дар ин рӯз аз ҷониби вазорат тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа дар назар аст.
Дар ин рӯз афрӯхтани гулханҳо, ташкили гӯшаи тавсияи олимону мутахассисон оид ба омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, намоиши ҳама гуна олоти кишоварзӣ, хони пурнозу неъмат, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва қаламчаҳои ниҳолони хоҷагиҳои ниҳолу тухмипарвар, намоиш ва фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан, гулу буттаҳои ҳамешасабзи ороишӣ дар назар аст.
 
Ҷаласаи гурӯҳи коршиносони Платформаи миллӣ
Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори сарраёсати кумита, полковник Ҷамшед Камолов ҷаласаи доимоамалкунандаи гурӯҳи коршиносони Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо баргузор шуд. Дар он намояндагони 15 вазорату идора иштирок доштанд.
Дар ҷаласа, аз ҷумла иштирокчиён масъалаҳои пешгӯии ҳолатҳои фавқулода, бехатарии ҳаракати роҳҳо дар минтақаҳои тармафароӣ ва омодагӣ ба офатҳои табиӣ дар фаслҳои зимистону баҳори соли 2022-ро баррасӣ карданд.
 
Моҳи феврал боришоти зиёд пешгӯйӣ мешавад
Моҳи феврали соли равон дар ҷумҳурӣ бориши зиёди борон, барф ва барфи тар  пешгӯйӣ  мешавад. 
Дар ин бора муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева ба АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 815
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед