logo

сиёсат

ПАЁМ ВА ҚОНУНГУЗОРӢ

Қонун санади ҳуқуқӣ буда, барои кишварҳои демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бисёр муҳим аст. Зеро танзими муносибатҳои мардумӣ, асосан, ба воситаи қонун ба ҷо оварда мешавад ва он бевосита ба инсон, ҳуқуқу озодӣ ва уҳдадориҳои ӯ, сохтор ва кори ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ пайвастагии зич дорад. Яке аз нишонаҳои асосии бартарии кишварҳои демократӣ аз дигар давлатҳо, масалан, исломӣ дар ҳамин аст. Аз ин рӯ, кишварҳои демократӣ ё мардумиро бе қонунҳои дархӯри суди ҷомеа ва посухгӯ ба талаботи ҷаҳони имрӯзу оянда тасаввур кардан номумкин аст ва ин таъкид борҳо аз сӯи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо додааст. 
Бо назардошти чунин эътибори қонун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар Паёму машваратҳои кории худ дар бораи қонуну иҷрои он ибрози андеша мекунанд ва ба сохторҳои давлатӣ, ҳуқуқшиносону қонундонони шинохта дастуру супоришҳо медиҳанд, ки дар таҳияи қонунҳо ҳамеша риояи адолати иҷтимоӣ ва ҳимояи ҳуқуқи инсонро дар мадди аввал гузоранд. Дар Паёми навбатӣ, ки 21 декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гашт, ин нукта махсус таъкид гардид. Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр намуданд: “Бо пешрафти ҷомеа муносибатҳои ҷамъиятӣ пайваста тағйир ёфта, дар ин замина, ба муносибатҳои нав мутобиқ гардондани қонунҳо шарти асосии таъмин намудани рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар мебошад. 
Баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо, такмили механизми иҷрои онҳо, ба талаботи ҷомеа ва шаҳрвандон ҷавобгӯ будани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда, дар навбати худ, ҳамкории доимӣ ва ҳамаҷонибаи шохаҳои ҳокимияти давлатиро тақозо менамояд. Бо ин мақсад, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва дигар мақомоти ҳуқуқэҷодкунандаро зарур аст, ки таҳлили мунтазами қонунгузорӣ, аз ҷумла мониторинги амалишавии санадҳои қонунгузориро  гузаронда,  сатҳи  мутобиқати қонунгузории мамлакатро ба ҳадафҳои сиёсии пешбинигардида муайян намоянд ва оид ба такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии раванди татбиқи ҳуқуқ чораҳои судманд андешанд”. 
Аз ин рӯ, қонунҳои мо бояд бо назардошти дастуру раҳнамоиҳои Пешвои муаззам таҳия гардида, ба зиндагии мардум созгор бошанд. Ва чунин ҳам ҳаст. Зеро Сарвари давлати Тоҷикистон муайянкунандаи сиёсати дохиливу хориҷии кишваранд. Дар баробари ин, чунин раванд бояд пайваста дар инкишоф бошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд ва дар ин самт баҳри пешрафти кишвар пешгоманд.
Тазаккур бояд дод, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ҷумҳуриҳои ин ниҳод соҳибихтиёр шуданд ва озодии сиёсӣ ба даст оварданд. Тоҷикистон низ 9 сентябри соли 1991 худро мустақил эълон намуд ва барои созгор кардани қонунҳои хеш ба санадҳои пазируфтаи ҷаҳонӣ, чун озодандешӣ, иқтисоди бозаргонӣ, интихобӣ будани Сарвари давлат ва монанд ба инҳо гомҳои жарфу густурда ниҳод.
Мутаассифона, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҷараёни  раванди демократиро халалдор сохт ва давлат натавонист дигар вақту неруи худро сарфи ин кор бикунад, зеро ниҳодҳои ҳукуматӣ фалаҷ ва мардум дар ҳоли паҳну парешонӣ буданд.  
Пас аз Сарвари давлат интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби Хуҷанд ва барқарор гаштани ҳукумати конститутсионӣ раванди қонунгузорӣ аз нав неру гирифт. Дар ин росто бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шумори донишварону коршиносони соҳаҳои гуногун, бавижа ҳуқуқшиносон гурӯҳи корӣ созмон дода шуд ва ин гурӯҳ бо назардошти дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззам, бахусус андешаҳояшон дар бораи бунёди давлати соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию ягона ба таҳияи тарҳи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз кард.
Пас  аз баррасиҳо ва омӯхтани дархосту андешаҳои мардум Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд.
Мардуми кишвар Конститутсияро ҳамчун як санади сарнавиштсоз ба хубиву хушӣ пазируфт ва он боис гардид, ки мо дар асоси ченакҳои конститутсионӣ ба таҳияву қабули қонуну санадҳои зерқонунии дархӯри ҷомеаи навин оғоз бахшем. Зеро ҳолати рӯзгор оҳиста-оҳиста рӯ ба оромиву беҳбудӣ ниҳод ва барои таҳияи қонунҳои судманд баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар соли 1997 фазои созгор рӯйи кор омад.
Нахустин фармону амрҳои Президенти муҳтарам соли 1995 дар бораи созмон додани нуҳ гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи қонунҳо ба имзо расид ва ман низ ҳамчун прокурори дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ ба гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи қонунҳо шомил будам. 
То имрӯз наздик ба панҷсад қонуни пурра ва беш аз ҳазор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои ҷорӣ дар мувофиқат ба талаботи Конститутсия ва санадҳои умумибашарии эътирофнамудаи Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзои Маҷлиси миллӣ таҳия, қабул, ҷонибдорӣ шуданд ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расиданд.
Ин қонунҳо тавонистанд раванди зиндагии мардуми Тоҷикистон, сохтору кори ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ҳамчунин, муносибатҳои Тоҷикистонро бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои ҷаҳонӣ танзим намоянд. Ҳуқуқи инсон ва манфиати давлату ҷомеаро ҳифз кунанд. Албатта, ҷамъият ва ҷаҳон дар пешрафту дигаргун шудананд ва вобаста ба ин, тағйир ёфтани санадҳои ҳуқуқӣ низ табиист.
Дар раванди таҳия ва қабули қонунҳо мушовирони бахши ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, бахусус Вазорати адлия корҳои шоиста ба ҷо оварданд ва, хушбахтона, ҳамоно ҷиҳати рушди қонунгузорӣ кӯшишҳои судманд доранд. 
Қонун танзимгари муносиботи дохиливу хориҷии Ҳукумати кишвар аст. Нозукиҳои бисёр дорад. Ҳастиву зиндагии давлату ҷомеа ба он вобаста аст. Бо назардошти ин хусусиятҳои худ қонунгузорӣ муносибати бисёр ҷиддӣ, бавижа донишу таҷрибаи жарфу густурдаро мехоҳад. Дар ин роҳ корҳои сарсариву рӯякӣ самар намедиҳанд. Кӯшишҳои бунёдӣ мехоҳанд. 
Қонунҳои мо аз нигоҳи соҳаҳои худ дар Маҷлиси намояндагон ҷудо-ҷудо таҳияву қабул ва дар Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ шуда, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо мерасанд. Аз ин рӯ, осон хонда мешаванд ва истифодаашон ҳам мураккаб нест. 
Дигар паҳлуи қонунгузорӣ, ин забони қонун аст. Забони қонун одӣ ва содаю ҳамадон бошад. Онро ҳам шаҳрӣ ва ҳам деҳотӣ дуруст ва бе душворӣ хонаду донад. Барои донистани мазмуни қонун тарҷумону муфассир наҷӯяд. Дар қонунҳо “ӯтоқу чатоқ, кӯмак” барин калимаҳои ғайритоҷикӣ истифода нашаванд. Дар қонунгузорӣ низ мо бояд коре кунем, ки забони Рӯдакиву Айниро нигоҳ дорем.
Қонунҳоро бояд чунон таҳия кард, ки ба ҳифзу ҳимояи инсон, рушди давлату давлатдорӣ, пешрафти маориф, илму фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кори ниҳодҳои ҳукумативу шаҳрвандӣ, бунёди корхонаҳо, судманд бошанд. 
 
С. ШОНАЗАРОВ, ҳуқуқшинос, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.01.2022    №: 17    Мутолиа карданд: 1006
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед