logo

иҷтимоиёт

НАВОРИ ХОТИРОТ. АЗ НАВБАТИ НОН ТО ЗИНДАГИИ ДУРАХШОН

Рӯйи ҳавлии Маҷмааи табъу нашри «Шарқи озод» чашмам ба мототсикле афтод, ки ба кадом мизоҷ ғизои фармоишӣ дастрас мекард. Бале, ҳоло бисёр нафарон, чи дар хона ва чи дар коргоҳ, бо як занги телефон метавонанд, дилхоҳ таомро фармоянд ва онро осон дастрас намоянд, ки бисёр фараҳбахш аст. Аммо, дидани ҳамин манзара, ки он ҳам нав нест ва, аллакай, ба як кори маъмулӣ табдил шудааст, навори хотиротам солҳои донишҷӯйиро дигарбора пеши назар овард. 
Вазъият ба шоҳидони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ маълум: бесарусомонӣ, маҳалгароӣ, авбошиву роҳзанӣ, гуруснагӣ ва дигар мушкилоти зиндагисӯз. Дар пойтахти мамлакат аз сари субҳ мардум пушти дари мағозаҳо дар навбати нон меистоданд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳанӯз кормандони мағозаҳо дари дукони худро боз накардаву аз мошини нон дараке набуд. Сафи одамони дарнавбатбуда дарозу тулонӣ мешуд. Мутаассифона, гоҳо ба мағозаҳои нонфурӯшӣ нон намеомад ва агар меомад ҳам, на ба ҳама мерасид. Болои ин кулфат, мардум зери зулми силоҳбадастон буданд. Ин тоифа, ки мисли дигарон дар навбат набуданд, бо зӯри яроқ нон мегирифтанд ва аз ҳаққи мардум мезаданд. Аҳволи мардуми одӣ, бесаробондошта ва барҷомонда ниҳоят ташвишовар буд. Агар нон меёфтанд, пул надоштанд ва ё баръакс. Ман ҳам чанд давра чун дигар донишҷӯён ин мушкилро доштам.
Боре чун ҳарвақта дар навбати дастрас намудани нон будам. Баъзеҳо барои он ки зудтар соҳиби нон шаванду эҳтиёҷоти хонаводаашонро бароварда гардонанд, аз қатор баромада, тартиботро вайрон мекарданд, зеро эҳтимоли тамом шудани нон вуҷуд дошт. Кормандони қудратӣ барои ба танзим даровардани вазъ маҷбур мешуданд, ки фишангҳои дар ихтиёрдоштаро истифода кунанд. Ҳеҷ аз ёдам намеравад, ки боре ҳангоми нав-батпоии нон талотум шуд. Касоне, ки зимни кашмакашҳо «гурусна ба шер мезанад» гуфта  аз қатор берун шуданд, зери зарбу лати кормандони милитсия қарор гирифтанд. Садои оҳу нолаи занҳову мардони барҷомонда аз шиддати дард баланд гардид ва мани нимгурусна низ як зарбаи сахт хӯрдам. Зарба ба оринҷи  дасти  чапам  бархӯрд  ва  хаёлам   дастам канда шуд. Аз шиддати дард гуруснагӣ барои чанд муддат маро ба ҳоли худ гузошт… 
Аҳвол дар баъзе ноҳияҳо аз ин бад буду беҳ не. Набудани нон мардумро водор мекард, ки орди ҷав, ҷуворимакка, дигар рустаниҳо, ҳатто сабӯсу тухмии ҷорӯбро истеъмол намоянд, ки ин боиси авҷ гирифтани бемориҳои гуногун мегардид ва пайомадҳои фоҷиабор ҳам дошт. 
Мақсад аз ёдоварии як лаҳзаи кӯчак бале, кӯчак, зеро ҳодисаҳои аз ин ҳам нангин ба мисли қатлу куштори бераҳмона, ғорат, одамрабоӣ ва монанди инҳо бисёр буданд, гӯшзад намудани насли наврас ба воқеаҳои он замон мебошад, то онҳо дарк намоянд, ки мардуми тоҷик чи давраи вазнину бесарусомониро аз сар гузаронда, ба ин осудагию оромӣ ва серию пурӣ расидааст. Насли имрӯза набояд ба фиребу суханони муғризонаи душманони миллат, ки тариқи сомонаҳои интернетӣ аз дур истода ба сӯи миллати хеш санг меандозанд, фирефта шаванд. Балки аз худ масъулият нишон дода, баҳри ободии Ватан, ягонагии миллат, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва сулҳу суботи сартосарӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд. 
Дар замони дигаргуншавии ҷаҳони муосир зирак будан ва аз неруи ақлонӣ истифода бурдан тақозои замон аст, зеро ҳаводиси дар Ҷумҳурии Қазоқистон баамаломада, бори дигар ҳушдор медиҳанд, ки қувваҳои манфиатҷӯ ва ифротӣ ҳар лаҳзаро ғанимат шумурда, бо ҳар баҳона мехоҳанд амалҳои нопокашонро ҷиҳати муташанниҷ сохтани вазъ роҳандозӣ намоянд. Мардуми шарифи Тоҷикистон, ки бори сангину нангини ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бар дӯши худ бардоштаву аз пайомадҳои нохушаш ком талх кардааст, бояд ба қадри сулҳу оромие, ки бар ивази ҷони ҳазорҳо навҷавон ба даст омадааст, бирасад. Моро зарур аст, то ба тақдири ояндаи миллату давлатамон бетафовут набошем. Чуноне Муҳаммад Иқбол фармуда:
Худо он миллатеро сарварӣ дод, 
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад, 
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.
Дар ҳама давру замон бадхоҳон буданду ҳастанд, вале фаромӯш набояд кард, ки бори каҷ ҳеҷ вақт ба манзил намерасад. Имрӯзҳо моро месазад, ашхосеро, ки нисбат ба давлату миллат бадгӯйи мекунанд, барои халалдор кардани иттиҳоду ҳамбастагӣ, осеб расондан ба якпорчагии Тоҷикистон қалам тез кардаанд, бишносем. Агар онҳо дӯсту муниси мардуми Тоҷикистон мебуданд, паҳлуи ҳам истода, Ватани замоне валангоршударо обод мекарданд. Вале нияти он ватанфурӯшон бар ивази чанд пули ночиз муташанниҷ сохтани вазъи Тоҷикистони азизамон мебошад. Ин бешарафон барои расидан ба аҳдофи муғризонаву нопоки худ аз ҳеҷ амале рӯй наметобанд. Ба қавли  Бедил:
Агар душман ба по афтад, 
Ба таъзимаш машав мағрур.
Ки хам – хам рафтани сайёд,
Баҳри қатли мурғон аст.
 
Имрӯз бояд шукронаи Парвардигорро ба ҷо овард, ки ба мо Пешвои оқилу доно муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ато кард ва аз файзи хиради ин сиёсатмадори тавонову фарзонафарзанди миллат дар Тоҷикистони соҳибистиқлол осудагию амонӣ фаро расиду тамоми мағозаҳо пур аз нону дигар маҳсулот гаштанд. Аз хона, ҷойи кор ва ҳар куҷое бошад, ғизои дилхоҳро фармуда, дастрас менамоянд. Ба қавле миллати тоҷики замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар орзуи бурдаи нонбуда, шоҳиди фаровонии он гардидааст, ки ба ин бояд шукрона кард, вагарна куфрони неъмат пайомадҳои нохуш ба бор меорад. Дар баробари шукргузор будан, саҳмгузор низ бояд буд. Деҳқон бо меҳнати пурфайзу рехтани арақи ҷабин, муаллим тавассути тарбия ва омӯзиши насли наврас, шоиру нависанда бо ҳидоятҳои ватанпарастӣ, руҳониёни саршинос ба таблиғи инсофу имондорӣ, судяҳо бо баровардани ҳукмҳои одилона ва дигар қишри ҷомеа бо меҳнати содиқона метавонанд, саҳми босазои худро ҷиҳати ягонагӣ ва пешрафти кишвари маҳбубамон гузоранд. Агар ҳар фарди  тоҷикистонӣ  вазифаҳои  барзиммаашбударо  холисона  иҷро намояду  дасти ҳам гирифта, мададгори якдигар бошад, ҳеҷ қувваи бадхоҳе наметавонад ниятҳои нопокашро ҷиҳати тафриқа андохтан миёни мардум роҳандозӣ намояд. 
Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик ҳеҷ вақт барои забти сарзамини дигаре накӯшидааст ва, дар баробари ин, аз Ватану халқи хеш бар ивази ҷони худ пуштибонӣ намудааст. Мо идомадиҳандагони кори ҳамон аҷдодони соҳибноме мебошем, ки намегузорем ҳеҷ душмане теша ба решаи ҳастиамон занад, то осмони софи Тоҷикистонро ғуборолуду садои нолаи тифлону модаронро дигарбора баланд намояд ва боз дар навбати нон бошем!...  
 
Сайфулло АШУРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.01.2022    №: 17    Мутолиа карданд: 630
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед