logo

иқтисод

САДА ТАҶАССУМИ СУННАТҲОИ НИЁГОН

Эҳёи ҷашнҳои бостонии миллати куҳанбунёд навидест, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад. Рӯйоварӣ ба гузаштаи пурғановати ниёгон ва сабақбардорӣ аз дурдонаҳои бебаҳои фарҳангии гузаштагонамон амали хайрест барои ояндаи дурахшон. Аз он шукр мегузорем, ки имрӯз ба шарофати ҳидоятҳои Пешвои миллат ҷашнҳои мардумии аҷдодӣ аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада ва ғайраҳо басо пуршукӯҳу хотирмон таҷлил мегарданд, ки бешубҳа боиси боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии аҳли диёр, хоса  насли наврас, мешавад.
Пешвои муаззами миллат иброз доштанд: «Миллати тоҷик соҳиби оину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату оинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тули таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардааст». 
Ҷашни Сада дар радифи пуршукӯҳтарин идҳои аҷдодонамон қарор дошта, оид ба таърих ва пайдоиши он мутафаккирони ниёгонамон дар мероси гаронбаҳои худ, аз ҷумла Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», Манучеҳрии Домғонӣ дар ашъораш, Абурайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия», маълумоти арзишманд додаанд.
Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, Ҷашни Сада ба 30 январи солшумории милодӣ рост меояд, ки исботи чунин фикр навиштаҳои Манучеҳрии Домғонӣ мебошад: «Ҷашни Сада дар даҳаи Баҳманмоҳ, яъне 50 шабу 50 рӯз то оғози Ҷашни Наврӯз баргузор мегардад.
Дар аксари сарчашмаҳои таърихию адабӣ омадааст, ки ҷашни Сада бештар ба рақами сад рабт дорад. Бо назардошти ин, ҳангоми баргузории он миёни мардум ашъоре хонда мешуд: “Сада, Сада сад ба ғалла, панҷоҳ ба Наврӯз”. Воқеан, ин дуруст аст, ки аз ибтидои Ҷашни Сада то пухта расидани ғалла дар баъзе аз водиҳои Тоҷикистон 100 рӯз мегузарад.
Ҷашни Сада, ба монанди Наврӯз, таҷассумгари суннатҳои аҷдодӣ аст, ки инкишофи тамаддуни башарӣ, дар давраҳои гуногуни таърихӣ аз он баҳраҳо бурдааст. Қатъи назар  аз гирудорҳои сиёсию мазҳабӣ Ҷашни Сада тавонист аз гузаштаҳои дур то имрӯз эътибору манзалати иҷтимоии хешро ҳифз намояд. 
Иди Сада ин ҷамъбасти фаъолияти яксолаи кишоварзон, таҳлили бурду бохти соҳа, тарҳрезии нақшаҳо дар соли нав, сарфароз гардондани пешқадамон ва омодагии соҳа ба киштукори баҳорӣ мебошад. Дар ин давра кишоварзон дар соҳаи рустанипарварӣ ҳамаи захираҳои тухмиро аз назар гузаронда, техника ва мошинолоти кишоварзиро омода менамоянд, заминҳоро бо нуриҳо таъмин намуда, шудгор мекунанд, заҳбуру заҳкаш ва ҷӯйборҳоро тоза менамоянд, боғу токзорҳоро ба тартиб дароварда, атрофи дарахтонро нарм менамоянд. Барои пешгирӣ аз касалию зараррасонҳо чораҳои муҳофизатӣ доир намуда, обёрии захиравӣ ва яхобмонӣ мегузаронанд.
 
АСОЗОДА Н.М., президенти АИКТ,
УРОҚОВ Ё.П., ходими АИКТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.01.2022    №: 17    Мутолиа карданд: 1053
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед